ТаърихФарҳангЧеҳраҳо

Қатли зебоӣ: Солгарди 25-уми террори Муҳиддини Олимпур

Муҳиддини Олимпур, хабарнигор ва аксбардори шуҳратёри тоҷик, 13 декабри соли 1995, дар рӯзҳое ки дар Тоҷикистон ҷанги хунини шаҳрвандӣ идома дошт, дар маркази шаҳри Душанбе кушта шуд. Мақомот дар қатли Муҳиддин Олимпур 5 узви дастаи Нозим Юнусов, маъруф ба Эшони Нозим, як фармондеҳи нирӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Кофарниҳонро гунаҳкор карданд ва аксари онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Вале бо ин вуҷуд суолҳои зиёде пиромуни ин террор, аз ҷумла дар бораи сабабҳои куштори журналисти маъруф ва фармоишгаронаш беҷавоб боқӣ мондаанд.

Муҳиддин Олимпур 2 марти соли 1946 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Ленинобод (ҳоло – Суғд) ба дунё омада, солҳои зиёде дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», хабаргузории “Ховар” ва ҳамчунин ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон кор кардааст. Солҳои 1990-1995 Муҳиддин Олимпур мудири дафтари радиои ББС дар Душанбе буд. Олимпур муаллифи ду китоб ва силсилаи барномаҳои радио ва телевизионӣ буда, барои гузоришҳо ва аксҳои нотакрораш барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ  шудааст. Барномаҳои ӯ – “Аз Душанбе то Лос-Анҷелес” ва “Ситораҳо Шарқ” – аз шоҳкорҳои журналистикаи телевизионии тоҷик эътироф шудаанд.

Муҳиддин Олимпур 13 декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд. Ҷасади ӯро субҳи дигар аз ҷӯйборе дар роҳ ба сӯи “Ҷазира” – биноҳои Донишгоҳи миллӣ пайдо карданд.

Мардони Муҳаммад, хабарнигори собиқи ББС, ки ҳамроҳи Муҳиддин Олимпур кор мекард, дар бораи он рӯзи наҳс дар суҳбат бо нашрияи “Тоҷикистон” чунин қисса кардааст: “Охири моҳи декабри соли 1995 дар Эрон бояд намоиши аксҳои Муҳиддин Олимпур баргузор мешуд. Санаи 12 декабр Муҳиддин Олимпур аз банда ва Нурмуҳаммад Холзода хоҳиш кард, ки ҳамроҳи ӯ барои ин намоиш аксҳои мувофиқ интихоб кунем. Олимпур худ медонист, ки кадом аксҳоро мебарад, аммо ба ҳар ҳол фикри моро пурсидан мехост. Ҳамин тавр, мо то дер дар коргоҳ мондем… Чун корамон ба охир расид, ҳар се аз дафтар берун шудем. Олимпур гуфт, ки автобус интизор мешавад, мо бошем хайрухуш карда пиёда ба хона рафтем. Саҳар вақте кор омадам, хабари марги Олимпур шунидам… Дар ибтидо бовар накардем. Саёҳат Неъматова, ки корманди ҳукумат буд ба раиси Кумитаи давлатии бехатарӣ Сайидамир Зуҳуров занг зада ҳақиқат доштани хабарро пурсон шуд. Зуҳуров “ҳоло тасдиқ нашудааст”- гӯён гӯширо гузошт. Ҳамин лаҳза нависанда Ӯрун Кӯҳзод вориди офиси мо шуда, гуфтанд: — Олимпурро дар назди ҷазира ба қатл расонида, ҷасадаш дар ҷӯйбор аст. Рафта ӯро саришта кунед… Вақте мо ҷониби ҷазира давидем, аз пешамон чанд корманди милитсия баромад. Онҳо аллакай Олимпурро бурда буданд”.

Ба андешаи Мардони Муҳаммад, Олимпур ба эҳтимоли зиёд қотилони худро мешинохт, зеро ба мошини онҳо савор шуда аз Иттифоқи нависандагон то ба «Ҷазира» омадааст: “Ӯ аз истгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба автобус не ба мошин савор шудааст. Яъне ӯ ронандаи мошинро мешинохт… Ҷузъиёти марги Олимпурро нагуфтанд, аммо овозаҳо буд, ки ӯро киллери касбӣ бо ду тир куштааст.”
Тафтиши парвандаи қатли Муҳиддин Олимпур чандин сол тӯл кашид ва танҳо дар соли 2003 нахустин нафарон – сокинони шаҳри Ваҳдат Адҳам Тоиров ва Назрибек Давлатовро бо ҷурми даст доштан дар ин террор маҳкум ба зиндон карданд. Сипас Насрулло Шарифов, як гумонбари дигарро, ки ба Русия фирор карда ва дар онҳо бо ҷурми ғоратгарӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод ва ба зиндон маҳкум карданд.

Дар соли 2007 боз ҳам аз Русия Аслам Усмонов , боз як нафари дигари гумонбар дар қатли журналисти маъруфро ба Тоҷикистон оварданд. Соли 1995, вақте Олимпурро куштанд, Аслам Усмонов  ҳамагӣ 16 сол дошт. Ӯ дар ҷараёни бозпурсӣ ҷузъиёти сӯиқасд ба ҷони Олимпурро нақл карда, гуфтааст, ки дар ин сӯиқасд дар маҷмӯъ 5 узви дастаи Эшони Нозим – Адҳам Тоиров, Назрибек Давлатов, Насрулло Шарифов, худи Аслам Усмонов  ва боз Муртазо Ҳомидов ном нафаре, ки сарнавишти баъдиаш номаълум аст, иштирок доштаанд. Эшони Нозим (Нозим Юнусов) дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон фармондеҳи нирӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Кофарниҳон (қаблан – Орҷоникидзеобод, ҳоло – Ваҳдат) буд ва дараи Ромит асосан таҳти назорати нирӯҳои ӯ қарор дошт. Эшони Нозим дар поёни солҳои 90 дар як муноқишаи мусаллаҳонаи байни ҷангиёни мухолифин дар Кофарниҳон кушта шуд.

