ВидеоМуҳоҷиронЧеҳраҳо

Бидуни чоплусӣ: Вазири тоҷик пинҳонӣ бо муҳоҷирон суҳбат кардааст, то дарди дили онҳоро шунавад (2 АКС)

Ҷонӣ Сафарзода, яке аз муҳоҷирони фаъоли тоҷик ва роҳбари “Радиои муҳоҷир” дар як матлаб дар Фейсбук аз вазири ҷадиди меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ситоиш кардааст, ки шабу рӯз, ҳатто дар рӯзҳои истироҳаташ дар фикри мардум аст.

Дар симои ӯ ман Вазир ё мансабдореро эҳсос накардам. Ҳамчун хоҳар зан ва модаре,ки диле пур аз раҳмеро эҳсос кардам.Ва ҳамин буд, ки Суҳбати мо тӯли 3 соат зиёд кашиду ҳатто рафтани ин қадар вақтро эҳсос накардем.Агар ин ҳама ақидаҳову идеяҳое,ки дар ин нафар дидаам рост бошаду дар оянда роҳи ҳали худро ёбад бо боварии том гуфта метавонам МУҲОҶИР соҳиби худро ёфт. Аз рафти суҳбат ҳам маълум шуд дар ин давраи кутоҳи корияш пинхони бо чандин муҳоҷирон ҳам вохӯрӣ карда саволҳои худро додааст. КОШ ДИГАР ВАЗИРҳо ҲАМ чунин рафтору гуфтори хуб медоштанд.Мардумро худашон таклиф мекарданду суҳбат мекарданд ва бо мардум мебуданд”, – навиштааст Ҷонӣ Сафарзода.

Ширин Амонзода, ҷавонтарин узви ҳукумати Тоҷикистон, ки 3 ноябри соли ҷорӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъйин шуд, баъди расидан ба ин мақом ба сари гӯри модараш рафта, қасам ёд карда буд, ки дар ин мансаб ҳалолу содиқона ба Ватан ва ба мардум хидмат хоҳад кард.

Ҷони Сафарзода

БИДУНИ ЧОПЛУСӢ….

Дар ин миллат миллионҳо вазиру вузаро гузашт.Фақат вазирҳое ба ёди ин миллат монд,ки дар ҳақатан хоксору дар хизмати ин миллат буданд.ВА БЕНИҲОЯТ КАМ..

Чандин борҳо барои суҳбат аз тарафи Вазири меҳнат ва муҳоҷират Ширин Амонова даъват шуда будем. Ман рузи истироҳатӣ занг задаму хостам вақти вохӯриро муайян кунам яъне имрӯз ё рузи сешанбе.Аммо гуфтанд, метавонед ҳатто имрӯз агар дар Душанбе бошед, мархамад биеёд.Ва соати 16 моро қабул карданд.

Дар симои ӯ ман Вазир ё мансабдореро эҳсос накардам.Ҳамчун хоҳар зан ва модаре,ки диле пур аз раҳмеро эҳсос кардам.Ва хамин буд, ки Суҳбати мо тӯли 3 соат зиёд кашиду ҳатто рафтани ин қадар вақтро эҳсос накардем.

Агар ин ҳама ақидаҳову идеяҳое,ки дар ин нафар дидаам рост бошаду дар оянда роҳи ҳали худро ёбад бо боварии том гуфта метавонам МУҲОҶИР соҳиби худро ёфт.

Аз рафти суҳбат ҳам маълум шуд дар ин давраи кӯтоҳи корияш пинхонӣ бо чандин муҳоҷирон ҳам вохӯрӣ карда саволҳои худро додааст,

Муҳим барои ман хоксориву бо фарҳанг будан ва бениҳоят адабиётшиноси хуб ҳам дида мешуд.

Ҳанӯз ҳам баҳо додан шояд барвақт бошад аммо соле,ки меояд, аз баҳораш маълум аст.

Ман баромадам ба соат назар кардам аллакай 19 :07 аммо ӯ то ҳанӯз корашро идома медод новобаста аз рӯзи истироҳатӣ ва вақти дер шуда..

Ва дар роҳам фикр мекардам.

