ВидеоДин ва боварҳоЧеҳраҳо

ЗОДРӮЗИ ОҒОХОНИ ЧОРУМ – ПЕШВОИ ИСМОИЛИҲОИ ҶАҲОН

Пайравони мазҳаби Исмоилия рӯзи 13 декабр зодрӯзи 84-уми имоми ин мазҳаб шоҳзода Карим Оғохони чорумро ҷашн мегиранд. Оғохони IV, ки ӯро пайравонаш Мавлоно Ҳозир Имом меноманд, 13 декабри соли 1936 дар Швейтсария ба дунё омада, аз соли 1957, инак 63 сол боз роҳбарии исмоилиҳои дунё, аз ҷумла роҳбарии пайравони ин мазҳаб дар Бадахшони Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Ӯ яке аз пурнуфузтарин намояндагони ҷаҳони Ислом дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ эътироф шуда, талош мекунад, ки ба ҷаҳониён чеҳраи як Исломи модерни парҳезгор аз хушунат, пойбанд ба илму дониш ва пешрафтро муаррифӣ кунад. Оғохони IV ҳамин тавр, бо барномаҳои густардаи имдодиаш дар саросари ҷаҳон маъруф аст.

Рӯзи 12 декабр дар арафаи зодрӯзи 84-уми шоҳзода Карим Оғохони чорум Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аксари аҳолиашро пайравони мазҳаби Исмоилия ташкил медиҳанд, дар як паёми шодбошӣ пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оғохони чорумро ба зодрӯзаш табрик кард. Файзов Оғохони чорумро инсони бузурге номид, ки умри пурбаракати худро тавассути меҳнати шабонарӯзӣ барои инсоният бахшидааст.

МИМХД-и Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон

Ба Волоҳазрати Воломақом, Шоҳзода Карим Оғохон – Мавлоно Ҳозир Имом

Волоҳазрати Воломақом,

Бо эҳсоси ифтихор ва хушнудии бузург Шуморо Мавлоно Ҳозир Имом, Имоми маҳбуб аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва сокинони баландтолеъи он табрик ва муборакбод намуда ба Шумо сиҳатии бардавом ва солҳои тӯлонии ҳаёти пурфайзро таманно дорам. Инсоният кам бузургонро дар ёд дорад, ки ин қадар умри пурбаракати худро тавассути меҳнати шабонарӯзӣ барои инсоният бахшидааст. Ифтихор ва сарбаландии мо аст, ки Шумо Волоҳазрати Воломақом ҳанӯз аз рузҳои аввали душвори соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Рахмонро дастгирӣ намудед. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Пешвои миллат , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ барои ташкилотҳои Оғохон ва Институтҳои ҷамоатӣ дар кулли қаламрави Тоҷикистон на фақат барои бемайлон фаъолият кардан шароити фароҳам овард, балки ба онҳо имтиëзҳои зиёдеро низ раво дид. Хушҳолем, ки айни ҳол ин ҳамкорӣ сатҳи навро касб намуда, дар тамоми соҳаҳо бомаром идома дорад ва номаи табрикотии Шумо ба унвонии Ҷаноби Олӣ, ба хотири якдилона интихоб шуданашон ба мансаби Президенти мамлакат худ шоҳиди ин ҳамкорӣ ва дӯстиву бародарӣ аст. Ҷамоати исмоилияи Тоҷикистони озод ва соҳибистиқлол аз он шукргузор аст , ки таҳти муҳофизат ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати нозукбинонаи Пешвои миллат қарор дошта ҳамвора бо Имомат робитаи мустақим доранд ва аз кӯмак, дуо ва баракати Шумо низ хеле хуб бархурдоранд, ки мутаасифона на дар ҳамаи мамлакатҳои дигар чунин неъмати бузурги дутарафа ба ҷамоат насиб шудааст. Панду насиҳатҳои пайвастаи Шумо дар хусуси шаҳрванд ва муриди беҳтарин будан, пуштибонӣ аз волоияти қонун, сулҳу субот ва ватандӯстиву ободкорӣ дар ин дунёи пуртаззод ва ноором хеле саривақтӣ буда, ҳамқофияи сиёсати Роҳбарияти Олии мамлакатамон мебошанд.

Бори дигар Рӯзи Мавлуди Мубораки Шумо ҳумоюн бод, умри пурбаракататон бепоён ва бигузор Худованд ба Шумо нерӯи тамомнашванда дар иҷрои ин рисолати таърихӣ ва бузург ато намояд.

Бо эҳтироми беандоза

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов

 Шохзода Карим Оғохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба дунё омадааст. Падари ӯ Алӣ Салмон Хон ва модараш Тоҷуддавла Алӣ Хон (Ҷоанн Ярд Баллер, духтари барон Чёрстон) мебошанд.

Карим Оғохон маълумоти миёнаро дар Institut Le Rosey – яке аз мактабҳои машҳури Швейтсария гирифта, соли 1959 риштаи таърихи Исломи Донишгоҳи Ҳарварди Амрико – яке аз мӯътабартарин мактабҳои олии дунёро хатм кардааст. Бобои ӯ Муҳаммад Оғохони III қабл аз вафоташ мақоми имоми исмоилиҳоро на ба яке аз ду писараш,балки ба наберааш Карим Оғохон васият кард.

