Хабарҳои кӯтоҳ

Корд задани ҳамсари собиқ дар Конибодом ва фирори ронанда дар Душанбе

Як сокини 32-солаи ҷамоати Ортиқови Конибодом субҳи 17 декабр, соати 08:30 ҳамсари собиқи 32-солаашро дар хонааш дар ҷамоати Пӯлотон корд задааст.

Шаби 17 декабр, соати 00:30 як ронанда дар чорроҳаи Н.Қаробоев –Мушфиқӣ дар Душанбе як пиёдагарди 35-соларо пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Бо гумони даст доштан дар ин садама ронандаи 32-солаи “Опел-Астра” дастгир шуд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 18 декабри  маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо корд захмӣ намудани ҳамсари собиқ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ортиқови шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 17-уми декабри соли 2020, тахминан соати 08:30-дақиқа, ҳангоми дар хонаи собиқ ҳамсараш, зани 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри мазкур қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шиками ӯ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Фирори ронанда аз ҷойи ҳодиса

Рӯзи 17-уми декабри соли 2020, тахминан соати 00:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи номаълум ҳангоми ҳаракат кардан аз самти кӯчаи С.Шерозии пойтахт ба самти кӯчаи Шестопалов, дар чорроҳаи кӯчаи Н.Қаробоев-Мушфиқӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Умаров Зафар Амиралиевич, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Душанберо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, Умаров З.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Муҳаббатзода Айниддин Шумхор, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани дуздии маҳсулоти хӯрокворӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 56-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 12 ба 13-уми декабри соли 2020, тахминан соати 00:50-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хӯроквориаш, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт даромада, аз он ҷо маҳсулоти хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 12 ҳазору 239 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button