Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Боздошти боз як ронанда дар Душанбе барои ҳаракатҳои бадахлоқона (АКС)

Ронандаи мошини тамғаи «Опел Астра», рақами транзитиаш 02Т8220к Зокиров Абдувоҷид Абдуҳамидович, с.т. 11.01.1989, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Симиганҷ, деҳаи Саричинори узбек боздошт ва бо ҷурми майдаавбошӣ ва ҳаракатҳои бадахлоқона ба маблағи 406 сомонӣ ҷарима баста шудааст. РВКД Душанбе хабар дод, ки Зокиров, ки ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул буд, дар назди корхонаи нассоҷӣ (Текстил) як ҷавонзанро, ки мехост қоидавайронкунии ӯро дар телефон сабт кунад, суханҳои қабеҳ задааст. Бар илова маълум шуд, ки ӯ 4 моҳ боз мошинашро бо рақамҳои транзитӣ истифода мебарад, ҳол онки тибқи қонун мебоист дар муддати 10 рӯз рақами доимӣ мегирифт.

Дар рӯзҳои охир алакай се ронанда дар Душанбе бо ҷурми бадрафторӣ нисбат ба занон муҷозот шуданд.

РВКД Душанбе хабар дод, ки бо қарори додгоҳ Хушбахт Бобобеков, сокини 24-солаи кӯчаи Фирдавсии пойтахт бо ҷурми майдаавбошӣ ба маблағи 406 сомонӣ ҷарима баста шуд. Ба гуфтаи мақомот, Бобобеков, рӯзи 4 декабр, дар кӯчаи Фирдавсӣ бо мошини “Опел Астра”-аш як ҷавонзанро таъқиб карда, ӯро бо алфози қабеҳ озор додааст.

Дар видеое, ки мақомоти милитсия нашр карданд, дида мешуд, ки чӣ гуна ронандаи “Опел” талош мекунад, ки худро ҳамсинфи як ҷавонзани роҳгузар вонамуд карда, аз даруни мошин ба ӯ гап партояд. Вале вақте ҷавонзан мегӯяд, ки ӯро намешиносад ва ба гаппартоиҳояш эътино намекунад, ронанда ӯро дашном дода, мошинашро бо шаст меронад ва фирор мекунад.

Ҳамин тавр, гузориш шуда буд, ки сокини 30-солаи шаҳри Душанбе Шералӣ Кенҷаев бо ҷурми ҳамла ба шоираи шинохта Адибаи Азиз ба 5 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст. Раёсати корҳои дохилӣ гуфт, Шералӣ Кенҷаев шаби 18 ноябр дар кӯчаи Анзоб ба Адибаи Азиз дарафтода, нисбаташ рафтори дағалона кардаву бо суханони қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Қаблан РВКД Душанбе бар асоси дастури шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ ҳатто як гуруҳи вижае таъсис дода буд, ки мавридҳои таҳқиру озори занону духтарон дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахтро таҳқиқ мекард. Дар ҷараёни фаъолияти ин гуруҳ даҳҳо мард, асосан ронандагон, бо ҷурми бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон ба ҷавобгарӣ кашонда шуданд.

Таҳқиқи навор: Боздошти ронанда барои нишон додани ҳаракатҳои бадахлоқона

  Новобаста аз чораҳои пайвастаи мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ҷиҳати ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани нафарони содиркунандаи кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва зиддиҷамъиятӣ ҳануз ҳам нафароне ёфт мешаванд, ки кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ғайриқонунӣ содир менамоянд.
  Чунончӣ як нафар ҷавонзани сокини пойтахт, бо ирсоли наворе аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра» рақами транзитиаш 02 Т 8220к, чораҳои қонунӣ андешида шавад. Чунки номбурда ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, рӯ ба рӯи корхонаи нассоҷӣ ба ҳаракати мунтазами дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид намуда, дар чандин маврид ҳолати садамавӣ ба вуҷуд овардааст.

Дар ин лаҳза муроҷиаткунанда бо телефони мобилиаш кирдорҳои зиддиҷамъиятии ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра»-ро сабт карданӣ мешавад, ки дар ҷавоб ронанда нисбати ҷавонзан ҳаракатҳои бадахлоқона нишон дода, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
  Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», рақами транзитиаш 02Т8220к боздошт ва муайян карда шуд, ки ӯ шаҳрванд Зокиров Абдувоҷид Абдуҳамидович санаи таваллудаш 11.01.1989 сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Симиганҷ, деҳаи Саричинори узбек мебошад. Зимни таҳқиқи ҳодиса номбурда тасдиқ намуд, ки ба мусофиркашонии ғайриқонунӣ машғул шуда, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ аз сабаби саросемагӣ ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид намуда, ҷавонзанро дашному ҳақорат ва мавриди озор қарор додааст.

Илова бар ин зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои автомашина муайян карда шуд, ки шаҳрванд Зокиров автомашинаи мазкурро ҳануз моҳи августи соли ҷорӣ харидорӣ намуда, новобаста аз он ки бо рақамҳои транзитӣ танҳо ба муддати 10 шабонарӯз ҳуқуқи иддоранамоиро дорад, бо гузашти 4 моҳ то ба имрӯз расман дар қайди мақомоти ваколатдор нагузоштааст.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати нафари боздоштшуда Зокиров Абдувоҷид тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 406 сомонӣ татбиқ карда шуд. Илова бар ин камбудиҳои ҷойдошта дар самти ҳуҷҷатгузории расмӣ ва бақайдгирии давлатӣ бартараф карда шуда, ронанда барои минбаъд такрор накардани кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ огоҳонида шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button