Қудратбек Элчибеков, ховаршиноси шинохта, корманди Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 12 декабр дар синни 82 аз олам чашм пӯшид. Олими маъруфро рӯзи 13 декабр дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурданд.
Қудратбек Элчибеков 23 феврали соли 1938 дар деҳаи Вери ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1964 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-шарқшинос хатм кардааст. Устод Элчибеков аз соли 1968 то поёни умр, дар тӯли беш аз 50 сол дар Маркази мероси хаттӣ фаъолият кардааст. Ӯ соли 1977 Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав рисолаи номзадии худро дар мавзӯъи «Силсиламаротиби рӯҳоният дар мазҳаби исмоилия» дифоъ карда, сазовори унвони номзади илми таърих гардид. “Шаш фасл”-и Носири Хусрав ва “Кимиёи саодат”-и Ғазолӣ (ҳамроҳ бо Дӯстмуҳаммади Дӯст) аз китобҳоест, ки бо кӯшиши Қудратбек Элчибеков ба хатти сирилик баргардон ва чоп шудаанд.
Даргузашти донишманди маъруф Кудратбеки Элчибекро барои хешу табор, дустон ва хамкоронаш таъзият мегуем.
Наъшаш имруз дар кабристони Сариосиё ба хок супурда шуд.
Ашхосе, ки фотехахони омаданианд, ба кучаи пушти чойхонаи Рохат, ру ба руйи мехмонхонаи собики ЦК мурочиат намоянд.
Сад афсус аз даргузашти ин шахсияти фарханги, ки дар рушди таърихи акоид дини корхои шоенеро ба субут расонд.Хамзамон у дусти мехрубон ва хеле дилсуз
Устод Қудратбек Элчибек шахсияти нотакрор буданд, ҳам олиму ҳам инсони воло буданд. Соли 2007 бо илтимоси дустон матни русии рисолаи номзадии бандаро таҳрир фармуда буданд, дар он раванд дусту бародар гаштем. Сатҳи русияшон беҳтар аз русҳо буд, хусусан дар матни илмӣ. Тадқиқоти нодир дар таърихи андешаи халқи тоҷик доштанд, ки арзиши онҳо ҷовидонист.
Афсус, ки имруз рафтаан.
Едашон ба хайр ва ҷояшон фирдавси барин бод
Олими барчаста буданд, беш аз он инсони начиб ва хирадманд буданд, чоят чаннату макони охиратат пур нур бод
СӮГВОРӢ
Бо андӯҳи гарон ба маълумоти ҳамкорони гиромӣ мерасонем, ки 12.12.2020, рӯҳи устоди шаҳир, шарқшиноси собиқадори кишвар Элчибеков Қудратбек ба малакути аъло пайваст. Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даргузашти он ходими сарсупурдаи ватанро ба ҳамкорон, ёру дӯстон, аҳли хонавода ва ҷомеаи илмии кишвар таслият арз менамояд.
Равонаш шоду ёду номи некаш гиромӣ бод!
Дар сӯги бародари ҳамкорам
Қудратбеки Элчибек (12.12.2020)
Марг бар марг, бародарро бурд,
Аз садаф кандаву гавҳарро бурд.
Аз ману зиндагӣ боварро бурд,
Аз само боз як ахтарро бурд,
Марг бар марг, ки бозигари мост,
Дар раҳи равзани мову дари мост.
Раҳм бар пиру ҷавон кай дорад,
Ҳар куҷоем, равон дар бари мост!
Алии Муҳаммадии Хуросонӣ
Худованд рахмату магфираташ кунад. Шодравон акаи Кудратбек барои тамоми кормандони Марказ намунаи садокат ба масьулияти хеш, рафики мехрубон, дусте, ки дар лахзахои зарури хамеша дар пахлу аст, буд. Дар тахияи фехристи дастхатхо тачрубаи калон дошта, ду-се соли охир дар тахия ва чопи чилдхои 7-10 Фехристи дастхатхо сахми калон дошт. Равонаш шод бод. Омин.
Худованд рахмату магфираташ кунад ва ба наздиконаш сабри чамил ато фармояд.
Шодравон Акаи Кудратбек бехтарин олими ховаршинос ва дусти самимию бо хама хамкорон муносибати хеле хуб
дошт.
Рухашон шоду едашу номаш гироми бод.
Ходими пешбари илмии шуъбаи тавсифи дастхатҳо таҳияи феҳрист ва ахбори илмӣ Элчибеков Қудратбек
Дар деҳаи Вери ноҳияи Шуғнони Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон таввалуд шудааст.Соли 1956 мактаби мутавасситаи ба номи Кирови шаҳри Хоруғро хатм намуда, то соли 1959 дар колхози ба номи Куйбишев кор карда, ҳамеша орзу дошт, ки таҳсилашро давом диҳад. Ӯ соли 1959 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил мешавад.
