ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ФАВРӢ! ВАЗОРАТИ СОХТМОНИ РУСИЯ ХОСТОРИ СОДА КАРДАНИ ТАРТИБИ ВУРУДИ МУҲОҶИРОНИ КОРӢ ШУД

Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия пешниҳод кардааст, ки тартиби вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия барои кор дар сохтмонҳоро сода кунанд. Хадамоти матбуоти вазорати сохтмон ба хабаргузории ТАСС гуфт, ки ин пешниҳод дар пайи дарёфти розигии вазоратҳои корҳои дохилӣ ва меҳнати Русия ва Роспотребнадзор барои баррасӣ ба ҳукумати ин кишвар супурда шудаанд. “Пешниҳод шудааст, ки вуруди коргарони соҳаи сохтмон ба қаламрави Русияро танҳо ба он корхонаҳое иҷозат диҳанд, ки риояи пурраи тамоми меъёрҳои санитарию эпидемиологиро кафолат медиҳанд”, – таъкид кардааст хадамоти матбуот дар суҳбат бо ТАСС.

Бино ба омори вазорати сохтмони Русия то 1 декабр, дар 50 минтақа аз 77 минтақаи Русия камбуди нирӯи корӣ дар сохтмонҳо мушоҳида мешавад. Сомонаи  “Работа в России” ҳисоб кардааст, ки дар сохтмонҳо дар ҳоли ҳозир тақрибан 190 ҳазор нирӯи кофӣ намерасад. Ин камбуд пеш аз ҳама ҳисоби наомадани мутахассисони сохтмон аз Ӯзбекистон, Украина ва Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, – таъкид мекунад хабаргузории ТАСС.

Имсол миллион муҳоҷири корӣ аз кишварҳои гуногун ба сабаби баста шудани марзҳо ба далели пандемияи коронавирус натавонистанд ба Русия ба мардикорӣ биоянд. Аз ҷумла садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар Тоҷикистон низ бесаброна мунтазиранд, ки кай марзи Русия кушода мешавад? Аксари ин муҳоҷирон дар Русия дар соҳаи сохтмон кор мекарданд.

Дар дархости ахири вазорати сохтмони Русия аз ҳукумати он кишвар аз ҷумла омадааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ бояд ҳадди аксар се рӯз пеш аз сафарашон ба Русия аз ташхиси коронавирус гузаранд, корхонаҳои корфармои онҳо бояд коргарони худро дар хобгоҳҳои махсус ҷо ба ҷо кунанд, дар идораҳои муҳоҷират сабт кунанд ва бо онҳо расман қарордод банданд. Муҳоҷирон бояд барои фаъолияти корӣ дар Русия патент бигиранд.

Вазорати сохтмон манъи вуруди муҳоҷирони кориро як сабаби асосии камбуди нирӯи корӣ дар сохтмонҳои Русия ном мебарад. Далели дигар ба сабаби пайдо шудани ҷойҳои зиёди корӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ҷои кори худро иваз кардани даҳҳо ҳазор муҳоҷири дар Русия дармонда гуфта мешавад.

Хадамоти матбуоти вазорати сохтмони Русия ба ТАСС гуфт, «бо вуҷуди бекорӣ ва ихтисорҳо, шаҳрвандони Русия розӣ нестанд, ки дар сохтмонҳо кореро, ки қаблан муҳоҷирон иҷро мекарданд, қабул кунанд. Онҳо ҷои кори баобрӯтар меҷӯянд.»

Муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин чанде пеш гуфта буд, ки дар даврони пандемияи коронавирус маоши коргарони сохтмон дар Русия қариб ду маротиба боло рафт, вале ҳатто ин ҳам натавонист мушкили камбуди нирӯи корӣ дар сохтмонҳо ба далели баста шудани роҳи муҳоҷиронро ҳал кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button