МуҳоҷиронСиёсат

Як зодаи Тоҷикистон дар Русия ба мақоми додситони ноҳия таъйин шудааст

Бо фармони додситони кулли Русия аз 11 декабр Ғайсин Раҷив Закариёевич додситони ноҳияи Борай ( ба русӣ: Бураевский район)-и ҷумҳурии Бошқирдистон таъйин шудааст.

Раҷив Ғайсин соли 1988 дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ соли 2010 Донишгоҳи давлатии Бошқирдистонро хатм карда, 10 сол боз дар низоми додситонии Русия кор мекунад. Раҷив Ғайсин солҳои 2010-2013 ёвари додситони ноҳияи Боймоқ, солҳои 2013-2016 додситони шуъбаи айбдоркунандаҳои давлатии раёсати ҷиноиву додгоҳии додситонии Бошқирдистон буд ва аз соли 2016 то таъйиноти ахир дар мақоми муовини додситони ноҳияи Абзелилов (Абдуҷалилов)  кор кардааст.

Ноҳияи Борай, ки ин зодаи Тоҷикистон Равил Ғайсин додситонаш таъйин шуд, 22 ҳазор аҳолӣ дошта, дар майдони 1792 километри мураббаъ дар шимолуғарби Бошқирдистон дар тақрибан 150-километрии шаҳри Уфа ҷойгир шудааст. Аксари аҳолии ноҳияи Борайро бошқирдҳо ва тоторҳо ташкил медиҳанд.

Назначен прокурор Бураевского района

Приказом Генерального прокурора Российской Федерации от 11 декабря 2020 года младший советник юстиции Гайсин Раджив Закарьяевич назначен прокурором Бураевского района сроком на 5 лет.

Гайсин родился в 1988 году в г. Душанбе Республики Таджикистан. В 2010 году окончил Башкирский государственный университет.

В период с 2010 года по 2013 год работал помощником прокурора Баймакского района, с 2013 года по 2016 год – прокурором отдела государственных обвинителей уголовно-судебного управления прокуратуры республики, с 2016 года по настоящее время – заместителем прокурора Абзелиловского района.

Неоднократно поощрялся приказами прокурора республики.

Прокуратура Республики Башкортостан

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button