Хабарҳои кӯтоҳ

Ҷустуҷӯи то ҳол бенатиҷаи як сокини Варзоб

КҲФ Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшони ин ниҳод то ҳол натавонистаанд ҷасади як сокини 36-солаи ноҳияи Варзобро пайдо кунанд. Падари ин мард гуфтааст, ки писараш дар канали деревиатсионии Варзоб ғарқ шудааст. Аммо КҲФ гуфт, наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе корҳои кофтуковиро аз километри 8-ум  то назди НБО Варзоб аз соати 10:00  то 13:01 идома доданд, аммо ҷасад пайдо нашуд. “Гумон меравад, писари ин марди варзобӣ шояд ба иллатҳои дигар бедарак шуда бошад», – мегӯяд КҲФ.  

Ҷасади писари як марди варзобӣ, ки мегуфт дар канали Душанбе ғарқ шудааст, пайдо нашуд

КҲФ Тоҷикистон

Як сокини ноҳияи Варзоб мегӯяд писари 36-солаи вай дар канали деревиатсионии Варзоб ғарқ шудааст, вале ҷустуҷҳои хонаводагӣ натиҷа ба бор наоварданд. Ин сокини ноҳияи Варзоб барои ёрӣ ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат кардааст.

Баъди дарёфти номаи имдод дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тҷикистон дар шаҳри Душанбе  барои анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ ба канали деревиатсиони Варзоб воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сафарбар гардиданд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе корҳои кофтуковиро аз километри 8-ум  то назди НБО Варзоб аз соати 10:00  то 13:01 идома доданд, аммо ҷасад пайдо нашуд. 

Гумон меравад писари ин марди варзобӣ шояд ба иллатҳои дигар бедарак шуда бошад.  

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button