ВидеоТоҷикистон

ТАВАЛЛУДИ ЧОРГОНИК ДАР ДУШАНБЕ!!!

Субҳи 16 декабр дар таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе як модар чоргоник – ду писар ва ду духтар ба дунё овард. Тифлони чоргоник феълан дар шуъбаи эҳё қарор доштаанд, зеро ба гуфтаи табиб Фарида Кароматуллоевна, норасид ба дунё омадаанд.

Модари хушбахти ин 4 тифл Сарвиноз Аскарова 34 сол ва ду писари яке 14 ва дуюмӣ сеюнимсола доштааст. Ӯ ба “Фараж” гуфт, худро хуб ҳис мекунад, вале ҳанӯз тифлони чоргоникашро надидааст: “Аз вуҷуди чоргоникҳо моҳҳои аввали ҳомиладориям огоҳ шудам. Вақте бори аввал аз ташхис гузаштам, табибон гуфтанд, ки дар батнам чор дил метапад. Бовар накардам. Боз дар ду-се ҷои дигар ташхис кардам, он ҷо ҳам айни ҳамин гапро гуфтанд.

Падари чоргоникҳо Далер Файзалиев зодаи шаҳри Бохтар буда, дар пойтахт иҷоранишин асту дар як ширкат кор мекунад. Ӯ гуфт, таваллуди чоргоникҳо ӯро дар ҳолати ҳаяҷон қарор додааст ва назди даромадгоҳи таваллудхона аз субҳ барои дидор бо фарзандонаш лаҳзашуморӣ мекунад: “Ростӣ, бо вуҷуди чанд бор аз ташхис гузаронидани ҳамсарам, бовар намекардам, ки чоргоник таваллуд мекунад. Ҳамааш ба хостӣ Худованд будааст. Барои саломатии модару навзодон ҳамеша даст ба дуо мебардорам.”

 Шамсулло Фозилов, “Фараж”

Субҳи имрӯз дар таваллудхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе як модар 4 тифл — ду писару ду духтар ба дунё овард, ки табибон алҳол навзодонро дар шуъбаи эҳё таҳти назар доранд.

Таваллуди чоргоникҳо дар ҳолест, ки шаш сол қабл низ дар ҳамин зоишгоҳ модари тоҷик Гулшан Маҷнунова, тариқи ҷарроҳӣ, чор тифли солим ба дунё оварда буд, аммо ба фарқ аз шаш соли пеш навзодони мазкур дар ҳафтмоҳагӣ, тариқи бурриши қайсарӣ, ба дунё оварда шуданд.

Модари навзодон Сарвиноз Аскароваи 34-сола дар як суҳбати телефонӣ ба “Фараж” гуфт вазъи саломатияш хуб аст ва зери назорати табибон қарор дорад. Ӯ гуфт, қабл аз чоргоникҳо боз ду писарчаи дигар ҳам дорад, ки яке дар синфи 8-ум мехонад ва дуюмӣ 3,5 сол дорад. Модар гуфт, ҳануз тифлакони навзодашро надидааст.

— Аз вуҷуди чоргоникҳо моҳҳои аввали ҳомиладориям огоҳ шудам. Вақте бори аввал аз ташхис гузаштам, табибон гуфтанд, ки дар батнам чор дил метапад. Бовар накардам. Боз дар ду-се ҷои дигар ташхис кардам, он ҷо ҳам айни ҳамин гапро гуфтанд. Баъдан, то ба таваллухона омаданам, зери назорати табибони Маркази саломатии маҳалли зист қарор доштам. Бо мурури замон бузургтар шудани тифлакон дар батнам бароям хеле душворӣ пеш овард. Панҷ рӯз қабл ба таваллудхонаи рақами 3 омадем ва имрӯз ҷарроҳӣ шудам. Аз табибони меҳрубони ин даргоҳ хеле розиям, бахусус аз Рухсора Мардонова ва чанд тани дигар, ки алҳол аз ҳаяҷон исмашонро ба ёд оварда наметавонам, — гуфт модари чоргоникҳо Сарвиноз Аскарова.

Падари чоргоникҳо Далер Файзалиев зодаи шаҳри Бохтар буда, дар пойтахт иҷоранишин асту дар як ширкат фаъолият доштааст. Ӯ гуфт, таваллуди чоргоникҳо ӯро дар ҳолати ҳаяҷон қарор додааст ва назди даромадгоҳи таваллудхона аз субҳ барои дидор бо фарзандонаш лаҳзашуморӣ мекунад.

— Ростӣ, бо вуҷуди чанд бор аз ташхис гузаронидани ҳамсарам, бовар намекардам, ки чоргоник таваллуд мекунад. Ҳамааш ба хостӣ Худованд будааст. Барои саломатии модару навзодон ҳамеша даст ба дуо мебардорам, — гуфт Далер Файзалиев.

