ФарҳангЧеҳраҳо

Зодрӯзи Озар – муаллифи гимни модарони тоҷик «Модар фаришта буд» (ВИДЕО)

13 декабр зодрӯзи Озар Салим, як аз шоирони тавонои муосири тоҷик ва муаллифи шеъри машҳури “Модар фаришта буд” аст.  “Модар фаришта буд” яке аз қавитарин ашъори солҳои охир дар бораи модар дар адабиёти форсӣ дониста мешавад. Хабарнигори тоҷик Сайёфи Мирзо аз мутолиаи ин шеър чунон ба ваҷд омада буд, ки навишт: “Баъди ин шеър бояд 10 сол ба шеъри бахшида ба Модар эмбарго гузошт.

Ба ин шеъри Озар чандин овозхони тоҷик, аз ҷумла Афзалшоҳи Шодӣ, Нигина Амонқулова, Муҳаммадрафии Кароматулло, Эркин Одинаев, гуруҳи “Сорбон”, Содиқ Холов, Фаридуни Хуршед ва Хосияти Зарафшонӣ оҳанг бастаанд.

МОДАР ФАРИШТА БУД…

Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,
Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.

                                                
Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз Падар надошт.


Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.


Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт,


Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки Модарам,
Рӯи лабаш ба ғайри “видоъ эй писар” надошт…


Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт,
Азбас илоҷ пеши қазову қадар надошт.

Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд,
Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт.

Дар пайравӣ ба ин шеъри Озар, ки яке аз беҳтарин шеърҳои солҳои охир дар васфи модар шумурда мешавад, чанде дигар аз шоирони тоҷик низ шеърҳои наве дар ситоиши модар гуфтанд. Аз ҷумла Иззатманди Саломиён дар шеъри худ бо ишора ба муқоисаи модар бо фаришта дар шеъри Озар модарро аз ҳуру фаришта ҳам бартар хондааст:

МОДАР СИРИШТАЕСТ КИ АЗ ҲУР БАРТАР АСТ

Модар сириштаест, ки аз ҳур бартар аст,
Аз хоки содаест, ки аз нур беҳтар аст.

Гар як тарона гуфт в-агар омиёна гуфт,
Онро барои гӯши башар ҷовидона гуфт.

Ҳамтои шеъри аллаи ӯ шоире нагуфт,
Дурре ба пой аллаи ӯ шоире насуфт.

Андар ризои ӯст, ки олам мунаввар аст,
Дасти дуои ӯст, ки чун Ҳаҷҷи акбар аст.

Андар машоми ҳар нафаре мушк, буйи ӯст,
Акси нахустхотираи чашм – руй ӯст:

Дар осмони хотири атфол ҷилвагар,
Як моҳу ду ситораи рахшанда то саҳар.

Гуфтам фариштарост? Зарифе ба ханда гуфт:
– Бигзар аз ин қиёс ки ҳарфест саҳлу муфт.

Афришта пок, лек на бо меҳри Модар аст,
Оне ки бартар аст, ҳамоно ки Модар аст.

Чанд намунаи дигар аз ашъори баланди Озар:

Озар Салим

Имрӯз фалак чу шоирон ҳамвора

Буд аз пайи шеъри тозае овора.

Шеъраш чу нашуд писанду онро бидарид,

Дунё ҳама монд зери коғазпора.

ГАР БА НАЙИСТОН РАВӢ…

Гар ба найистон равӣ, шери найистон бишав,
Банд бизан дасти аҷз, Рустами Дастон бишав.

Ринд ҳамон аст, к-ӯ сар нафарорад ба кас,
Ҷом барандоз ё соқии мастон бишав.

Аз сари ғайрат мадар пардаи мардон, чу гашт
Нуқси хазон ошкор , барфи зимистон бишав.

Ишқ шаву ҷилва кун, чун ғазали Рўдакӣ
То бипазирам туро дар назар осон бишав.

Даври нубувват гузашт, лек барои башар
Ояти дилро биёр, Ҳазрати Инсон бишав.

ЧАРХАИ НУР

Чархаи Роғун, ки мечархад,
Аз танинаш номи миллат мекашад қад,
Боз болотар,
Мешавад бар чарх наздик.

Чарх мегардад сари чарх
Аз чунин чархидани иќболи Тоҷик.

Роғун аз “роғ” аст,
Яъне решааш дар рўшноӣ мезанад чарх.
Ҳар кӣ андешад чунин,
Андешааш дар рўшноӣ мезанад чарх.

Чарх зан, эй чархаи иќболи миллат,
То бичархад дар лаби мо
Вожахои нусратафрўзи “Ирода”,
“Коргар”,
“Ҳамбастагӣ”
“Ҳиммат”!

