ВидеоСиёсатТоҷикистонҲуқуқи инсон

4 “хатогӣ”-и Маҳмурод Одинаев: Тафсилоти боздошти муовинаш аз забони Зойиров

Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизби оппозитсионии сотсиал-демократи Тоҷикистон дар як матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук бархе тафсилоти боздошти муовинаш Маҳмурод Одинаевро нашр кардааст. Бино ба фарзияи Зойиров, Одинаев ба 4 хато роҳ дод, ки сабаби боздошташ шуд. Зойиров бо худ телефон гардондани Одинаев ва бо президент сар ба сар шудани ӯро “хато”-ҳои асосии муовинаш номид:

1. У телефон доштааст ва аз руи сигнали у дастрас намудаанд. Ман дар бораи телефонаш хабар надоштам. Ин беэхтиётии Махмурод Одинаев;

2. Кормандони милиса ва амният (зиеда аз 15 нафар) бинои сигнал додаро ихота карданд ва дар давоми се соат биноро ковтуков карданд. Зиёда дах хучраро аз назар гузоронданд. Дар чойи пинхон шудаи М.Одинаев ду бор будаанд, аммо телефон хомуш нашуд. Телефон сабаби дастгир шудани у шуд;

3. Сабаби дастгир шудани М. Одинаев манокишаи у нисбати Президенти кишвар шуд, ки сабаби “хусуси” дошт. То охирон рузхо барои ман ин фахмо набуд. Ин оператсия карийб як мох “разработка” шуд ва акнун амали гашт;

4. Ин оператсияро созмони амният дар якчоягии бо дигар макомотхо, аз чумла ВКД амали гардонд. Охирон хатоги – яне манокиша бо президенти кишвар – ин хатогии асоси буд!

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ, тақрибан аз 19 ноябр, дар пайи даъваташ ба як гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази Душанбе бедарак шуд. Сарусадоҳое бархоста буд, ки ӯ дастгир гардида, таҳти шиканҷа қарор дорад. Вале Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ рӯзи 4 декабр гуфт, Одинаев ҳангоми кӯшиши боздошташ аз хона фирор кардааст ва ҳоло дар як макон пинҳон шуда, табобат мегирад. Зойиров гуфт, Одинаев пойи луч фирор кардааст ва ба ин далел, пойҳояш осеб дидаанд. Зойиров рӯзи 5 декабр хабар дод, ки муовинашро соати 11 дастгир кардаанд.

Ба дунбол, ҳамон рӯзи 5 декабр Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ (Додситонии кулл)-и Тоҷикистон дар як изҳороти вижа хабар дод, ки Одинаев Маҳмурод Шарифович, с.т. 01.03.1962, сокини Ҳисор, бо иттиҳоми авбошӣ ва таҳдиду зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳ нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ дастгир шудааст. Додситонӣ гуфт, Маҳмурод Одинаев ҳамроҳи ҳамсари собиқаш ва писараш рӯзи 29 октябр дар саҳни комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ба сабаби ба хидмати ҳарбӣ даъват шудани писараш Одинаев Ҳоҷиакбар дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ба огоҳ намудани намояндагони ҳокимияти давлатӣ эътино накарда ин кирдорҳои ғайри қонунии худро худсарона идома дода, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст.

Додситонӣ гуфт, нисбат ба Одинаев бар асоси моддаи 237 бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ ва нишон додани муқобилият ба намояндаи давлат парванда оғоз карда, ӯро рӯзи 5 декабр дар Додгоҳи шаҳри Ҳисор рӯзи 7 декабр Одинаевро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Наздикони Одинаев мегӯянд, онҳо дар назди комиссариати ҳарбӣ алайҳи тариқи “облава” аз кӯча дастгир кардани писарашон Ҳоҷиакбар эътироз карда буданд.

Рахматилло Зойиров

Чахор “хатогии” Махмурод Одинаев.

Дах руз мешавад, ки ман дар изтироби ковид. Аз соати 12 то соати 17 ва аз соати 23 то сахари 4.30 ман дар изтироби ин талафот, дурусттараш натичахои он.

Бисёру бисёр дар такдири Махмурод Одинаев фикр кардам.

Рузи 28.11 ман ба у сухбат доштам ва барои иштирок дар конфронси матбуоти даъват кардам.

Конфронси матбуоти З0 ноябр дар офиси мо дар сурогаи Маяковский 45/1 хучраи 26 баргузогор мекард.

Рузи 30.10. Махмурод Одинаев наомад. Омад танхо чавон, ки бо у хамро буд. Нишасти матбуотиро 1.5. соат давом додем. Ва чавонро ба хонаш гузел кардам.

Хамин тавр сабаби асосии иштирок накардани Махмурод Одинаевро дар ин нишасти матбуоти барои ман номаълум монд.

Паси як шабу руз аз ин Махмурод Одинаевро дастгир кардаанд ва ба як руз пас хабс гирифтанд.

АКНУН ФАХМО МЕШАВАД, ки уро чигуна дастгир кардаанд.

1. У телефон доштааст ва аз руи сигнали у дастрас намудаанд. Ман дар бораи телефонаш хабар надоштам. Ин беэхтиётии Махмурод Одинаев;

2. Кормандони милиса ва амният (зиеда аз 15 нафар) бинои сигнал додаро ихота карданд ва дар давоми се соат биноро ковтуков карданд. Зиёда дах хучраро аз назар гузоронданд. Дар чойи пинхон шудаи М.Одинаев ду бор будаанд, аммо телефон хомуш нашуд. Телефон сабаби дастгир шудани у шуд;

3. Сабаби дастгир шудани М. Одинаев манокишаи у нисбати Президенти кишвар шуд, ки сабаби “хусуси” дошт. То охирон рузхо барои ман ин фахмо набуд. Ин оператсия карийб як мох “разработка” шуд ва акнун амали гашт;

4. Ин оператсияро созмони амният дар якчоягии бо дигар макомотхо, аз чумла ВКД амали гардонд. Охирон хатоги – яне манокиша бо президенти кишвар – ин хатогии асоси буд!

Акнун, маъсалахои хукукии онро охиста, дар давоми яу чанд мох, баррасии мекунем!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button