Даргузашти Нурулло Гулов – ронандаи Садриддин ва дигар ситораҳои тоҷик

Нурулло Гулов, ки солҳои тӯлонӣ ронандаи гуруҳҳои ҳунарии овозхонҳои шинохтае, чун Садриддини Наҷмиддин, Маликаи Саид, Фурқат Саидзода ва дигар ситораҳои тоҷик буд, шоми 16 декабр дар бемористони “Шаҳраки тиббӣ” (“Медгородок”)-и шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Иллати марги Нурулло Гулов, ки ҳунармандони тоҷик ҳама ӯро бо эҳтиром “акаи Нурулло” ном мебурданд, эълон нашудааст.
Садриддини Наҷмиддин дар сӯгворае дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: “Акаи Нурулло. Аллоҳ раҳмат кунад! Бовариам намеояд. Чӣ як соли шумммм! Ҳама бародарони ҷониямро бурдӣӣӣӣ!!!”
Фурқат Саидзода низ навишт: “Нуруллои заминиву самимӣ дилрешам сохтӣ. Чӣ кунем, ки некон зуд моро тарк мекунанд. Бармаҳал рафтӣ, додари фарҳангиам. Чӣ орзуҳоеро бо худ ба домони хок мебарӣ….Ёдат гиромӣ бод, дӯсти ормонӣ!”
Яке аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии «Бомдод» қисса кард, ки «Нурулло Гулов ронандаи мусофирбар буд ва умре гуруҳҳои Малика Саид,Садриддин моро ҳамроҳӣ мекард. Бисёр марди наҷиб, озода, росткор, ҷавонмарди замон буд. Аҷаб ҷавонмарди паҳлавонҷуссае буд ва самимиву хоксор. Дар замони бенизомиҳо бо қумондону силоҳбадастон, ки мо бештар бо онҳо бархӯрд доштем, паҳлуямон қарор гирифта буд ва ҳар нафар ҳунармандони гурӯҳро то ба хона гусел менамуд ва субҳ ба хонааш мерасид ва боз фардо дар вақту соати муайян пайи хидмат ҳозир мешуд…”
Ин ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, дар ин авохир Нурулло дар Душанбе такси меронд.
Akajon Nurullojon Alloh rahmat kunad omin bovari namebiyoyad chi yak soli shummmmmmm hama barodaroni joniyamro burdiiii
Нуруллои заминиву самимӣ дилрешам сохтӣ. Чи кунем, ки некон зуд моро тарк мекунанд. Бармаҳал рафтӣ додари фарҳангиам. Чи орзуҳоеро бо худ ба домони хок мебарӣ….Ёдат гиромӣ бод дӯсти ормонӣ!
Худованд рахмату магфират гардонад акаи Нуруллочона!
Чоякашон чаннат бошад!
Тариқи раҳмат, шоистаи ҷаннат гардонад. Марди наҷиб буданд Акои Нурулло.
Nabijon Inomjonivich Nabijonov
Allohi mehrubon josha janat gardonad!!! Omin
Ako Nurullo behtarin inson bud!
Худованд рахмату махфират Акам бехтарин шахс буден ва мемонед дар дили мо Нурулло Гулов
Rahmonali Sherov
Ин бегох бехтарин бародарам акаи Нурулло Гулов дар беморхонаи медгородок чон ба Хак супорид. Бехтарин бародарам буд. Худо рахматат кунад. Пагох чаноза. Дусту бародаро хабарро ба хама расонед.
Инсони хуб буд.Худо рамаш кунад.Омин.
Marufmusic Marufmusic
Акаи Нурулло Гулов
Худованд рахмату магфират гардонад акачон дидоро дар киёмат
Рухатон шод бод акачон! Инсони нотакрор будан! Марди бихишти!
Худованди карим рахмату магфиратат кунад акачон! Омин!