Куштори бераҳмонаи як ҷавонзан дар Файзобод
Сокини 32-солаи қаблан судшудаи ноҳияи Файзобод ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 11 декабр, соати 10:30 ҳамсари 24-солаашро ба назди идораи шабакаи барқии ноҳия бурда, ӯро ба чуқурӣ тела додааст ва сипас буғӣ кардааст. Ҷасади ҷавонзанро баъди ду рӯз – шоми 13 декабр, соати 19 аз ҳамон чуқурӣ пайдо карданд.
Ду сокини 27 ва 21-солаи ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ рӯзи 12 декабр, соати 16:30 як сокини 33-солаи шаҳраки Панҷро 2 корд задаанд. Ҳамин тавр, сокини 32-солаи ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ба қафаси синаи як ҳамдеҳаи 36-солааш корд задааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 14 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Бераҳмона ба ҳалокат расонидани ҳамсар
Рӯзи 13-уми декабри соли 2020, тахминан соати 19:00, дар чуқурии назди идораи шабакаи барқии шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод, ҷасади ҷавонзани 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д.Алиеви ҳамин ноҳия бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шавҳараш, марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 11-уми декабри соли 2020, тахминан соати 10:30-дақиқа, ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш ӯро ба назди идораи шабакаи барқии ноҳия бурда, ба чуқурӣ тела дода, баъди афтидан ӯро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.
Баъдан, ҷасадро зери хок карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ошкор шудани 2 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ ва ҷавони 21-солаи сокини ҳамон ҷо бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, санаи 12-уми декабри соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматии марди 66-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи мазкур бо марди 33-солаи сокини ҷамоати мазкур ҷангу ҷанҷол карда, аз ҳиссиёти авбошӣ якдигарро лату кӯб намуда, ҷавони 21-сола бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба аъзои бадани марди 33-сола задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 1-уми декабри соли 2020, тахминан соати 18:00, дар ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 36-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо предмети халандаю буранда, 1-маротиба ба қафаси синаааш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ғорат намудани телефонҳои мобилӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 11-уми декабри соли 2020, тахминан соати 21:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи С.Шерозии пойтахт қарор доштанаш ӯро ҷавони 25-сола ва марди 36-солаи сокинони ҳамин ноҳия лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг С-7»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 800-сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда санаи 10-уми декабри соли 2020, тахминан соати 17:00, дар хонаи истиқоматиии зани 47-солаи сокини шаҳри Бӯстон ҳамчун меҳмон қарор дошта, бо роҳи зӯроварӣ аз ӯ 3-адад телефонҳои мобилии тамғаҳои “Нокиа-6230″, “Нокиа-1112” ва “Самсунг-Дуос”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 650-сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ифшо шудани 2 ҳодисаи дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон бо ариза марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи .Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки аз санаи 15-уми май то 8-уми декабри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз корхонаи шахсиаш истеҳсоли ноқилҳои барқӣ СП “Каримов Ҳалимҷон”, воқеъ дар шаҳри Бӯстон, 120 баста ноқилҳои барқиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 38 ҳазору 733-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда санаи 13-уми декабри соли 2020, тахминан соати 14:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиии ҷавони 24-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” ва 1-адад планшети тамғаи “Самсунг”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.