
Ҳисорӣ Ҷӯраев – доктори илмҳои химия ва фарзанди овозхони шуҳратёри тоҷик Акашариф Ҷӯраев аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора бо нашри як номаи таслият раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе хабар додааст. Сабаби марги Ҳисорӣ Ҷӯраев гуфта нашудааст.
Ҳисорӣ Ҷӯраев дар Пажӯҳишгоҳи ғизо ва ҳамчунин ба ҳайси мушовир дар Пажӯҳишгоҳи дорусозии вазорати тандурустӣ кор мекард. Марҳум дар баробари фаъолиятҳои илмӣ овозхонӣ низ мекард ва асосан дар равиши сабки падараш суруд мехонд.
Моҳи марти соли равон Ибод Шарифӣ, набераи Акашариф Ҷӯраев ва падари теннисбози шинохтаи тоҷик Дилшод Шарифӣ низ даргузашта буд.
Акашариф Ҷӯраев яке аз машҳуртарин овозхонҳои тоҷики асри 20 ба шумор меравад. Филармония давлатии Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шудааст.
Раёсати Фарҳанги Шаҳри Душанбе
Аҳли Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе аз даргузашти фарзанди Ҳофизи халқии Тоҷикистон , зиндаёд Акашариф Ҷӯраев, Ҳисорӣ Ҷӯраев сахт андуҳгин гашта, ба наздикон, хешутабор ва мухлисонаш ҳамдардии худро изҳор менамоянд. Равонашон шоду хонаи охираташон обод бошад.
Нусхаи зиндаи падари Бузургвор буданд акаи Ҳисорӣ.Дар ТВ чандин хотироту ёддоштҳояшон дар бораи падарро гӯш карда будам ва дар батни ин ёддоштҳо бузургӣ ва шаҳомати хунёгари нотакрори қарни 20 ба сароҳат эҳсос мегардид.Як қиссаашон ин буд,ки АкаШариф ҳеч вақт танҳо обеду шомашонро намехӯрдаанд ва ҳатман нафаре,дӯсте,ҳамсояеро сари суфраашон даъват мекардаанд.Боре нисфирӯзӣ бонуи муҳтарами хона палав мепазанд ва рӯи кати ҳавлӣ пеши АкаШариф ва фарзандон мегузоранд лаганро.Устод лаҳзае фикр карда ва мегӯяд, ки чаро касе нест,ки бо мо палав хурем .Модари хона мегӯяд,ки охир ,фарзандон дар гирдатон ку?.АкаШариф мегӯяд,ки шумо аҳли хона ҳастед ва ман меҳмонро дар назар дорам.Сипас ба Ҳисорӣ назар карда мегӯяд: Зуд рафта ҳамсояро гӯй , ки биёяд то ош хунук нашавад..