ВидеоМуҳоҷирон

ФАВРӢ! Дар як сӯхтор дар шимоли Русия ду манзили муҳоҷирони тоҷик ба коми оташ рафтааст (ВИДЕО+3 AKC)

Шаби 15 декабр дар шаҳраки Берёзово дар ҳавзаи Ханти-Манси – Югра дар шимоли Русия як бинои дуқабата ба коми оташ рафтааст. Ҷунайдулло Худоёров, блогнависи тоҷик, ки феълан дар ин минтақаи Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад ва бо шунидани хабари сӯхтор ба ҷои ҳодиса рафтааст, хабар дод, ки бар асари ин сӯхтор манзилҳои зисти ду оила аз Тоҷикистон низ пурра сӯхтааст.

Аз оилаҳои ҷабрдида якеаш модаре ҳаст, ки шавҳараш ду се соли пеш аз дунё даргузаштааст ва ба танҳоӣ се духтарчаашро ба воя мерасонад”, – хабар дод Ҷунайдулло Худоёров.

Ин модари бечора гуфтааст, ки ба ҷуз ҳуҷҷатҳои худаш ва кӯдакони хурдсолаш дигар чизеро аз хона бароварда натавонистааст ва бидуни пойафзол бо тиреза онҳоро кормандони оташнишони наҷот додаанд.

Ҷунайдулло Худоёров аз муҳоҷирони тоҷик хост, ки ба ин модар дасти кумак дароз кунанд, зеро дар ин фасли сармо бидуни ҳеҷ чизе мондаанд ва шароиташон хуб нест.

Телефон барои тамос:8 950 534 82 98

Карта Сбербанк 4817 7601 2420 0662 Шоира Амонбаевна Холбоева.

Карта ба рақамҳои телефон пайваст аст.

Junaydullo Khudoerov

Бародарон ва хоҳарони Тоҷик,

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракату.

Айни замон банда дар п.г.т Берёзово Ханты- Мансийский автономный округ Югра Федерацияи Россия қарор дорам. Шаби гузашта дар як бинои дуқабата сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа мисли дигар манзилҳои ин бино манзили зисти ду оилаи Тоҷик дар ин сӯхтор ба кулли ба коми оташ рафтанд.

Аз оилаҳои ҷабрдида якеаш модаре ҳаст, ки шавҳараш ду се соли пеш аз дунё даргузаштааст ва ба танҳоӣ се духтарчаашро ба воя мерасонад.

Чу узве ба дард оварад рузгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Чун аз ин ҳодиса бохабар шудам ба суроғи ҳамватанонамон ба ҷои ҳодиса рафтам ин модари бечораро аз наздик дидам ва ҳамсуҳбат шудам, вай афзуд, ки ба ҷуз ҳуҷҷатҳои худаш ва кӯдакони хурдсолаш дигар чизеро аз хона бароварда натавонистааст ва бидуни пойафзол бо тиреза онҳоро кормандони оташнишони наҷод доданд!

Хуб, суханро ба дарозо намекашам ва ин ҷо муроҷиат мекунам ба муҳоҷирон,

Муҳоҷирони муҳтарам!

Агар кадомеат шароит доред аз барои Аллоҳ ба ин модари танҳо кумаки худро дареғ надоред чун дар ин фасли сармо бидуни ҳеҷ чизе мондаанд ва шароиташон хуб нест.

Телефон барои тамос:8 950 534 82 98

Карта Сбербанк 4817 7601 2420 0662 Шоира Амонбаевна Холбоева.

Карта ба рақамҳои телефон пайваст аст!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button