КОШ ДИГАР ВАЗИРҳо ҲАМ чунин рафтору гуфтори хуб медоштанд.Мардумро худашон таклиф мекарданду суҳбат мекарданд ва бо мардум мебуданд..

Акнун фикр мекунам, коргузори намояндагони муҳоҷират дар мехмонхонаи Тоҷикистон ранги дигар мегирад.Акнун боварӣ дорем,ки ҳангоми сафари намояндагони ҳукумат ба Россия ба МУҲОҶИРОНИ ҲАҚИҚИ хоҳанд вохӯрӣ мекунанд.

Амонзода Ширин Шодӣ 5 феврали соли 1978 дар Душанбе ба дунё омада, соли 1999 Донишгоҳи омӯзгории Душанбе ва соли 2016 Донишгоҳи Ритсумейкани Минтақаи Уқёнуси Ором (APU) дар шаҳри Беппуи Чопонро хатм кардааст. Ихтисоси аввалаш – забонҳои англисиву фаронсавӣ ва ихтисоси дуюмаш ҳамкориҳои сиёсии байналмилалист. Соли 2004 соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ гардида, соли 2008 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техникаро ба даст овардааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Ширин Амонзода соли 1999 собиқаи кориашро дар  дар кафедраи методикаи таълими забони хориҷии Донишгоҳи омӯзгорӣ шурӯъ карда, солҳои 1999–2001 аспиранти ин донишгоҳ буд ва солҳои 2001–2002 дар Созмони Байналмилалии Муҳоҷирати СММ, 2002–2004 дар Кумитаи Шветсиягӣ оид ба Афғонистон, соли 2004 дар Комиссариати олии кор бо паноҳандагони СММ, соли 2005 дар Намоишгоҳи Байналмилалии ЭКСПО–2005 дар Ҷопон ва аз соли 2006 то 2016 дар Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, ҳамзамон дар кафедраи типологияи муқоисавӣ ва забони англисии факултети забони англисии Донишгоҳи омӯзгорӣ дарс медод.

Соли 2016 Ширин Амонзода барои таҳсил ба Ҷопон рафт. Баъди бозгашт аз таҳсил дар соли 2017 муовини раиси кумитаи рушди сайёҳӣ таъйин шуд.

Моҳи январи соли 2020 Ширин Амонзода раиси кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ва 3 ноябр вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъйин шуд.

Ширин Амонзода муаллифи чанд мақолаи илмӣ ва як монография буда, асосан ба таҳқиқи масоили равобити адабиёти тоҷик бо адабиёти ғарб, бахусус адабиёти англис машғул мебошад.

Ширин Амонзода зимнан аз ангуштшумор аъзои ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол аст.

Ширин Амонзода, ҷавонтарин узви ҳукумати Тоҷикистон, ки 3 ноябри соли ҷорӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъйин шуд, баъди таъйин шуданаш ба ин мақом ба сари гӯри модараш рафта, қасам ёд кард, ки дар ин мақом ҳалолу содиқона ба Ватан ва ба мардум хидмат хоҳад кард.

Ин рӯзи таъинот ба рӯзи зодрӯзи модари деҳотии шаҳрнишинам (равонаш шод боду бихишти барин маъвояш) иттифоқ афтод, ки дар тарбия ва донишомӯзии ман саҳми бориз дошт. Нафаре буд дар ҳаётам хеле азиз, чунки тамоми хислатҳои неки инсониро доро буд ва мо фарзандонро дар ин руҳияиву муҳит ба воя расонидааст. Бо он ки як кӯҳистонзода буд, зани порсосифату буду подшоҳҳиммат, ғурурафкану боҷуръату пурҳиммат ва бо ин хама ниҳоят хоксор, самимӣ ва заминӣ буд. Волидони равоншодам ҳамеша талкин мекарданд, ки меҳнати ҳалолу содиқона ба мардум дар ҳисобу инобат аст. Вазифа ва мансаб пеш аз ҳама масъулият, ҷиддият ва иштирок дар инкишоф аст, хизмати ҳалолу содиқона аст”, – навишта буд Ширин Амонзода дар саҳифааш дар Фейсбук.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button