ВидеоСиёсатТоҷикистонҲуқуқи инсон

Нашри видеои тақозои наздикони Маҳмурод Одинаев аз ҲНИТ ва “Гуруҳи 24”: Ба қазияи ӯ дахолат накунед! (ВИДЕО)

Рӯзи 14 декабр дар саҳифаҳои “фермаи ҷавоб” – як гуруҳи троллҳои марбут ба мақомоти интизомии Тоҷикистон – сабти видеоии Ҳабибулло Одинаев, писари муовини боздоштшудаи раиси ҳизби оппозитсионии Сотсиал-демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев, ва ҳамсари собиқи ӯ Меҳрӣ Ризоева нашр шуд. Маълум нест, ки ин муроҷиатномаҳо дар кадом шароит ва оё бо хоҳиши худи онҳо сабт шудааст,  вале дар сабтҳо дида мешавад, ки модару писар аз гуруҳҳои дар Тоҷикистон мамнӯи мухолифин – ҲНИТ ва “Гуруҳи 24” тақозо мекунанд, то ба қазияи Маҳмурод Одинаев дахолат накунанд. Ҳабибулло Одинаев изҳори умед мекунад, ки агар қазияи падарашро доман назананд, шояд ӯро ҷарима баста, ҷавоб диҳанд. Ӯ барои моҷарои рӯзи 29 октябр дар назди бинои комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор узр мепурсад ва мегӯяд, “каме пасту баланд рафтем.”

Маҳмурод Одинаев, Меҳрӣ Ризоева ва Ҳабибулло Одинаев рӯзи 29 октябр дар назди комиссариати ҳарбӣ алайҳи “облава”-и писари Одинаев – Ҳоҷиакбар – эътироз карда буданд.

Сарбози Ватан

Одинаев Ҳабибулло

Одинаев аз тақрибан 19 ноябр дар пайи даъваташ аз мақомот барои додани иҷозат ба баргузории як намоиши эътирозӣ дар маркази Душанбе ғайб зад. Ба дунбол сару садоҳое паҳн шуд, ки ӯро дастгир кардаанд ва таҳти шиканҷа қарор додаанд. Аммо рӯзи 4 декабр Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ дар як нишасти хабарӣ гуфт, Маҳмурод Одинаев ҳангоми амалиёти боздошташ тавонистааст фирор кунад, вале ҳангоми фирор пояш осеб дидааст.

Рӯзи 5 декабр Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Одинаевро дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дастгир кардаанд. Рӯзи 7 декабр додгоҳи Ҳисор ӯро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Додситонӣ гуфт, ба зидди сиёсатмадори мухолиф дар робита ба эътирози рӯзи 29 октябраш дар назди бинои комиссариати ҳарбии Ҳисор бо иттиҳоми авбошӣ ва таҳдиду зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳ нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ  бар асоси моддаи 237-уми Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Додситонӣ гуфт, Маҳмурод Одинаев ҳамроҳи ҳамсари собиқаш ва писараш рӯзи 29 октябр дар саҳни комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ба сабаби ба хидмати ҳарбӣ даъват шудани писараш Одинаев Ҳоҷиакбар “дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ба огоҳ намудани намояндагони ҳокимияти давлатӣ эътино накарда ин кирдорҳои ғайри қонунии худро худсарона идома дода, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст.”

Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ рӯзи 12 декабр дар Фейсбук бархе тафсилоти боздошти муовинаш Маҳмурод Одинаевро нашр кард. Бино ба фарзияи Зойиров, Одинаев ба 4 хато роҳ дод, ки сабаби боздошташ шуд. Зойиров бо худ телефон гардондани Одинаев ва бо президент сар ба сар шудани ӯро “хато”-ҳои асосии муовинаш номид:

1. У телефон доштааст ва аз руи сигнали у дастрас намудаанд. Ман дар бораи телефонаш хабар надоштам. Ин беэхтиётии Махмурод Одинаев;

2. Кормандони милиса ва амният (зиеда аз 15 нафар) бинои сигнал додаро ихота карданд ва дар давоми се соат биноро ковтуков карданд. Зиёда дах хучраро аз назар гузоронданд. Дар чойи пинхон шудаи М.Одинаев ду бор будаанд, аммо телефон хомуш нашуд. Телефон сабаби дастгир шудани у шуд;

3. Сабаби дастгир шудани М. Одинаев манокишаи у нисбати Президенти кишвар шуд, ки сабаби “хусуси” дошт. То охирон рузхо барои ман ин фахмо набуд. Ин оператсия карийб як мох “разработка” шуд ва акнун амали гашт;

4. Ин оператсияро созмони амният дар якчоягии бо дигар макомотхо, аз чумла ВКД амали гардонд. Охирон хатоги – яне манокиша бо президенти кишвар – ин хатогии асоси буд!

Рахматилло Зойиров

Чахор “хатогии” Махмурод Одинаев.

Дах руз мешавад, ки ман дар изтироби ковид. Аз соати 12 то соати 17 ва аз соати 23 то сахари 4.30 ман дар изтироби ин талафот, дурусттараш натичахои он.

Бисёру бисёр дар такдири Махмурод Одинаев фикр кардам.

Рузи 28.11 ман ба у сухбат доштам ва барои иштирок дар конфронси матбуоти даъват кардам.

Конфронси матбуоти З0 ноябр дар офиси мо дар сурогаи Маяковский 45/1 хучраи 26 баргузогор мекард.

Рузи 30.10. Махмурод Одинаев наомад. Омад танхо чавон, ки бо у хамро буд. Нишасти матбуотиро 1.5. соат давом додем. Ва чавонро ба хонаш гузел кардам.

Хамин тавр сабаби асосии иштирок накардани Махмурод Одинаевро дар ин нишасти матбуоти барои ман номаълум монд.

Паси як шабу руз аз ин Махмурод Одинаевро дастгир кардаанд ва ба як руз пас хабс гирифтанд.

АКНУН ФАХМО МЕШАВАД, ки уро чигуна дастгир кардаанд.

1. У телефон доштааст ва аз руи сигнали у дастрас намудаанд. Ман дар бораи телефонаш хабар надоштам. Ин беэхтиётии Махмурод Одинаев;

2. Кормандони милиса ва амният (зиеда аз 15 нафар) бинои сигнал додаро ихота карданд ва дар давоми се соат биноро ковтуков карданд. Зиёда дах хучраро аз назар гузоронданд. Дар чойи пинхон шудаи М.Одинаев ду бор будаанд, аммо телефон хомуш нашуд. Телефон сабаби дастгир шудани у шуд;

3. Сабаби дастгир шудани М. Одинаев манокишаи у нисбати Президенти кишвар шуд, ки сабаби “хусуси” дошт. То охирон рузхо барои ман ин фахмо набуд. Ин оператсия карийб як мох “разработка” шуд ва акнун амали гашт;

4. Ин оператсияро созмони амният дар якчоягии бо дигар макомотхо, аз чумла ВКД амали гардонд. Охирон хатоги – яне манокиша бо президенти кишвар – ин хатогии асоси буд!

Акнун, маъсалахои хукукии онро охиста, дар давоми яу чанд мох, баррасии мекунем!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button