Хабарҳои кӯтоҳ

Ду ҳодисаи кордзанӣ дар Исфара ва калтакборон дар ноҳияи Ҷомӣ

ВКД Тоҷикистон дар бораи ду ҳодисаи қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ хабар дод. Аз ҷумла як сокини 49-солаи қаблан судшудаи шаҳраки Шӯроб шаби 13 декабр, соати 22 дар ҳудуди шаҳраки Навобод ба шиками як сокини 34-солаи Навобод ду корд задааст. Ҳамин тавр, сокини 26-солаи деҳаи Сурхоби ноҳияи А.Ҷомӣ соати яки шаби 1 декабр, дар саҳни ҳавлиаш як ҳамдеҳаи 62-солаашро бо калтак латтукӯб кардааст. Ба зидди ҳарду бар асоси қисми якуми моддаи 110-уми Кодекси ҷиноятӣ парванда кушодаанд.

Рух додани 2 ҳодисаи қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара, ки пеш бо моддаи 227 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (нашри соли 1961) суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, дастгир карда шуд. 

Номбурда, санаи 13-уми декабри соли 2020, тахминан соати 22:00, дар ҳудуди шаҳраки Навободи ҳамин шаҳр аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо марди 34-солаи сокини шаҳраки мазкур бо корди кисагӣ 2 маротиба ба шиками ӯ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 26-солаи сокини деҳаи Сурхоби ноҳияи А.Ҷомӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 30-юми ноябр ба 1 декабри соли 2020, тахминан соати 01:00, дар саҳни ҳавлии истиқоматиаш бо марди 62-солаи ҳамдеҳааш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо калтак якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа, марди 62-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бар-дошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button