Духтури шуъбаи эҳёгарии навзодони таваллудхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе Фарида Кароматуллоевна дар суҳбат гуфт, ки навзодон норасид ба дунё омаданд ва алҳол дар шуъбаи мазкур таҳти назорати табибон қарор доранд. Номбурда вобаста ба вазъи саломатии навзодон тафсилоти бештар надод ва гуфт, маълумоти иловагӣ танҳо бо иҷозати роҳбарият ба даст меояд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2015 сокини шаҳри Душанбе Гулшан Маҷнунова дар таваллудхонаи шаҳрии рақами 3, тариқи буриши қайсарӣ, чор тифли солим — як писару се духтар ба дунё овард. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба модари тоҷик фарзандонашро Фирдавсҷон, Хатича, Фотима ва Зуҳро ном ниҳод ва барои онҳо дар маркази шаҳри Душанбе манзили сеҳуҷрагӣ, бо тамоми ҷиҳози хона, туҳфа кард. Солҳои баъдӣ низ ҳолатҳои таваллуди чоргоник дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Файзобод ва шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуда буд.

ДУШАНБЕ, 16.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Душанбе боз чоргоникҳо таваллуд шуданд! Дар таваллудхонаи №3-и пойтахт як модар ду писар ва ду духтар таваллуд кард, менависад рӯзномаи «Фараж». Ба гуфтаи табибон, ин гуна ҳолатҳо кам рух медиҳанд — аслан аз чандсад ҳазор як ҳолат.

«Вақте бори аввал аз ташхис гузаштам, табибон гуфтанд, ки дар батнам чор дил метапад. Бовар накардам. Боз дар ду-се ҷои дигар ташхис кардам, он ҷо ҳам айни ҳамин гапро гуфтанд», — нақл кард модари 34-солаи кӯдакони навзод ба рӯзнома.

Ӯ гуфт, ки то ҳол кӯдаконашро надидааст.

Ба гуфтаи духтури шуъбаи эҳёгарии навзодон Фарида Кароматуллоевна, кӯдакон пеш аз муҳлат таваллуд шудаанд ва чанд муддат модару кӯдакон зери назорати мутахассисон қарор хоҳанд гирифт.

Падари кӯдакони навзод Далер Файзалиев то охирон лаҳза бовар надошт, ки ӯ якбора падари чор фарзанд мешавад. Ӯ аз субҳ дар таваллудхона мунтазири ба дунё омадани кӯдакон буд. Маълум гардид, ки ин зану шавҳар аллакай ду фарзанд — писарони 14 ва 3-соларо ба воя мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки чунин ҳолат соли 2018 дар Душанбе ва дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуда буд ва ҳамон замон дар ВМКБ низ бори аввал чоргоникҳо таваллуд шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар дода буд.

Шумораи ҳомиладории серҷанин фарзанд дар кишвар сол аз сол меафзояд. Коршиносон инро ба афзоиши умумии сатҳи таваллуд дар кишвар рабт медиҳанд. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайи 10 моҳ дар кишвар 166,6 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст. Дар ҳама вилоятҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон бақайдгирии таваллуд дар давраи муқарраркардаи қонун 2,4% афзудааст.

Дар аввали моҳи ноябри соли 2020 аҳолии Тоҷикистон аз 9,4 миллион нафар гузашт. Ин нисбат ба 10 моҳи соли гузашта 2% зиёдтар аст.

Минтакаи сераҳолитарини ҷумҳурӣ вилояти Хатлон мебошад. Дар ин ҷо зиёда аз 3,4 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Дар вилояти Суғд беш аз 2,7 миллион, дар ВМКБ — 230,4 ҳазор, дар ноҳияҳои тобеи марказ — беш аз 2,2 миллион ва дар Душанбе — 871,6 ҳазор ба қайд гирифта шудаанд.

Агентии омор зикр менамояд, ки афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ дар Тоҷикистон 2,1% -ро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, 30 сол пеш дар ҷумҳурӣ 5,4 миллион нафар зиндагӣ мекарданд.

Коршиносон бар онанд, ки аҳолии Тоҷикистон то соли 2023 ба 10 миллион нафар мерасад. Тибқи пешгӯиҳои СММ, то соли 2100 аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 2,5 маротиба афзоиш ёфта, аз 25 миллион нафар мегузарад. Ҳамзамон, то соли 2030 дар Тоҷикистон тақрибан 12 миллион нафар зиндагӣ хоҳанд кард ва дар соли 2040 ин рақам ба 14 миллион хоҳад расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button