ВидеоСиёсат

АЗМИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК БА ТАЪСИСИ ҲИЗБИ НАВИ АДОЛАТ (ВИДЕО)

Сӯҳроб Бобӣ, як ҷавони тоҷик бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ дар Фейсбук аз азмаш барои таъсиси ҳизби нави сиёсӣ бо номи “Ҳизби адолати Тоҷикистон” хабар дод. Дар ин видео, ки як дақиқа давом мекунад, Сӯҳроб Бобӣ (Бобиев) мегӯяд: “Имрӯз, санаи 15 декабри соли 2020 аст. Ман, Сӯҳроб Бобӣ, дар ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳизби адолат ташкил мекунам. Ҳамватанони азиз, бихоҳед, ки миллати осудаву сарбаланд дошта бошед, бихоҳед, ки дар Ватан дубора адолат барқарор шавад, ман шумоён, азизонро, ба ҳизбам даъват мекунам, биёед, дар ин ҳизб шомил шавед.”

Ӯ дар бораи сохтори ин ҳизб ва марому барномааш тафсилоти дигар надодааст.

Маълум нест, ки ин ибтикори  шахсии худи ин ҷавон аст ё дар пушти ӯ кадом нирӯҳое истодаанд? Оё ин ҳизб дар куҷо ташкил мешавад ва дар куҷо ва чӣ гуна амал мекунад?

Талоши пойгоҳи хабарии “Бомдод” барои тамос бо Сӯҳроб Бобӣ натиҷа надод. Ӯ ба дархости мо дар мавриди мусоҳиба дар бораи таъсиси ҳизбаш то ҳол посух надодааст.

Вале пайгирии матлабҳое, ки Сӯҳроб Бобӣ дар саҳифааш дар Фейсбук мегузорад, нишон медиҳад, ки ин матлабҳо бо як лаҳни бештар омиёна навишта шуда, рӯҳияи оппозитсионӣ нисбат ба ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон доранд.

Охирин ҳизбҳои ташкилшуда дар Тоҷикистон ҳизби аграрӣ ва ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ буданд, ки ҳарду соли 2005 таъсис ёфтанд. Бисёре аз нозирони умур ин ду ҳизбро “ҳизбҳои кисагӣ” меноманд, чунки ҳарду дар аксари масоил аз сиёсати ҳукумати кунунии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунанд ва берун аз доираи барояшон кашидашуда ҳарф намезананд.

Охирин талоши таъсиси ҳизби сиёсиро дар Тоҷикистон соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон Зайд Саидов дар баҳори соли 2013 кард. Вале ӯро ҳамагӣ як моҳ баъди эълони ин азмаш боздошт ва ба 29 соли зиндон маҳкум карданд.

Баъди ӯ дигар касе ба сохтани ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон азм накард.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 7 ҳизби расман сабти номшуда амал мекунанд:

  1. Ҳизби ҳокими халқии демократӣ
  2. Ҳизби аграрӣ
  3. Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ
  4. Ҳизби коммунист
  5. Ҳизби демократ
  6. Ҳизби сотсиалист
  7. Ҳизби оппозитсионии сотсиал-демократ.

То соли 2015 дар Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) низ қонунан амал мекард, вале он бо қарори Додгоҳи олӣ баста шуда, ба рӯйхатҳои сиёҳи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомил карда шуд. Ҳоло ин ҳизб асосан дар Аврупо амал мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button