Қудратбек Элчибеков соли 1964 ба гирифтани дипломи донишгоҳ аз рӯи ихтисоси филолог-шарқшинос муваффақ мешавад. Баъди хатми донишгоҳ вай барои такмили ихтисос ба курси таълими олии Кумитаи бехатарии назди Шӯрои Вазирони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода мешавад. Шаҳрҳои Минск ва Маскав ҷаҳони ӯ, диду назари ӯро ба оламу одам беш аз пеш вусъат мебахшанд. Фаъолияти ӯ дар шаҳри Душанбе аз рӯи тахассусу вазифа идома дошта бошад ҳам, номбурда соли 1968 баъди истеъфо ба Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ, ки ҳоло номи Институти шарқшиносӣ ва мероси хатии АИ ҶТ-ро дорад, ба кори илмӣ ҷалб карда шуда, то ба ҳол дар ҳамин пажӯҳишгоҳ фаъолият дорад ва ба корҳои сирф илмӣ машғул аст.
Қудратбек Элчибеков бо қадам мондан ба ин даргоҳи бонуфузи илмӣ барои кори худ мавзӯъи «Силсиламаротиби рӯҳоният дар мазҳаби исмоилия»-ро интихоб намуд, зеро дар ин бора дар илми шарқшиносӣ ба ҷуз ишораҳои аввалия чизи ҷолибе зери даст набуд. Дар заминаи мавзӯъ мақолаҳои аввалини илмӣ, суханронӣ дар маҳфилҳои илмии кишвар низ рӯи об омадан гирифтанд, монанди мақолаи «Общие религиозно-философские и фольклорно-мифологическое обоснования иерархии духовенства в суфизме и исмаилизме» (Дар маҷмӯаи мақолаҳои «Религия и общественная мысль стран Востока, М.; 1974.), 4. «Исторические источники в Бадахшане» /Ахбори АИ ҶШС Тоҷикистон. Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, 1975, «Али в представлении бадахшанских исмаилитов» /Фушурдаи суханрониҳо дар ҳамоиши унвонҷӯён ва мутахассисони ҷавон дар Институти шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ, М.; 1977. қисми.2), «Исмаилизм на Памире» /Дар китоби «История Бадахшана» ҷ.2, Душанбе, 2006 ва ғайра.
Соли 1977 Қудратбек Элчибеков дар Институти шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав рисолаи номзадии худро дар мавзӯъи «Силсиламаротиби рӯҳоният дар мазҳаби исмоилия» дифоъ намуда, сазовори унвони номзади илми таърих гардид. Ӯ дар ин муддат аз ходими хурди илмӣ то ходими пешбари илмӣ ба камол расида, аз аввали соли 2009 мудири шуъбаи дастнависҳо ва таҳияи феҳристҳо буд. Дар ин миён номбурда аз соли 1977 то соли 1980 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сифати тарҷумони низомӣ ва аз соли 1983 то соли 1986 дар қатори қувваҳои маҳдуди Артиши Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон ифои вазифа намуд, ки заҳамоти ӯ бо нишони «Ситораи сурх» ва медалҳои «Барои шуҷоат» ва «Барои хизматҳои ҷангӣ» қадр гардид. Ин хадамоти аз илм берун амри замон буд.
Яке аз корҳои назарраси Қудратбек Элчибеков ин тарҷумаи матни русии феҳристи нусхаҳои хаттии Ганнҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносӣ ва мероси хатии АИ ҶТ ба забони форсӣ-тоҷикӣ дар чаҳор ҷилд, ки солҳои 1376-1383 ҳ.ш. (1987-2005) дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳамкории А. Алимардонов, С. Шаҳобуддинов итишор ёфтаанд, мебошад.
Инчунин дар соли 1376 (1987) бо ҳамкории Саиданвар Шохуморов феҳристи дастнависҳои хаттие, ки аз тарафи А,Бертелс ва М. Бақоев ба номи «Алфавитный каталог рукописей, обнаруженных на территорией ГБАО экспедицией 1959-1963 гг.» таҳия гардида буд, ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума намуда, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нашр расонидаанд.
Қ. Элчибеков дар маросими бузургдошт аз олимон ва шоирону файласуфони гузаштаи ҳалқи тоҷик ширкат намуда, асари «Шаш фасл»-и Носири Хусравро ба муносибати 1000-солагиаш дар соли 2003 ва бо ҳамкории Дӯстмуҳаммади Дӯст матни комили «Кимиёи саодат»-и имом Муҳаммади Ғаззолиро дар соли 2008 дар ду ҷилд бо муқаддима ва тавзеҳоти зарурӣ ба чоп расониданд ва дастраси ниёзмандон гардониданд.
Аз сомонаи Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон