Нуқтаи назарФарҳанг

ТИЛФОН АҶАЛИ МАН! (Шеъри нимшӯхиву нимҷиддие аз Абдуллоҳи Раҳнамо)

Чун ҳамсари ман рӯзу шаб андар бағали ман,

Тилфон аҷали ман.

Маъшуқаи ман, ҳамнафаси ман, асали ман,

Тилфон аҷали ман…

Фарёд, ки сармояву вақтам ҳамагӣ мурд,

Тилфон ҳамаро хўрд,

Худкуштани худ нест магар ин ҷадали ман?

Тилфон аҷали ман…

Абдуллоҳи Раҳнамо

ТИЛФОН АҶАЛИ МАН!

Дирӯз дар боби зарари телефони мобилӣ ба писарам «лексия» хондаму, худам ба хона даромада, ҳоли худамро дида, ба накӯҳиши худ дар як нишаст ин ғазали мустазодро навиштам. Ҳамин тавр, бори нахуст шеъри ҳаҷвӣ эҷод кардам. Гарчӣ шогирдона аст, аммо то ҷое ҳақиқати вазъи вобастаи мову шуморо ба ин асбоби рӯз ифода мекунад. Пас бигзор барои ибрат чанд рӯз дар саҳифа овезон бошад. Бо назари лутфи хатопӯши Шумо.

***

Чун ҳамсари ман рӯзу шаб андар бағали ман,

Тилфон аҷали ман.

Маъшуқаи ман, ҳамнафаси ман, асали ман,

Тилфон аҷали ман.

Бо ин ҳама таъкид фитодем ба домаш,

Гаштем ғуломаш.

Ку ҳӯши худододаву ақли азали ман,

Тилфон аҷали ман.

Мағзу асабам мавҷ гирифтасту хароб аст,

Бисёр азоб аст.

Ин аст яқин иллати феъли дағали ман,

Тилфон аҷали ман.

Ҳар кор кунам дасту дилам банд ба тилфон,

Ҳӯшам ҳама бар он.

Бисёр хатарнок шудаст ин касали ман!

Тилфон аҷали ман.

Тилфони муосир шуда ҳам муш ва ҳам гӯш,

Ҷосусаки хомӯш,

Дар ҳар қадаму ҳар сухану ҳар амали ман,

Тилфон аҷали ман.

Не хилвату не узлату не ишрату не хоб,

Корам ҳама гирдоб.

Ку роҳату ку зиндагии бехалали ман,

Тилфон аҷали ман.

Хоҳӣ, ки шавӣ бандаи бадбахт ба тилфон,

Бемору пушаймон.

Обуна шав, обуна шав андар канали ман!

Тилфон аҷали ман.

Ҳам мўи сарам рехт ва ҳам мижаи чашмам,

Бисёр ба хашмам,

Аз дидаи бенуру сари тоси кали ман.

Тилфон аҷали ман.

Фарёд, ки сармояву вақтам ҳамагӣ мурд,

Тилфон ҳамаро хўрд,

Худкуштани худ нест магар ин ҷадали ман?

Тилфон аҷали ман.

Гуфтам, ки аз ин банд раҳо мешавам оё? Сахт аст, Худоё!

Ноком шид ин нақшаву “макру ҳиял”-и ман.

Тилфон аҷали ман.

Гар бар ту азиз аст пулу вақту тану ҷон,

Бигрез зи тилфон.

Ҳаҷв аст, вале рост бувад ин ғазали ман,

Тилфон аҷали ман.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button