ИқтисодМуҳоҷиронНомаҳо ба президент

Интиқод аз “хидмати хирсона”-и ширкати “Сомон Эйр”

Дилшод Муҳаммад: Ширкатхои хавопаймои бо баланд бардоштани нархи чипта ба худашон хизмати хирсона карда истодаанд. Имрузхо мухочирони кори бо максади сарфаи маблаги муайян (бештар аз 100$) ба таври оммави тавассути кишвархои хамсоя – Узбекистон ва Киргизистон вориди кишвар мегарданд. Аз мушохидахои дируза, ки бо азми пешвозгирии ду-се хаммахаллаи худ ба сархади байни Точикистону Узбекистон рафта будам, бо боварии том хаминро мегуям, ки хадди акал 50–60%-и мухочирони кории мо аз Русия тавассути хоки ин кишвари хамсоя вориди Точикистон мегарданд. Даххо такси дар назди сархад интизори онхоянд.

Ман намефахмам, ки ширкатхои хавопаймоии мо дар ин гуна вазъият чаро нархи чиптаро ба осмон бардоштаанду арзон кардани нестанд!? Ин магар хизмати хирсона ба худу кишвари худ нест, ки садхо хазор доллар бо иллати баланд будани нархи чипта ба чайби кишвархои хамсоя мерезад?

Dilshod Muhammad АХБОР БАРОИ АФКОР/ ИНФОРМАЦИЯ ДЛЯ РАЗМЫШЛЕНИЯ

Ширкатхои хавопаймои бо баланд бардоштани нархи чипта ба худашон хизмати хирсона карда истодаанд. Имрузхо мухочирони кори бо максади сарфаи маблаги муайян (бештар аз 100$) ба таври оммави тавассути кишвархои хамсоя – Узбекистон ва Киргизистон вориди кишвар мегарданд. Аз мушохидахои дируза, ки бо азми пешвозгирии ду-се хаммахаллаи худ ба сархади байни Точикистону Узбекистон рафта будам, бо боварии том хаминро мегуям, ки хадди акал 50–60%-и мухочирони кории мо аз Русия тавассути хоки ин кишвари хамсоя вориди Точикистон мегарданд. Даххо такси дар назди сархад интизори онхоянд.

Ман намефахмам, ки ширкатхои хавопаймоии мо дар ин гуна вазъият чаро нархи чиптаро ба осмон бардоштаанду арзон кардани нестанд!? Ин магар хизмати хирсона ба худу кишвари худ нест, ки садхо хазор доллар бо иллати баланд будани нархи чипта ба чайби кишвархои хамсоя мерезад? Шаби гузашта, ки садхо мухочири кории точикро дар холи ворид шудан аз кишвари хамсоя ба Ватани худ дидам, боварам ба ин афзуд, ки ангуштшумор касон тавассути ширкатхои хавопаймоии ватани ба Точикистон фуруд меоянд. Гумон накунед, ки барои Узбекистон омадани мухочирони мо тарики хавопаймохояшон чандон чолиб ва таваччухбарангез нест! Агар онхо ба ин кор марок намедоштанд, хечгох хуроки бепул ва ройгон то ба назди сархад овардани мухочирони кории моро таъмин намекарданд. Ба накл аз хаммахаллахоям, ки имшаб аз Русия тавассути Чумхурии Узбекистон ба Ватан баргаштанд, аз сабаби абрнок ва губоролуд будани хаво тайёраи онхо тагйири парвоз мекунад ва масъулини ширкати хавопаймоии ин кишвар сафари хаштсоатаи наклиёти замини ва хурду хуроки ройгонро ба зиммаи худ мегиранд. Илова ба хуроки медода, дар аснои сафар боз хуроки дигар зам шуда, аз мухочирони мо 250 рубли талаб мекунанд. Мусофирон ба ин эътироз кардани мешаванд, ки фавран ин талаб аз чониби масъулин бекор карда мешавад. Яъне, бо максади бенасиб намондан аз лукмаи тайёр, ки инро ширкатхои хавопаймоии мо ба кавле, пеши по заданд.

Ширкатхои хавопаймои! Масъулини дахлдор! Холо вакт аст, ки нархи чиптахоро як маротиба бознигари кунед! Точикистон махсулоти ба содирот нигаронидашуда чандон зиёд надорад, то умед бандем, ки бо ин рох метавонем воридоти маблаги кифояткунанда ба кишвар ва рушди иктисодиёти миллиро таъмин намоем. Холо, ки дар аз худ кардани маблаги накди мухочирон дасткутохем ва ё сахлангориву ношукри мекунем, чи гуна ба содироти махсулоти гуногуни босифату арзон комёб мешавем?

Лутфан, ба хотири чалби мусофирон (мухочирон) ба хавопаймохоятон ягон роху усули мачбуркуни эчод накунед! Чиптаро арзон кунеду халос, то онхо тавонанд мустакиман ва бидуни монеа ба Ватанашон баргарданд. Онхо манфиати миллиро хечгох сарфи назар накардаанд, танхо ба мехнаташон дилашон месузаду аз харчи зиёдати (исроф ки харом аст) пешгири карда истодаанду халос! Лутфан!!!

https://www.facebook.com/groups/1850530778525172/permalink/2867259170185656

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button