Худойназар Асозода, сухангӯи пешини ВКД Тоҷикистон баъди истирдоди Аслам Усмонов  ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки эътирофоти Аслам Усмонов  дар ҷараёни бозпурсиҳо қазияи куштори Муҳиддин Олимпурро хеле рӯшантар ва дасти ҷангиёни Эшони Нозим дар ин кушторро собит кард: Аъзои ҳамин дастаи ғайриқонунӣ бо фармони сардори даста, ки бо мақсади куштани директории бахши форси радиои ВВС марҳум Муҳиддин Олимпур ба шаҳри Душанбе омада буданд, ба қароргоҳи ӯ, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, хонаи 54 рафта, ӯро иҷборан бо худ мебаранд ва дар рӯ ба рӯи истгоҳи бозори «Баракат» онҳо ба сӯйи Муҳиддин Олимпур аз туфангчаи тамғаи Макаров ду тир паронда, ҷасадашро дар ҷӯйбори назди бинои Донишгои давлатии миллии Тоҷикистон мепартоянд. Ҳамин тариқ онҳо ходими давлатӣ, рӯзноманигор Муҳиддин Олимпурро бинобар фаъолияти ҷамъиятӣсиёсӣ ва бо ҳадафи суст кардани ҳокимияти давлатӣ ба қатл расонидаанд.”

Салими Аюбзод ва Носирҷон Маъмурзода соли 2007 дар як гузориши муфассал дар Радиои Озодӣ навишта буданд, ки мақомоти тафтишотӣ  ангезаи ин кушторро ба таври комил шарҳ надоданд ва “агар ҳатто афроди айбдоршуда ва ин боздоштшудаи нав дарвоқеъ қотилони Олимпур бошанд ҳам, фармоишгарони ин куштор дар паси парда боқӣ мондаанд. Ба ҳар ҳол фарзияи мақомоти тафтиш начандон боварбахш аст. Мақомоти тафтиш ва бархе аз коршиносон куштори Олимпур ва хабарнигори шабакаи русии ОРТ, Виктор Никулинро ба ҳам васл медиҳанд ва рӯйдодҳои ҳамсон меноманд, вале дар ҳоле ки Никулин бо гузоришҳои шадидлаҳнаш аз марзи Тоҷикистону Афғонистон метавонист, касе аз тарафдорони оппозисюни тоҷикро ба хашм оварад, Олимпур дар фаъолияти хабарнигорияш кӯшиш мекард, ба мавзӯъҳои сиёсӣ ва ҳассос дахл накунад. Ва куллан низ ӯ мавзӯъҳои фарҳангиро хуш дошту аз низоъ, хусумат ва зиштиҳо фирор мекард. Аз сӯи дигар ривояти инки чунин шахси боэҳтиёт чи гуна розӣ шудааст, бо афроди ношиносе аз коргоҳаш берун равад ва он ҳам дар ҳоле ки дар кишвар ҷангу хунрезӣ идома дорад, низ шубҳабарангез мебошад. Ҷасади ӯ субҳи рӯзи дигар кашф гардид ва ҳодиса гуфта мешавад, шомгоҳон ё шабона ба амал омадааст. Оё муфаттишон гуфта метавонанд, ки дар чандсадметрии кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч гуна амнияте вуҷуд надоштааст, ки шахсеро дар ин ҷо ба зарби гулула бикушанд? Яке аз пизишкони осебшинос, ки дар колбадшикофии ҷасади Олимпур ширкат кардааст, мегӯяд, дар меъдаи ӯ палаве буд, ки шоми он рӯз ва соате пеш аз кушта шуданаш истеъмол шудааст. Ин нишон медиҳад, ки шояд ӯ аз зиёфате баргаштааст ва ё кушандагонаш пеш аз марг ӯро бо баҳонае ба нони шом бурдаанд. Вале дар парванда ба ин ҷузъиёт диққат дода нашудааст.”

Бобо Олимпур, писари Муҳиддин Олимпур, ду сол пеш гуфт, ҳатто баъди содир шудани ҳукми қотилони падарашон ҳам онҳо аз ҷараёни таҳқиқ пурра розиву қонеъ нашуданд: “Дар мурофиа ширкат карда будем ва се нафар аз 10 то ба 15 сол ба зиндон маҳкум шуданд. Албатта, мо чандон аз ин ҳукм қаноатманд набудем, зеро онҳо аллакай падари моро кушта буданд ва ҳеҷ ҳукме наметавонад дарди фавти падарамро даво бахшад. Дар бораи сарнавишти минбаъдаи қотилони маҳкумшуда ҳеҷ иттилоъ надорам.”

Бино ба омори Хазинаи гиромидошти журналистони тоҷик, дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон беш аз 70 журналист кушта шудаанд, вале парвандаи қатли аксари онҳо пурра таҳқиқ нашудааст ва қотилони ин журналистонро ба ҷавобгарӣ накашондаанд.

Бино ба ҳисобҳо, дар 5 соли ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳазор нафар кушта шуданд. Аксари онҳо на дар майдони ҷанг ё барои ақида, балки дар ҷараёни амалиётҳои ба ном “поксозӣ” (“чистка”) фақат барои намояндаи ин ё он минтақа буданашон қатл шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button