Шаби 11 декабр бо супориши вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, 4 муовини ӯ азз 4 беморхонаи марказии 4 ноҳияи водии Ҳисор боздид кардаанд. Тибқи иттилои маркази матбуоти вазорат, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода аз Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор, Зулфия Абдусаматзода аз Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи Марказии ноҳияи Шаҳринав ва Самариддин Ализода аз Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода боздид карда, бо фаъолияти шӯъбаҳои беморхонаҳои мазкур шинос шудаанд ва ҳамзамон бо бемороне, ки дар муассисаҳои тандурустӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд, суҳбат кардаанд. Шиносоӣ бо вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ ва рафти хизматрасонии табибон дар шабонгоҳ, омодагии онҳо барои муътадил гузаронидани васли зимистон, вохӯрӣ бо беморон ҳадафҳои аслии ин боздидҳои ногаҳонии масъулони вазорати тандурустӣ ном бурда мешаванд.
ШИНОСОИИ РОҲБАРИЯТИ ВАЗОРАТ БО ФАЪОЛИЯТИ ШАБОНАИ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ
Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаби 11 декабри соли равон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ муовинони вазир ба як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ шинос шуданд. Аз ҷумла муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода аз Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор, Зулфия Абдусаматзода аз Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи Марказии ноҳияи Шаҳринав ва Самариддин Ализода аз Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода боздид ба амал оварданд.
Дар ҷараёни боздиди хеш муовинони вазир бо фаъолияти шӯъбаҳои беморхонаҳои мазкур шинос шуда, ҳамзамон бо бемороне, ки дар муассисаҳои тандурустӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд, суҳбат намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи сафари масъулини вазорат-ин пеш аз ҳама шиносоӣ бо вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ ва рафти хизматрасонии табибон дар шабонгоҳ, омодагии онҳо барои муътадил гузаронидани васли зимистон, вохурӣ бо беморон ва дигар масъалаҳо мебошад.
Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки бо мақсади шиносоӣ ва назорати фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ айни замон гурӯҳи кории Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд қарор дорад.