Карим Оғохон 11 июли соли 1957, баъди вафоти бобояш замоне ба мақоми имоми исмоилиҳо расид, ки ҳанӯз ҳамагӣ 21 сол дошт ва донишҷӯи Ҳарвард буд. Дар пайи расидан ба ин мақом маликаи Бритониё ба Шоҳзода Карим Оғохон унвони “Аълоҳазрат”-ро ато кард.

 Оғохон 49-умин имоми шиъаёни исмоилӣ ва насли 49-ум аз фарзандони Алӣ ибни Абӯтолиб ва Фотимаи Заҳро (духтари гиромии ҳазрати Муҳаммад (с)) мебошад,

Шохзода Карим Оғохон дар ҷавониаш варзишгар ҳам буд ва соли 1964 дар Олимпиадаи зимистона дар Инсбруки Австрия дар мусобиқати лижаронӣ ширкат кардааст.

Шоҳзода Карим Оғохон тавонист дар давраи раҳбариаш бар исмоилиёни ҷаҳон дар заминаи ниҳодҳои мазҳабӣ шабакаҳои хеле қавии тиҷоратӣ, хайрия ва маорифиро бунёд кунад. Сандуқи Оғохон дар ҳоли ҳозир яке аз бузургтарин созмонҳои хайрия ва маърифатӣ ба шумор меравад, ки ба садҳо ҳазор нафар дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон кумак мерасонад.

Шабакаҳои Оғохон аз ҷумла муассиси Донишгоҳи Оғохон дар Покистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо бахшҳояш дар Хоруғи Тоҷикистон ва Норини Қирғизистон мебошанд.

Ҳамин тавр, дар Торонтои Канада як Маркази бузурги Исмоилиҳо ва Осорхонаи Карим Оғохон бунёд шудаанд.

 Шоҳзода Карим Оғохон 4 фарзанд дорад: шаҳдухт Заҳро Оқохон, шаҳзода Раҳим Оқохон ва шаҳзода Ҳусейн Оғохон аз ҳамсари аввалаш Бегим Салима Оқохон ва шаҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон аз ҳамсари дуюмаш Бегим Инора Оғохон.

Аз моҳи июли соли 2017 то июли соли 2018 дар саросари ҷаҳон ҷашни алмосӣ – 60 солагии ба мақоми имоми мазҳаби Исмоилия расидани Оғохони чорум ботантана таҷлил шуд. Ҷашни алмосии Карим Оғохон дар ҳоле таҷлил шуд, ки бисёре аз ҷомиаҳои Исмоилӣ дар дунёи имрӯза дар вазъи хубе қарор надоранд. Исмоилиҳои сокини Сурия дар оташи ҷанги шаҳрвандии хунин дармонда, пайравони ин мазҳаб дар Покистон ба мавҷи афзояндаи ҳамлаҳои тундравон дар заминаи адовати мазҳабӣ рӯбарӯ  мебошанд. Ҳамин тавр, чандин макони сукунати пайравони мазҳаби исмоилия дар вилояти Бадахшони Афғонистон, аз ҷумла ноҳияи Юмгонро, ки мазори Носири Хусрав – яке аз шахсиятҳои таърихии исмоилиҳо дар онҷост, чанд маротиба мешавад, ки ҷангиёни Толибон тасарруф мекунанд.

Шоҳзода Карим Оғохон яке аз намояндагони бонуфузи ҷаҳони Ислом дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Моҳи октябри соли 2017 Созмони Милали Муттаҳид ҷоизаи солонаи Пешвои ҷаҳонро ба се шахсият ва ду созмон, аз ҷумла ба шоҳзода Карим Оғохони Чорум супурд ва ӯро яке аз чемпиoнҳои рақами як дар роҳи тағйири ҷаҳони имрӯза унвон кард.

Сандуқи Созмони Милал гуфт, Карим Оғохон барои нақши раҳбариаш дар ҳалли масоили ҷаҳонии тандурустиву маориф ва бӯҳрони паноҳҷӯён тавассути Шабакаи рушди Оғохон ва ҳам барои ҳамкории густардааш бо Созмони Милал сазовори ин ҷоизаи мӯътабар дониста шуд.

Шоҳзода Карим Оғохон шахсиятест, ки талош дорад ба ҷаҳониён чеҳраи як Исломи модерн ва роҳи парҳез хушунат, пойбандӣ ба илму дониш ва пешрафтро таблиғ кунад. Ӯ ҳамин тавр, дар қаламравҳое, ки пайравонаш ба сар мебаранд, бо роҳандозии барномаҳои имдодӣ кӯшиши сохтани иқтисодҳои худпойдорро дар сар мепарварад.

Аксари сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон низ пайрави мазҳаби Исмоилия буда, Шохзода Карим Оғохонро имоми худ мешуморанд. Шохзода Карим Оғохон бори аввал соли 1995 аз Бадахшони Тоҷикистон боздид кард ва рӯзи аввалин сафари ӯ ба ин минтақа ҳамчун Рӯзи Нур ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button