ВидеоХабарҳои кӯтоҳ
ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР БОЗОРИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 15 декабр бозори шаҳри Турсунзода ба коми оташ рафтааст. Бино ба ин манбаъ, сӯхтор дар 5 дӯкони ашёи рӯзгор сар зада, дар умум масоҳати 115 метри мураббаъро фаро гирифтааст. КҲФ гуфт, барои фурӯ нишондани сӯхтор 7 мошини сӯхторнишон сафарбар гардида, афсарони КҲФ дар Турсунзода низ ҳамроҳи сокинон дар фурӯ нишондани оташ иштирок кардаанд. Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест. КҲФ гуфт, талафоти ҷонӣ бар асари сӯхтор ба қайд гирифта нашудааст.
Дар видеои 5-дақиқагие, ки дар Интернет нашр шудааст, дида мешавад, ки аз дӯконҳои бозор алангаи оташ баланд мешавад ва издиҳоми зиёде дар ҷои ҳодиса ҷамъ шуда, чӣ гуна даргирифтани бозорро бо телефонҳояшон ба навор мегиранд.