Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар аввали моҳи декабр Ҷамшед Зиёев, раҳбари собиқи «Тоҷпромбонк»-ро ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кард. Хабаргузории «Азия Плюс» аз қавли яке аз хешовандони Зиёев хабар дод, ки додгоҳ бонкдори маъруфро дар исрофкорӣ, қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва сӯиистифода аз ваколат гунаҳкор шинохтааст. Бонки миллӣ иҷозатномаи «Тоҷпромбонк»-ро моҳи феврали соли 2018 пас гирифт ва Ҷамшед Зиёев 24 апрели ҳамон сол боздошт шуд. Ба ҳисоби мақомот, «Тоҷпромбонк» 550 миллион сомонӣ қарздор аст, вале ҳаҷми дороиҳояш 450 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҷамшед Зиёев соли 2019 100 миллион фарқи байни дороӣ ва қарзҳои бонкро баргардонд, вале маълум нест, ки оё пули муштариёни «Тоҷпромбонк»-ро баргардонданд ё ҳанӯз на?
Собиқ раиси “Тоҷпромбонк” ба 8,5 соли зиндон маҳкум шуд
Муаллиф: Аваз Юлдошев, Asia–Plus
Ҷамшед Зиёев дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқаи 4 моддаи Кодекси ҷиноятӣ айбдор дониста шуд.
Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба собиқ раиси “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёевро баррасӣ намуда, ӯро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре ба “Азия-Плюс” яке аз хешовандони маҳкумшуда бидуни ифшои ному насаб хабар дод, парвандаи Ҷамшед Зиёев аз рӯи чор моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 247 (Қаллобӣ), 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) ва 295 (Суиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) мавриди тафтиш қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳукми суд аввали моҳи декабр эълон шуда, лекин мақомоти судӣ дар ин бора хабар намедиҳанд. Дар суди ноҳияи Сино, ки мурофиаҳо ҳамон ҷо баргузор шуданд, посух ба саволҳои хабарнигори “Азия-Плюс”-ро дар ин маврид рад карданд.
Ёдрас мекунем, ки Ҷамшед Зиёев 24 апрели соли 2018 боздошт ва 16 май ба таваққуфгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) гузаронида шуд. Қаблан манбаъҳои “Азия-Плюс” зикр карда буданд, ки замони роҳбарӣ ба «Тоҷпромбонк» Зиёев воситаҳои ҷалбшудаи амонатгузоронро ба равнақи тиҷорати худаш равона мекардааст. Инро гӯё бо роҳи ба номи хешовандону наздиконаш ба расмият даровардани қарзҳо амалӣ мекардааст.
Иҷозатномаи “Тоҷпромбонк” барои анҷоми фаъолияти бонкӣ охири моҳи феврали соли 2018 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд шуд. Сабаби он аз уҳдаи иҷрои хизматрасонӣ ба мизоҷон набаромадани бонк унвон шуд.
Моҳи марти соли 2018 бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҷараёни маҷбуран барҳамдиҳии бонк шурӯъ шуд. Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ ва ҳаҷми умумии уҳдадориҳои он наздики 550 млн. сомонӣ арзёбӣ шуд.
Ҷамшед Зиёев ҳанӯз соли 2019 100 млн сомонӣ (ҳудуди 10 млн доллар)-ро бо амвол баргардонид. Ин пул бояд барои пардохти қарзҳо ба амонатгузорон равона мегардид. Лекин то имрӯз чӣ қадар маблағ баргардонида шудааст, маълум нест.