Тоҷикистон

ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ САДАМА: АЙБИ КӢ БУД? РОНАНДА Ё ПИЁДАГАРД?

Эраҷ Амон дар Фейсбук видеои лаҳзаи як пиёдагардро зада афтондан дар яке аз кӯчаҳои пойтахтро нашр кардааст.

Дар видео дида мешавад, ки ронандаи як мошини гаронбаҳои рангаш сафед бо рақамҳои “крутой”-и 20 01 ОО 01, баробари сабз шудани ранги чароғаки роҳ бо шаст ба ҳаракат медарояд. Дар ҳамин лаҳза, як ҷавони пиёдагард мехоҳад саросема роҳро убур кунад.  Ронанда бо як тарафи мошин ҷавонро мезанад ва ӯ дар рӯи роҳ меафтад.

Ронандаи мошини “крутой” гӯё чизе нашуда бошад, ба ҳаракаташ давом медиҳад ва дар як они воҳид аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад. Ронандагони мошинҳои дигар баракс мунтазир меистанд, то ҷавони дар роҳ афтода ба по бихезад. Ҷавон баъди чанд лаҳза ба пои худ рост мешавад ва шитобон аз роҳ берун мешавад.

Ин видео тамошобинонро дар ибрози назар ба чанд гуруҳ ҷудо кардааст. Бархе бар инанд, ки инҷо айби худи пиёдагард бештар буд, чунки баъди барои пиёдагардон сурх шудани ранги чароғак талоши убур аз роҳи мошингардро кардааст. Аммо гуруҳи дигар мегӯянд, ҳарчанд пиёдагард беайб набуд, ин ба ронандагон набояд ҳақ бидиҳад, ки пиёдагардро ба чунин шакл пахш бикунанд. Аксарият рафтори ронандаи мошини сафедро, ки ҷабрдидаро дар маҳалли садама партофта, фирор кард, маҳкум кардаанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо хатарнок дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Эраҷ Амон

Ба диққати ВКД ва РВКД…

( Вот герой нашего времени)

Шарҳ аз дӯстони азиз…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button