МуҳоҷиронФарҳанг

Ёди ту ширинтарин марг аст… Ситоиши Сиёвуши Ҷунайдӣ аз қолабшикании Нигина Амонқулова (ВИДЕО)

Ишқи ту ширинтарин дард аст,

Ёди ту ширинтарин марг аст.

Ман аз ин андӯҳ месӯзам,

Ман дар ин андӯҳ мемирам…

Шоири шинохтаи тоҷик Сиёвуши Ҷунайдӣ таронаи нави Нигина Амонқулова бар шеъри Сиёвуш бо номи “Андӯҳ”-ро ҳамчун як талоши қолабшиканӣ ситоиш кардааст.

Сужаи клипи таронаи “Андӯҳ” ба мушкилоти доғи имрӯзи мардуми тоҷик – муҳоҷират  – мувофиқ гардонда шуда, қиссаи муҳоҷирбачаест, ки духтари дӯстдоштаашро дар Ватан гузошта, дар талаби таъмини зиндагии беҳтаре ба мардикорӣ меравад, вале соле баъд ҷанозаашро аз мулки мусофират меоранд ва арӯси армониаш ғарқи мотам мешавад.

Сиёвуш менависад: Вақте Нигина вориди саҳнаи тоҷик шуд, дар ин саҳна беназмӣ, беқонунӣ, вайронӣ ва вайронгарӣ ҳукмфармо буд. Замони шикастанҳо буд, на сохтанҳо. Мутаассифона он раванд камобеш ҳанӯз идома дорад. Он замон буд, ки Нигина дар қолиби таронаҳои даврони шӯравӣ омад. Он ҳам дар айёме, ки шикасти Шӯравӣ идома дошт, мардум ҳанӯз ҳасрати Шӯравиро доштанд ва дар гӯшаканорҳое аз Шӯравӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон он ҳасрат олуда ба ашку хун буд. Нигина дар қолиб вориди саҳна шуд, ангор дар қафас…

Ба навиштаи Сиёвуши Ҷунайдӣ, “Нигина аз он ҳунармандонест, ки ба маҳзи ворид шудан дар олами ҳунар, ё нахустин таронаи худ бар диду дидаҳои ҷо мекунанд. Чунин падидаеро дар олами шеър ҳам дорем, дар ҷаҳои наққошӣ низ ҳаст ва рӯйиҳамрафта дар дунёи эҷод шоҳидаш ҳастем. Бархе аз онҳо бо ҳамон як тарона, як шеър, як наққошӣ дар торих мемонанд, бархе пас аз он яке тарона, як шеър, як наққошии хуб осоре барои ҳаводорон арза мекунанд, ки дар он сатҳ нест. Аммо Нигина аз онҳоест, ки бо он дастоварди аввалияи худ қаноъат накард ва пештару фаротар аз он биравад.”

Siyavush Junaidi

ҚОЛАБ ВА ҚОЛАБШИКАНӢ. БУТ ВА БУТШИКАНӢ

Паёми хубе дорам. Дар ҳар сурат барои ман паёме буд, ки бисёр хушҳолам кард ва дар оғози ин фасли сард бароям дилгармӣ овард. Умедворам, барои дӯстони хубам, ки пайваста ғаму шодиҳоямро бо онҳо қисмат карда ва ҳамеша дар ғаму шодиҳояшон шарик будаам, низ ин паём хушоянд хоҳад буд.

Ҳунарманде нируманд, дорои завқу салиқаи хос, овозхоне, ки овози зебояш дунёи моро пуровоза ва сурудаҳояш ғамҳои қадимии моро тоза карда аст, хоҳари аз ҳар назар ва аз ҳар лиҳоз дӯстдоштанӣ Нигина ахиран таронаеро арзаи ҳаводорон карда аст, ки матни он аз шеърҳои ин камина аст. Ин таронаи зебо зимни ҳамкорӣ бо устод Тобиш (агар иштибоҳ накунам), ки имрӯзро яке дигар аз ҳунармандони соҳибзавқ, пуркор ва пурҳунар аст, эҷод шуда аст.

