Ҷомеа

ВАРЗИШГАРИ 90-СОЛА БОБОИ САФАРАЛӢ (ВИДЕО)

Шабакаи телевизионии “Варзиш”  дар бораи сокини 90-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ Сафаралӣ Палвонов гузориши ширину диданиеро таҳия кардааст. Дар гузориш гуфта мешавад, ки бобои Сафаралӣ бо вуҷуди ба 90 расидани синнаш, мисли ҷавонон машқи бадан ва варзиш мекунад. Хабарнигори ТВ “Варзиш” Парвизи Хуршед Бобои Сафаралиро дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар пайдо кард. Бобои Сафаралӣ, ки ба Бохтар барои аёдати писару набераҳояш омадааст, аз фурсат истифода бурда, ҳар рӯз барои обу тоби бадан ба варзишгоҳ мерафтааст.

Бобои Сафаралӣ мегӯяд, ҳар субҳ баробари аз хоб хестан 100 маротиба “отжимание” мекунад ва 15 маротиба турник мекашад.

“Саломатиам 100 фоиз аст. То куҷое, ки бигӯед, медавам, мепарам. Касе мехоҳад, ки мисли ман дар синни пирӣ тану бозуи ҷавон дошта бошад, ба варзиш машғул шавад!” – мегӯяд бобои Сафаралӣ.

Rahmonali Miralizoda Sheraliev

ВАРЗИШГАРИ 90-СОЛА

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button