ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

Ошкор шудани вуруди 232 шаҳрванди Тоҷикистон ба Қазоқистон бо асноди қалбакӣ

Додситонии нақлиёти Қазоқистон аз ошкор шудани вуруди ғайриқонунии беш аз 200 хориҷӣ ба қаламрави ин кишвар дар давраи пандемия хабар дод. Қазоқистон аз 13 май вуруди хориҷиёнро ба қаламраваш манъ кард. Ба истиснои танҳо онҳое, ки барои табобат бояд ба Қазоқистон биоянд. Афроди корчаллон ҳамин нуктаро сӯиистифода бурда, барои вуруди садҳо нафар ба Қазоқистон роҳ кушодаанд.

 «Таҳлили анҷомдодаи додситонии нақлиёт маврдиҳои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз тариқи додани асноди тиббии қалбакӣ ба 232 шаҳрванди Тоҷикистон дар бораи гӯё табобат гирифтанашон дар муассисаҳои тиббии Қазоқистонро ошкор кард», – гуфта мешавад дар иттилоияи додситонии нақлиёти Қазоқистон.

Дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 394-и Кодекси ҷиноятии Қазоқистон бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ тафтишоти пешакӣ шурӯъ шудааст. Ҳамин тавр, 232 шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси моддаи 392 ба убури ғайриқонунии марзҳои Қазоқистон айбдор мекунанд. Ба онҳо ҷарима ба маблағи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳои моҳона ваё то як сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Ҳам дар ҳолати ҷарима ва ҳам дар ҳолати судури ҳукм, ин шаҳрвандонро аз қаламрави Қазоқистон ихроҷ ва барои 5 сол аз ҳаққи убури марзҳои ин кишвар маҳрум мекунанд.

Дар давраи пандемияи коронавирус аксари кишварҳо вуруди хориҷиёнро ба қаламрави худ маҳдуд ва бархе ҳатто масдуд карданд.

Қазоқистон баъди Русия дуюмин кишвари бузурги қабулкунандаи муҳоҷирони тоҷик ба шумор меравад. Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол ҳудуди 100 ҳазор нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор ба Қазоқистон мерафтанд. Аммо имсол ҳазорон нафар ба сабаби коронавирус аз имкони рафтан ба мардикорӣ ба Қазоқистон маҳрум шуданд. Ҳамин тавр, садҳо ҳазор аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон имсол ба сабаби пандемия натавонист ба Русия биравад.

Транспортными прокурорами выявлено свыше 200 фактов незаконного пресечения госграницы

С 13 мая т.г. решением Межведомственной комиссии при Правительстве ограничено пересечение госграницы всем иностранным гражданам, за исключением прибывающих на лечение в казахстанские медучреждения. 

Проведенным анализом транспортной прокуратуры установлены факты организации незаконной миграции, путем выдачи поддельных медицинских справок о прохождении лечения в  медучреждениях Казахстана для 232 граждан Таджикистана. 

По инициативе прокуратуры начато досудебное расследование по ст.394 ч.2 Уголовного кодекса (организация незаконной миграции), расследование которого поручено линейному отделу полиции аэропорта г. Алматы.

В отношении иностранцев решается вопрос о регистрации фактов в ЕРДР по ст.392 Уголовного кодекса (умышленное незаконное пересечение государственной границы).

Главная транспортная прокуратура

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button