Каме аз Нигина бигӯям. Нигина аз он ҳунармандонест, ки ба маҳзи ворид шудан дар олами ҳунар, ё нахустин таронаи худ бар диду дидаҳои ҷо мекунанд. Чунин падидаеро дар олами шеър ҳам дорем, дар ҷаҳои наққошӣ низ ҳаст ва рӯйиҳамрафта дар дунёи эҷод шоҳидаш ҳастем. Бархе аз онҳо бо ҳамон як тарона, як шеър, як наққошӣ дар торих мемонанд, бархе пас аз он яке тарона, як шеър, як наққошии хуб осоре барои ҳаводорон арза мекунанд, ки дар он сатҳ нест. Аммо Нигина аз онҳоест, ки бо он дастоварди аввалияи худ қаноъат накард ва пештару фаротар аз он биравад.

Вақте Нигина вориди саҳнаи тоҷик шуд, дар ин саҳна беназмӣ, беқонунӣ, вайронӣ ва вайронгарӣ ҳукмфармо буд. Замони шикастанҳо буд, на сохтанҳо. Мутаассифона он раванд камобеш ҳанӯз идома дорад. Он замон буд, ки Нигина дар қолиби таронаҳои даврони шӯравӣ омад. Он ҳам дар айёме, ки шикасти Шӯравӣ идома дошт, мардум ҳанӯз ҳасрати Шӯравиро доштанд ва дар гӯшаканорҳое аз Шӯравӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон он ҳасрат олуда ба ашку хун буд. Нигина дар қолиб вориди саҳна шуд, ангор дар қафас. Дар қолиби таронаҳои шӯравӣ ва дар қафаси нотаҳое, ки ҳамоно дар маҷмӯъ асири зеру бамҳои “Дувоздаҳмақом” ва “Шашмақоми” тоҷикӣ буданду ҳастанд.

Ҳоло аз қолиб бигӯям. Ва аз қолибшиканӣ.

Ба назари ман, баройи он ки як қолибро бишканӣ, бояд аввал дар он қолиб бошӣ. Ё ҳадди аққал бояд бидонӣ, ки қолиб чист. Баройи як ҳунарманди мусикӣ ва таронасарои точик тасаллут бар “Дувоздаҳмақом” ва “Шашмақом” ҳатмист. Ва агар ӯ мехоҳад он қолибҳоро бишканад ва аз асорати онҳо берун ояд ва чизу нава тоза бисарояд, бояд аввал муддатеро дар чорчӯби онҳо ба сар барад. Ҳамчуноне ки барои як шоири тоҷиктасаллут бар вазни “Арӯз” ва донистани қонун ва қоъидаҳои он ҳатмист.

Қолибшиканӣ дар асл ва дар зоти худ ҳамон бутшиканист.

Вақте як пайғамбар, ки падару модар ва ҳамаи аҳли қабилааш бутпараст будаанд, меравад ва бутҳоро мешиканад, ин бутшиканист. Ва ин кори сода ва осон нест.

Аммо вақте ки як ҷангҷӯ, ҳатто агар Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бошад ва ҳатто агар ғозии исломаш бигӯянд, аз харобазори Ғазна (ки падару бобои худаш харобаш кардаанд) лашкар мекашад ба Ҳинди обод ва дар он ҷо муҷассамаҳои Буддоро вайрон мекунад, ва зару зевар ва тилло ва нуқраҳои он муҷассаммаҳоро ба яғмо мебарад ва он, ҳатто агар онро ғанимат биномад ва вориди “байт-ул-мол” кунад, ин ҳаргиз бутшиканӣ нест, балки ғорат ва дуздӣ ва шикасти фарҳанг аст. Вақте низ Толибон меоянд ва дар Бомиён муҷассамаҳоеро, ки аз “боду борони” ҳазорон сол ҷон бурдаанд, мунфаҷир мекунанд, ин бутшиканӣ нест, балки бефарҳангӣ, харобкорист ва ваҳшоният аст. То бутшикан шавӣ, аввал бояд бутпараст бошӣ. Ва аммо гар буттароше ба хотири ақидае нав ва тоза бути тарошидаи худр мешиканад, ӯ дигар бузургтарин қурбонӣ ва ҳадяро барои он ақида карда аст.

