Бозпурсии хешовандони Ҳоҷӣ Ҷаббор – яке аз лидерҳои тоҷикони Маскав
Наздикони Ҳоҷӣ Ҷаббор (Абуҷаббор Қурбонов), яке аз лидерҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, ки мақомомти раёсати мубориза бо терроризм ва экстремизми ВКД онҳоро чанд соат бозпурсӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин раёсат тафтишотро ба зидди Ҳоҷӣ Ҷаббор бо гумони “ҳамкорӣ бо террористҳо” шурӯъ кардааст. Ба гумони тафтишот, гӯё Ҳоҷӣ Ҷаббор соли 2016 як сим-корти “БиЛайн” харида, тӯли 4 дақиқа бо афроде, ки дар Сурия ё Ироқ қарор доштаанд, суҳбат кардааст ва гӯё ба ҷангиён кумаки молӣ ҳам расондааст.
Худи Ҳоҷӣ Ҷаббор бо изҳори тааҷҷуб ба Радиои Озодӣ гуфт, як моҳ пеш дар Тоҷикистон буд, вале касе ӯро бозпурсӣ накард. “Дар тааҷҷубам, ки чаро ҳамсари маро даъват карда, пурсидаанд”, — мегӯяд Ҳоҷӣ Ҷаббор.
Мақомоти ВКД расман ин хабарро тасдиқ накардаанд, вале Садафмо Тешаева, ҳамсари Ҳоҷӣ Ҷаббор (ба Радиои Озодӣ гуфт, пурсиши онҳо рӯзи 10-уми декабр сурат гирифтааст. “Се соат ба мо суол доданд. Аз ҷумла, гуфтанд, ки соли 2016 дар Душанбе аз ширкати “Билайн” симкорт гирифта, тавассути “Однокласники” ва Вотсап бо намояндагони гуруҳҳои тундрав дар Ироқу Сурия чаҳор дақиқа тамос доштааст. Гуё ба онҳо кумаки молӣ кардааст. Дар посух гуфтам, ки ин иттиҳомҳо ягон асос надоранд”, — нақл кард ӯ.
Ҳоҷӣ Ҷаббор аз соли 1997 дар Маскав кору зиндагӣ мекунад ва яке аз нафарони пурнуфуз дар байни тоҷикони Русия ба шумор рафта, фаъолияти аробакашҳо дар чанд бозори бузурги шаҳри Маскавро таҳти назорат дорад. Моҳи сентябри соли 2019 хадамоти матбуоти президент хабар дода буд, ки ӯ дар деҳаи Оли Сомони ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳисоби худ барои 640 хонанда мактаби сеқабата сохтааст. Дар маросими ифтитоҳи он мактаб президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда буд.
Иззат Амон, раиси созмони “Маркази тоҷикон” дар Маскав, гуфт, Ҳоҷӣ Ҷаббор бештар ба муҳоҷирони тоҷик ва донишҷӯёну варзишкорон кумак мерасонд. “Дар рӯзҳои пандемияи COVID-19 барои муҳоҷирони тоҷик кумак кардааст. Азбаски шахси бонуфуз аст ва чанд бозорро зери назорат дорад, шояд ба доираҳое дар Маскав ва дар Душанбе хуш намеояд ва мехоҳанд, нуфузашро кам кунанд”, — афзуд ӯ.
Пайвандони Ҳоҷӣ Ҷаббор гуфтанд, ки мақомот онҳоро бозпурсӣ кардаанд
- Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ
Пайвандони Абдуҷаббор Қурбонов (Ҳоҷӣ Ҷаббор), аз чеҳраҳои шинохта дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, гуфтанд, ки маъмурони Раёсати мубориза ба зидди терроризм ва экстремизми ВКД онҳоро мавриди пурсиш қарор додаанд.
Ба иддаои онҳо, Раёсати мазкур ба зидди Ҳоҷӣ Ҷаббор бо гумони “ҳамкорӣ бо терроризм” тафтишотро оғоз кардааст.
Талоши мо барои гирифтани тасдиқи хабар аз мақомот то ин дам бенатиҷа буд. Дар сурати ба даст омадани иттилои расмӣ дар ин замина онро ба матлаб илова хоҳем кард.
Абдуҷаббор Қурбонов (Ҳоҷӣ Ҷаббор) аз соли 1997 ба ин тараф дар Русия ба тиҷорат машғул будааст. Вай рӯзи 13-уми декабр оғози тафтишоти пешакӣ аз тарафи Раёсати мубориза бо терроризм ва экстремизми Вазорати корҳои дохилиро тасдиқ кард.
Раёсати мубориза ба зидди терроризм ва экстремизми Вазорати корҳои дохилӣ расман далели тафтишотро ошкор накардааст.
Садафмо Тешаева, ҳамсари Ҳоҷӣ Ҷаббор (Абдуҷаббор Қурбонов) ба Радиои Озодӣ гуфт, пурсиши онҳо рӯзи 10-уми декабр сурат гирифт. “Се соат ба мо суол доданд. Аз ҷумла, гуфтанд, ки соли 2016 дар Душанбе аз ширкати “Билайн” симкорт гирифта, тавассути “Однокласники” ва Вотсап бо намояндагони гуруҳҳои тундрав дар Ироқу Сурия чаҳор дақиқа тамос доштааст. Гуё ба онҳо кумаки молӣ кардааст. Дар посух гуфтам, ки ин иттиҳомҳо ягон асос надоранд“, — нақл кард ӯ.
Пайвандони Ҳоҷӣ Ҷаббор мегӯянд, аз намояндагони раёсат хоҳиш кардаанд, то рӯзи сешанбе маълум кунанд, ки вай дақиқан ба чӣ муттаҳам аст ва дар куҷо чӣ кори хилофи қонун кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷӣ Ҷаббор мегӯяд, як моҳ пеш дар Тоҷикистон буд ва ҳеч мақоми умури дохилӣ ё амниятӣ ӯро ба пурсиш нахонд. “Дар тааҷҷубам, ки чаро ҳамсари маро даъват карда, пурсидаанд”, — мегӯяд Ҳоҷӣ Ҷаббор.
Иззат Амон, раиси созмони “Маркази тоҷикон” дар Маскав, рӯзи 13-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳоҷӣ Ҷаббор бештар ба муҳоҷирони тоҷик ва донишҷӯёну варзишкорон кумак мерасонад.
“Дар рӯзҳои пандемияи COVID-19 барои муҳоҷирони тоҷик кумак кардааст. Азбаски шахси бонуфуз аст ва чанд бозорро зери назорат дорад, шояд ба доираҳое дар Маскав ва дар Душанбе хуш намеояд ва мехоҳанд, нуфузашро кам кунанд“, — афзуд ӯ.
Абдуҷаббор Қурбонов дорои ду маълумоти олии ҳуқуқӣ ва андоз буда, Академияи идораи назорати давлатиро хатм кардааст. Вай мегӯяд, аз он чи бо наздиконаш дар Тоҷикистон мегузарад, нигарон аст.
Номи Ҳоҷӣ Ҷаббор чанд дафъа, аз ҷумла дар робита ба “ҳақситонӣ” дар бозорҳои Маскав дар сархати расонаҳои Русия қарор гирифтааст. Айни замон хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон соли гузашта ӯро соҳибкори ватанӣ муаррифӣ кард, ки дар деҳаи “Оли Сомон”-и ноҳияи Рӯдакӣ мактаб сохтааст.