Чарх зан, эй чархаи нур,
Чарх зан, то дар самои мо занад чарх
Нуркафтарҳои Роѓун!

Чарх зан, чархиданат бодо ҳумоюн!


ГУФТУГЎ БО ЧАШМА

Зи хоро чашмае ҷўшидаву гуфт:
“Хушо ворастагӣ, иқбол ин аст.
Миёни дашту саҳро гум накардан
Навои хеш, истиќлол ин аст.

Бароям то зи чоҳи санг берун
Каманде аз шуҷоат бофтам ман.
Набудам нохун аз фўлод, аммо
Ба ҳиммат сангро бишкофтам ман.

Нахонам зиндагӣ онро, ки умре
Асиру бенавову хаста бошӣ.
Ҳаворо то нафас гирӣ, намирӣ,
Ба амри дигаре вобаста бошӣ.

Бигуфтам чашмаро: “ Эй ҷаста аз банд,
Раҳи ворастагии мо кадом аст?”
Бигуфто: “Ҷуз ба худ бовар набояд,
Вагарна заҳри найрангат ба ҷом аст.

Машав ойина, ки мегуфт бо хеш:
Ба кори дигарон пардохтам ман.
Намудам ҳар киро дар дида,аммо
Дареѓо, хешро нашнохтам ман.

Пазируфтӣ чу кеши миллати худ 
Нигаҳ кун то мунофиқдил набошї.
Агар ин як Худо н-омад писандат,
Худои дигаре бар худ тарошӣ».

Бигуфтам: «Чун шиносам душману дўст?
Ки навпўям ба роҳи зиндагонӣ».
Бигуфто, « Гар тавоноӣ- ҳама дўст,
Ҳама душман- агар ки нотавонӣ.

Парешонӣ раҳо бинмой, дар боғ
Гуле, к-ў шуд парешон, дар таги пост.
Бидидам ҳусни ваҳдатро ба садбарг,
Ба ҳам ояд даме сад барг, зебост!

Хиромам ҳаст шарҳи ин ҳаќоиќ:
Ки бе по ҳам тамошо метавон рафт.
Агар дар сина дорӣ орзуе,
Зи ҷўе то ба дарё метавон рафт ».

ГУЛАФШОН

Гулафшон кун, биё аз нав баҳори ошноиро,
Биёвар аз бароям як табассум рўшноиро.

Ба ҷуз рухсори ошиқ нест девоне, ки дил дорад,
Ки ранги канда иншо мекунад шеъри ҷудоиро.

Суроғи мо биё боре, ба дунёи гирифторон,
Тараннум карда зери лаб ѓазалҳои раҳоиро.

Гаҳе аз шеър дилгирам, вале ночор мегуям,
Нагуфтан сахт душвор аст абёти атоиро.

Ба тарки ғунчагӣ монанди гул охир хазон гардад
Барад ҷамъият аз ёдаш чу меҳри боҳамоиро.

Сухан аз ҷаҳд чун хун гашт, Озар кор осон шуд,
Ба ангушти ќалам бастем мазмуни ҳиноиро.

ЛАБХАНД ЗАН ДАРУНИ ҒАЗАЛҲО…

Гардишгари ҷамоли тамошоият шавам,
Дарёнаварди дидаи дарёият шавам.

Саҳл аст бими мавҷу наҳанги муҳити ишқ,
Гар кошифи ҷазираи танҳоият шавам.

Санг аст ҳар қадам, бинишин дар канори ман,
То посбони пайкари миноият шавам.

Бар гўри ман навис, ки “қурбоният қабул”,
Ваќте қалам ба теғи фиребоият шавам.

Як зиндагӣ барои муҳаббат кам аст, кам,
Изнам бидеҳ, рафиқи дудунёият шавам.

Лабханд зан даруни ғазалҳои ман, магар,
Зеботарин таронаи зебоият шавам.

ЧОРОНА

Саҳл аст ба оҳувон паланге бошӣ,
Бар селаи моҳиён наҳанге бошӣ.
Огаҳ бишавӣ, ки нолаи шиша зи чист,
Эй санг, агар ҳарифи санге бошӣ.

ХУРШЕД

Муҳтоҷ куҷо ба ину он хуршед аст?
Худ ҳомии худ ба осмон хуршед аст!
Кас уқдакушои кас набошад ба ҷаҳон,
Шамъи раҳи хуршед ҳамон хуршед аст.

РУБОӢ

Бе умри ман-ин мақолаи танҳоӣ,
Маъно накунад рисолаи танҳоӣ.
Дар мавлудам гирифта хоҳам нӯшид
Аз дасти худам пиёлаи танҳоӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button