Вазни Арӯз низ дар асли худ ҳамон қолиб ва ҳамон қафас аст, аммо барои шоъирон. Вазни Арӯз аз бузургтарин дастовардҳои дар форсӣ, аз ҷумла мо, тоҷикони эронитабор дар торих аст. Гузашта аз ин, Арӯз падидае беназир, хориқ-улодда ва мунҳасир ба фард дар торихи фарҳанг ва адаби дунёст. Дар ин дунё фақат ҳамон “метрическое стихосложение”, қонун ва қоъидаи шеъри атиқи юнонист, ки метавонад идаъои баробарӣ ва ё рақобат бо арӯзи тоҷикӣ кунад, зеро шеъри тамоми забонҳои урупойӣ, ва ҳатто славёнӣ, аз ҷумла русӣ ҳамин қонун ва қоъидаи шеъри Юнони Қадим марсум ва маъмул аст.

Вазни Арӯзи тоҷикӣ низ давронеро дар бахше бузург аз ин ҷаҳон, шомили Арабу Аҷам, Эрону Тӯрон, Ҳинду Синд ҳукумат мекард. Агар имрӯз он кишварҳое, ки аз зер салтанати Вазни Арӯз даррафтаанд ва табли шодӣ мезананд, бояд бидонанд, ки “ба ҳован об кӯбидаанд!” Агар онҳо аз арӯз фирор мекунанд ва безорӣ меҷӯянд, бояд бидонанд, ки баночор бояд ба ҳамон вазни ҳиҷойӣ, ба ҳамон нахустин таҷрубаҳои башар баройи шеър гуфтан ва тарона суруданд, баргарданд. Ҳамагон шоҳид будем, ки Урдӯғон, Раисҷумҳур Туркия ҳамин корро кард. Ӯ зимни суханронӣ дар режаи низомӣ (военный парад) дар Боку шеъре хонд бо забони туркӣ ва ба вазни ҳиҷойӣ. Раисҷумҳури кишваре,ки идаъои соҳибият бар Ҷалолуддини Румӣро дорад, дар канори Раисҷумҳури кишваре, ки идаъои моликият бар Низовии Ганҷавиро дорад, дар режаи низомӣ шеъре бар вазни ҳиҷойӣ хонд.

Ҳамин аст натиҷаи надонистан ва нашинохтани қонун ва қоида. Ҳамин аст надонистани ҳар қолиб ва ҳар меъёр.

Такрор ва таъкид мекунам. Баройи ҳар шоъири тоҷик донистани “Вазни Арӯз” ва навиштан дар қолиби он ҳатмист, ҳамчуноне ки барои ҳар як сарояндаи тоҷик донистани “Шашмақом” ва сурудан дар қолиби он ҳатмист. Баъд аз он ки ин қолибҳоро донистед ва дар чорчӯби қоъида ва қавонини он қолибҳо коре кардед, то метавонед, ҳар қадр дилатон хост ва нирӯятон иҷозат дод, қолабшиканӣ кунед.

Ҳоло баргардем ба мавзӯъи худамон.

Хоҳари азизам Нигина ин таронаи зеборо бар шеъри ин бандаи камина суруда аст. Пинҳон намедорам, бисёр хушам омад. Умедворам, ки Шуморо ҳам, дӯстони хуби худам, хуш ояд. Ман дар бораи матн намегӯям, дар бораи мусиқӣ ва овоз мегӯям. Ин ҷо як талоше барои эҷоди ҳамгиройӣ айни мусиқии ғарбӣ ва шарқӣ ҳаст. Ин ҷо асли оҳанг тоҷикист, аммо ҷо-ҷое оҳангҳои итолиёӣ и испонӣ ба гӯш мерасад. Ин як талоше баройи ҳамгиройии мусиқии тоҷикӣ бо гароийшҳои мусиқии ҷаҳонист.

Ва дар поён аз дӯстон ва азизони худам узр мехоҳам, ки аз ин фурсати хуб сӯи истифода, ё ҳусни истифода (ҳарчи дилатон мепазирад) кардам ва пур гуфтам. Бубахшедам, ки гуфтаниҳои зиёд ва фурсати каме дорам. Аммо мутмаинам, ки хисорати ин заҳматеро ки бароятон додам, ин таронаи зебои хоҳари азиз Нигина Амонкулова ҷуброн хоҳад кард. Қазоват бо шумост. Шаби хуше дошта бошед дӯстони азизам!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button