Муҳоҷирон

ДИҚҚАТ! ҶАВОНИ ТОҶИК ГУМ ШУДААСТ: ДАР ПЕТЕРБУРГ 4 МОҲ БОЗ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН РАФАЭЛ ТОЛИБОВРО МЕҶӮЯНД

Мақомоти интизомии шаҳри Санкт-Петербурги Русия баъди 4 моҳи ҷустуҷӯи то ҳол бенатиҷаи ҷавони 27-солаи зодаи Тоҷикистон Рафаэл Толибов парвандаи ғайб задани ӯро ба куштор иваз кардаанд. Вале наздикони Рафаэл ҳамчунон умедворанд, ки ӯ зинда аст.

Ба гуфтаи пулис, Рафаэл Толибов шоми 19 августи соли 2020, тахминан соати 19:00, дар назди бинои №43 хиёбони Просвешение (маҳалли сохтмони бинои истиқоматии «Лондон-парк») ба як мошини ношинос, ки дар дарунаш ду нафари дигар низ буданд, нишастааст. Ин мошин ба самти номаълум рафтааст ва то ҳол аз сарнавишти Рафаэл дараке нест.

Аломатҳои Рафаэл Толибов: 27-сола, симояш осиёӣ, қадаш 175 см, чеҳрааш сафедранги секунҷа, бинияш рости теғадор, муӯи сараш сиёҳ, чашми росташ каме олус аст, садояш паст, андозаи пояш 44.

Пулиси Петербург аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи куҷо будани Рафаэл Толибов маълумоте доранд, хоҳиш мекунад, ки ба ин рақамҳо занг бизананд:

8 (952)-262-78-65,

8 (952)-234-53-30 ваё

02.

Манбаъ: https://megapolisonline.ru/v-peterburge-razyskivayut-propavshego-v-avguste-urozhentsa-tadzhikistana/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button