Хабарҳои кӯтоҳ

Дар пойтахт 20 ронандаро барои таваққуфи нодуруст ҷарима бастаанд (ВИДЕО)

РВКД Душанбе хабар дод, ки ахиран дар пойтахт 20 ронандаро барои таваққуфи нодуруст ҷарима бастаанд. РВКД гуфт, “ҳамоно ҳастанд ронандагоне, ки талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, дар аксар маврид автомашинаҳои шахсиашонро дар қатори дуюму сеюм ва дохил ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст таваққуф намуда, тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд меоранд.

Ҷаримабандии 20-ронандаи воситаи нақлиёт барои таваққуфи нодуруст

Бо мақсади бартараф намудани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт, ки дар заминаи таваққуфи нодурусти ронандагон ба вуҷуд меоянд аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт ба таври доимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиётҳои пешигирикунанда гузаронида мешавад.
  Чуноне таҳлилҳо нишон медиҳанд ҳамоно ҳастанд ронандагоне, ки талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, дар аксар маврид автомашинаҳои шахсиашонро дар қатори дуюму сеюм ва дохил ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст таваққуф намуда, тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд меоранд. Аз ҷумла дар натиҷаи баргузории як қатор рейду амалиётҳои профилактикӣ муайян карда шуд, ки дар қатори дуюму сеюм дуру дароз таваққуф намудаани баъзе аз ронандагон боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва халал ворид сохтан ба ҳаракати бемамонияти дигар шаҳрвандону иштирокчиёни ҳаракати роҳ гардидааст, ки ин омил норозигии шаҳрвандонро ба миён овардааст.

Вобаста ба ин кормандони милитсия бо назардошти афкори ҷамъиятӣ ҷиҳати танзими роҳҳои автомобилгард чорабиниҳои профилактикию санҷиширо роҳандозӣ намуда, як қатор ронандагоне, ки ба чунин қоидавайронкунӣ даст задаанд, муайян ва нисбаташон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуд.
  Ба монанди: (Якчанд ҳолатҳои дағали вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон)
Сангов Эраҷ Маҳмадович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Corolla», рақами қайди давлатиаш 0202 SC 01;


Арипов Эркин Комилович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Kia Octavia», рақами қайди давлатиаш 2264 RM 01;


Шукуров Азизҷон Камолович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Volkswagen Polo» рақами қайди давлатиаш H 590 KM 777;


Яқубов Идибек – ронандаи автомашинаи тамғаи «Mersedes Benz», рақами қайди давлатиаш 2772 ВА 01;


Қосимҷонзода Идрис Исломидин – ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota», рақами қайди давлатиаш 0774 SE 01;


Кабиров Таваралӣ – ронандаи автомашинаи тамғаи «DAEWOO», рақами қайди давлатиаш 2756 RK 01;


Рустам Гулматзода – ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra», рақами қайди давлатиаш 4790 RС 01;


Назаров Назаралӣ Сайдалиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra», рақами қайди давлатиаш 5903 RK 01;


Азизов Саид Худойназарович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra» рақами қайди давлатиаш 1780 RM 01;


Хоҷаев Фирӯз – ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra», рақами қайди давлатиаш 4642 SS 01;


Хидиров Бахтовар Бахтиёрович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Zafira», рақами қайди давлатиаш 0243 СР 01;


Ҳоҷиев Қадриддин Ғайратуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra», рақами қайди давлатиаш 8933 ВА 01;


Шодиев Сайфидин – ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra», рақами қайди давлатиаш 1905 ВВ 07;


Абдуллоев Беҳрӯз Фатҳуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Hyundai Solaris», рақами қайди давлатиаш 3248 ТТ 05;


Давлатов Самандар Хайриддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «JAC», рақами қайди давлатиаш 8284 ТТ 05;


Наимов Суҳроб – ронандаи автомашинаи тамғаи «Hyundai Avante», рақами қайди давлатиаш 4275 TT 05;


Хуҷаев Суҳроб Саломатуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Daewoo », рақами қайди давлатиаш 7844 HH 01;


Холов Абудуҷабор Фозилович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Mersedes Benz», рақами қайди давлатиаш 9740 ТТ 01;


Пиров Бахтиёр Зубайдулоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Mersedes Sprinter», рақами қайди давлатиаш 2252 ТТ 05;


Ҳотамов Шариф Акрамович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Ваз-2107», рақами қайди давлатиаш 2107 RC 07;


  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати соҳибону ронандагони воситаҳои нақлиёт парвандаҳои маъмурӣ бо дастрасии моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, барои дар оянда дигар такрор накардан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button