Қариб як миллион доллар кумаки Амрико барои бозсозии гузаргоҳи Чалдовар дар марзи Шаҳритӯс бо Афғонистон
Сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 15 декабр дар як иттилоия хабар дод, ки ҳамроҳ бо Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Милал тарҳи нави бозсозии гузаргоҳи Чалдовар дар минтақаи Шаҳритӯси марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро шурӯъ мекунад. Бомаводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи Департаментии давлатии Амрико анҷом шавад.
Сафорат гуфт, тарҳи бозсозии гузаргоҳи Чалдовар бо Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ҳамоҳанг шудааст ва баъди бозсозӣ дар ин гузаргоҳ метавонанд 40 марзбон хидмат кунанд. Дар гузаргоҳ ҳамчунин анбор барои таҷҳизоти фаннӣ ва ҳуҷраҳои таълимӣ дар бинои муосир сохта мешавад, ки ба гуфтаи сафорат, имкониятҳои марзбонони тоҷик барои таъмини амнияти марз ва мубориза бо маводи мухаддирро боло хоҳад бурд.
Сафари Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дар расми оғози ин лоиҳа таъкид кард: «Пуштибонии доимии мо аз марзбонони Тоҷикистон амният, субот ва истиқлоли Тоҷикистонро таҳким мебахшад. Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим бозӣ мекунад ва Амрико дар талошҳои Тоҷикистон барои муқобила бо таҳдиди терроризм ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ шарики доимии Тоҷикистон боқӣ мемонад.»
Ҳукумати Амрико аз соли 2002 ба ин тараф бозсозии 10 гузаргоҳ ва 3 таълимгоҳи марзбониро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст.
Сафорати Амрико дар Душанбе қаблан бо Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Милал низ дар чанд тарҳи бозсозии гузаргоҳҳои марзӣ, бунёди гузаргоҳ дар Ишкошим, баргузории тамринҳо барои кормандони Агентии мубориза бо маводи мухаддир ва тарҳҳои дигар ҳамкорӣ кардааст.