Пешниҳоди ҷорӣ кардани фанни “Имон” дар мактабҳои Қирғизистон
Номзад ба президентии Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) эълон кард, ки мехоҳад дар мактабҳои ин кишван фанни алоҳидае дар бораи дин ҷорӣ кунад.
Содир Ҷабборов, ки дар Ҷалолобод дар як гирдиҳамоии пешазинтихоботӣ суханронӣ мекард, гуфт:
«Дар мактабҳо бояд дарси имон ҷорӣ карда шавад. Мо бо чунин роҳ як мушкили имрӯзаро аз решааш меканем. Шумо худатон мебинед, ки мардум имрӯз ба мазҳаву равияҳои гуногун рӯ меоранд: Ҳизбут-Таҳрир, баптизм, буддизм ва равияҳои дигар. Кӯдаконро баъди синфи 11 ба осонӣ ба Сурия ҷалб мекунанд, чунки бисёраш саводи динӣ надорад.»
Содир Ҷабборов гуфт, масъалаи ҷорӣ кардани дарси имон дар мактабҳоро бо муфтиёт ва вазорати маориф машварат хоҳад кард.
«Ҳоло хатмкардагони мактабҳои олии мазҳабӣ хеле зиёданд, ки ҷои кор надоранд. Қариб 1000 нафаранд. Онҳо метавонанд ба кӯдакон масоили динро аз равияи муфтиёти мо дарс бидиҳанд. Фикр мекунам, дар 10-15 сол ин чиз ҷобаҷо мешавад. Ин феълан танҳо дар нақшаи мост», — гуфтааст Содир Ҷабборов.
Қирғизистон тибқи Қонуни асосии кунуниаш давлати дунявӣ эълон шудааст. Вале ҳоло муҳокимаи тарҳи нави Қонуни асосии Қирғизистон идома дорад. Чанде пеш адвокат Оқин Тоқталиев пешниҳод кард, ки вожаи «дунявӣ»-ро аз Қонуни асосӣ бардоранд. Муовини муфтии Қирғизистон Қодир Маликов пешниҳод кард, ки мафҳуми «дунявият» бозбинӣ шуда, дар он ҳуқуқи диндорон илова карда шавад ва дар Қонуни асосии Қирғизистон ҳамчунин исми «Парвардигор» низ зикр шавад, – хабар медиҳад сомонаи маҳаллии «Клооп».
Содир Ҷабборов яке аз номзадҳои асосӣ ба президентии Қирғизистон дар интихоботи рӯзи 10 январ ба шумор меравад. Дар умум 18 номзад барои курсии президенти ин кишвари Осиёи Марказӣ вориди мубориза шудаанд.
Содир Ҷабборов, ки 52 сол дорад, шаби 5 октябри соли ҷорӣ, дар ҷараёни эътирозҳои оммавӣ аз зиндон озод карда шуд. Баъди чанд рӯзи раҳоияш аз маҳбас Ҷабборов сарвазири Қирғизистон интихоб шуд, вале ба хотири ширкат дар интихоботи президентӣ муваққатан аз роҳбарии ҳукумат канор рафт.