ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ПУТИН ЗАМОНИ БУДУБОШИ МУҲОҶИРОНРО ДАР РУСИЯ ТО 15 ИЮНИ СОЛИ 2021 ТАМДИД КАРД

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 15 декабр бо имзои як фармон замони будубоши муваққати муҳоҷирон дар Русияро то 15 июни соли 2021 тамдид кард. Матни фармон дар сомонаи иттилооти ҳуқуқии Кремл чоп шудааст.

Бар асоси ин фармони Путин, замони ихтиёран тарки қаламрави Русия кардани хориҷиёне, ки нисбаташон ҳукми ихроҷ содир шудааст, то 15 июни соли 2021 ба қафо андохта мешавад. Ҳамин тавр, ба муҳоҷироне, ки замони будубоши қонуниашон дар Русия то 14 марти соли 2020 ба поён расида буд, имкон дода мешавад, ки озодона ва бидуни ягон ҷазою ҷарима тарки қаламрави Русия кунанд. Сафари чунин шаҳрвандон танҳо ба кишвари зодгоҳашон, бидуни убури транзитии кишварҳои сеюм иҷозат дода мешавад. Барои мисол, муҳоҷирони тоҷик ҳақ доранд, ки бо парвозҳои чартерӣ рост ба Тоҷикистон парвоз кунанд, вале тавассути кишварҳои  дигар, аз ҷумла бо роҳҳои заминӣ наметавонанд аз ин имтиёз истифода баранд.

Бори аввал президенти Русия баҳори соли 2020, дар пасманзари авҷи пандемияи коронавирус фармон дар бораи тамдиди замони будубоши шаҳрвандони хориҷиии дар Русия ба сабаби коронавирус дармондаро содир кард. Бар асоси фармони аввали Путин, замони эътибори виза ва дигар асноди будубоши муҳоҷирон дар Русия то 15 июн тамдид шуд ва дар ин муддат ба корхонаҳо иҷозат доданд, ки хориҷиёнро бидуни иҷозатномаи кор (патент) ба кор бигиранд.

Баъдан Путин ин сабукиҳо барои муҳоҷиронро аввал то 15 сентябр ва сипас то 15 декабр тамдид кард ва ин дафъа якбора барои 6 моҳи дигар тамдид кард.

Тамдиди замони будубоши муҳоҷирон дар Русия дар ҳолест, ки бино ба охирин омори ВКД Русия, дар давраи пандемия шумораи муҳоҷирон дар ин кишвар ду маротиба коҳиш ёфта, то 1 декабр дар Русия ҳамагӣ 6 миллион муҳоҷири хориҷӣ қарор доштаанд. Вазорати сохтмони Русия ҳафтаи гузашта аз ҳукумати он кишвар хост, ки барои вуруди муҳоҷирони хориҷӣ, асосан аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Украина, иҷозат бидиҳад. Ин вазорат гуфт, дар аксари минтақаҳои Русия ширкатҳои сохтмонӣ ба далели ба Ватани худ баргаштани муҳоҷирон ба камбуди шадиди нирӯи кор дучор шудаанд.


Указ Президента Российской Федерации от 15.12.2020 № 791 “О продлении действия временных мер по урегулированию правового положения иностранных граждан и лиц без гражданства в Российской Федерации в связи с угрозой дальнейшего распространения новой коронавирусной инфекции (COVID- 19)”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button