Аҷаб дунёи бевафо… Марги паи ҳами ду бародари тоҷик дар Русия аз вабои аср
Маҳинбону Шифоева дар Фейсбук хабар дод, ки дар байни ду моҳ дар шаҳри Находкаи Русия ду бародари тоҷик – Ривоҷиддин ва Сироҷиддин аз бемории коронавирус даргузаштанд. Ривоҷиддин 8 октябр дар бемористон аз олам чашм пӯшид ва Сироҷиддин – рӯзи 14 декабр ва иттифоқан дар ҳамон бемористоне, ки ду моҳ пеш турбати бародарашро аз он бурда буд…
“Одамизод дар ҳаёти худ орзу мекунад, нақша мекашад ва бо он нақшаи кашидааш, ҳаёташро давом медиҳад. Лек, ҳоло ҳозир чунин замонае шудааст, ки дигар барои амалӣ кардани орзу дигар нақша намекашӣ… Дигар, фақат аз Оллоҳи Бузург, саломатию умри дароз металабӣ..
Ин ду шахси бароям азиз, ду бародар, Ривоҷиддин шавҳари апаам ва Сироҷиддин шавҳари хоҳарам, дунёи фониро падруд гуфтанд.
Ривоҷиддин орзу дошт,ки бо расидани баҳор, писарашро хонадор мекунаду ба Ватан меравад.
Сироҷиддин мегуфт,ки писараш аз хизмати харбӣ биояд, рафта дар зодгохаш, Қӯрғонтеппа тӯй мекунад”, – навиштааст бо дарду алам Маҳинбону Шифоева.
«Мехостанд гӯрашро назди бародараш кананд, аммо дар ин давом ҳама пур шудааст.. Ҳама бародарони мусалмони ғариб… Гӯрро канданд ва ин хоки ғарибӣ. Ин мулки бароямон бегона,ки имрӯз мо ғарибони дур аз Ватанро дар оғӯши худ гирифтааст.Мо дар ин мулки садҳо километр дур аз Ватан, хонаву дар обод кардаем ва бо оилаю фарзандҳои хеш кору зиндагӣ дорем…” – менависад Маҳинбону.
Маросими намози ҷанозаи Сироҷиддин рӯзи ҷумъа дар масҷиди Находка доир мешавад. Турбати ӯ ҳоло дар сардхона аст… Ба наздикони ин ду бародар изҳори ҳамдардӣ мекунем ва аз ҳама мехоҳем, ки дар ҳаққи онҳо даст ба дуо бардоранд. “Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман?”
Ҳар сол ба иллатҳои мухталиф дар Русия беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик мемиранд. Имсол шумораи муҳоҷирони фавтида дар Русия ба иллати авҷи бемории коронавирус зоҳиран хеле бештар хоҳад шуд…
Аҷаб дунёи бевафо…
Одамизод дар ҳаёти худ орзу мекунад, нақша мекашад ва бо он нақшаи кашидааш, ҳаёташро давом медиҳад.
Лек, ҳоло ҳозир чунин замонае шудааст, ки дигар барои амалӣ кардани орзу дигар нақша намекашӣ… Дигар, фақат аз Оллоҳи Бузург, саломатию умри дароз металабӣ..
Ин ду шахси бароям азиз, ду бародар, Ривоҷиддин шавҳари апаам ва Сироҷиддин шавҳари хоҳарам, дунёи фониро падруд гуфтанд.
Ривоҷиддин орзу дошт,ки бо расидани баҳор, писарашро хонадор мекунаду ба Ватан меравад.
Сироҷиддин мегуфт,ки писараш аз хизмати харбӣ биояд, рафта дар зодгохаш, Қӯрғонтеппа тӯй мекунад.
Лек ин вабои аср,ин ду шахси пур аз орзуву нақшахои хаетро,дар нимарохи зиндаги,аз байни мо рабуд..
Ривоҷиддин, 8 октябр,дар беморхонаи шаҳри Находкаи Владивосток аз дунё гузашт, дар ҳамин шаҳр дар гӯристони мусулмонҳо ба хок супорида шуд.
Сироҷиддин 14 декабр дар ҳамин беморхона аз олам чашм пӯшид.Ҳоло ҷисми беҷони ин шахси азиз дар сардхона мебошад. Бояд,рӯзи ҷумьа ба наздиконаш бидиҳанд.Дирӯз писараш бо ҳамаи хешу табори он ҷо буда,ба кандани гӯр рафтанд. Мехостанд гӯрашро назди бародараш,кананд, аммо дар ин давом ҳама пур шудааст.. Ҳама бародарони мусалмони ғариб..
Гӯрро канданд ва ин хоки ғарибӣ. Ин мулки бароямон бегона,ки имрӯз мо ғарибони дур аз Ватанро дар оғӯши худ гирифтааст.Мо дар ин мулки садҳо километр дур аз Ватан, хонаву дар обод кардаем ва бо оилаю фарзандҳои хеш кору зиндагӣ дорем..
Сироҷиддини ғӯрамаргро рӯзи ҷумьа ба хок месупорем..Бо ҷаноза дар масҷиди мусулмонҳои шаҳри Находка.
Вой бар ҳоли мо ғарибон..Худованди Бузург,ин бародарро,ин ду марди мусалмонро мағфират кунад. Ҷояшон Ҷаннату хонаи охираташон обод бошад..Аз Оллоҳи меҳрубон,ба апаву хохарам,сабри ҷамил металабам..Эй,азизони дил…Ман имрӯз бо шумоям, шарики ҳама ғаму дардатон..
Ду рӯз мешавад,ки хоҳарам Зарина нола дорад, нолаи ҷонгудоз..пурсӯз..Хоҳараки азизам..Худованд ғамро ба дӯстдоштатарин бандааш медиҳад..Дар ин имтиҳони зиндагӣ боустувор бош..Миёнатро сахт бибанду дар болои фарзандонат соҳиб шав..Мо ҳама қаноту ғамшарики туем..
Эй,он ки ин суханони маро мехонед, дасти дуо бардоред, хоҳиш…Ин вабои асрро Худованд аз байни мо барад..ба ин аз байни мо рафтагон.як каф дуо….