Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Аз ҳиссиёти рашк: Одамкушӣ дар Мастчоҳ

Як сокини 23-солаи ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо иттиҳоми одамкушӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, ин ҷавон шаби 9 декабр, соати 22, “аз ҳиссиёти рашки зиёд ба ҳамсараш, марди 33-солаи ҳамдеҳаашро ба воситаи телефон барои гуфтугӯ ба канори роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Оббурдон даъват намуда, бо мақсади аз ҳаёт марҳум сохтани номбурда, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо табари дар дасташ буда, якчанд маротиба ба сари ҷабрдида зада, баъдан барои рӯпӯш кардани ҷиноят, ҷасади ӯро ба чоҳ партофтааст.”

Аз навори хабарҳои рӯзи 16 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавони 23-сола бо ҷурми одамкушӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 9-уми декабри соли 2020, тахминан соати 22:00, аз ҳиссиёти рашки зиёд ба ҳамсараш, марди 33-солаи ҳамдеҳаашро ба воситаи телефон барои гуфтугӯ ба канори роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Оббурдон даъват намуда, бо мақсади аз ҳаёт марҳум сохтани номбурда, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо табари дар дасташ буда, якчанд маротиба ба сари ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Баъдан гумонбаршаванда барои рӯйпуш намудани ҷиноят ҷасади марҳумро ба чоҳи об партофта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 26-солаи солкини ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2020, ду марди 32-солаи сокинони пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс»-ро ба маблағи 187 ҳазор сомонӣ гирифта, худсарона аз қайди давлатӣ бе иҷозати соҳибмулк бароварда фурӯхтаанд ва то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 16-уми марти 2019 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия, марди 35-сола даромада, аз ӯ ба маблағи 10 ҳазору 839 доллари амрикоӣ қолинҳои гуногуни рангаро гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button