ВидеоИқтисодТоҷикистон

Ташаккур, Бег Сабурич! Музаффар Имомдод сардори Хадамоти алоқаро дар як сохтмон ёфт ва ваъдаи ҳалли як мушкилро гирифт (АКС)

Музаффар Имомдод, як фаъоли зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки рӯзи 18 декабр тавонист бо сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур мулоқот кунад. Дар аксе, ки Музаффар Имомдод дар Фейсбук нашр кард, Бег Сабур дар сар телпаки навъи «ушанка» ва дар маҳалли як сохтмон дида мешавад. Оилаи Бег Сабур як ширкати бузурги сохтмониро низ мечархонад ва дар Душанбеву Кӯлоб иншооти зиёди сохтмонӣ дорад.

Музаффар Имомдод навишт, баъди онки ширкатҳои алоқаи мобил ба доди сокинони дурдасти Равмед нарасиданд, ӯ маҷбур шуд мустақиман ба сардори Хадамоти алоқа муроҷиат кунад, то сокинони ин деҳаи дурдуст дар дараи Бартанги Бадахшон ба алоқаи мобил дастрасӣ пайдо кунанд.

Сокинони Равмед дар аввали моҳи ноябр дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз ширкатҳои мобилии фаъол дар Тоҷикистон хоста буданд, ки дар деҳаи онҳо низ ягон мавҷгир (антенна) насб кунанд, чунки дар фасли сармо иртибот бо ин деҳа барои муддати тӯлонӣ қатъ мешавад ва онҳо бидуни алоқа бо дунёи беруна ба як аҳволи сахт дучор мешаванд.

Музаффар Имомдод хабар дод, ки Бег Сабур ваъда додааст, ки мушкили сокинони Равмедро ҳал мекунад. «Ӯ ваъда дод, ки алоқаи барои сокинони ин русто то баҳор дастрас мешавад. Ташаккури зиёди инсонӣ, муҳтарам Бег Сабурич!!!» –  навиштааст Музаффар Имомдод дар Фейсбук.

Muzaffar Imomdod

После того, как никто из сотрудников мобильной компании не обратили внимания на видеообращение жителей Равмеда, мне пришлось на прямую обращаться к самому главному связисту страны, уважаемому Бегу Сабуричу!

Чтобы сделать мобильную связь доступным для жителей отдаленного кишлака Равмеда, мне пришлось встретиться с министром связи Таджикистана, уважаемым Бег Сабуром.

Он обещал, что к весне связь будет доступным для жителей данного кишлака.

Огромное человеческое спасибо Вам, уважаемый Бег Сабурич!!!

Muzaffar Imomdod

Муроҷиатномаи раиси ташкилоти қишлоқи Равмед ба роҳбарони ширкатҳои мобилӣ.

Бахусус ба Озодшо Давлатшоев.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button