Хабарҳои кӯтоҳ

Ахбори ҷиноии Тоҷикистон: 12 декабр

Як сокини 29-солаи деҳаи Зарнисори ноҳияи Рӯдакӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми ғорати 2930 доллар пули як ронанда аз ноҳияи Варзоб дастгир шудааст.

Як марди 45-сола аз ҷамоати Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ ба мардумфиребӣ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ ва зани 54-сола аз Душанбе ба барнагардондани 43 ҳазор айбдор мешаванд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 12 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани ғоратгар дар Хуҷанд

Кормандони милитсия дар ҳудуди маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд, сокини 29-солаи деҳаи Зарнисори ноҳияи Рӯдакӣ Хуршеди Зафархонро барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд.
Номбурда дар тасарруфи 2 930 доллари ИМА гумонбар дониста мешавад. Ҷабрдидаи ҷиноят Сангинов Фарҳод Қурбонович, соли таваллудаш 1962, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, ронандаи воситаи нақлиёти ба минтақаҳои дур боркашонанда дар хусуси ғорат шудани маблағи пулӣ ба милитсия муроҷиат кардааст.
Ҳодисаи ҷиноятӣ дар истгоҳи нақлиётии «Роҳи Абрешим»-и шаҳри Хуҷанд, ки ронанда барои таъмир автомашинаи боркашро гузошта буд, содир гардидааст. То рух додани ҳодиса ҷабрдида Сангинов Ф. гумонбаршударо барои кӯмак дар таъмири нақлиёт аз мардикорбозор киро намуда бо ҳам шинос ва аз хизматрасониҳояш истифода мебарад.
Тафтишоти пешакӣ бо такя аз далелҳои ҷамъоваришуда иттило медиҳад, ки коргари кироя Хуршеди Зафархон корфармо Ф. Сангиновро ошкоро ғорат кардааст.
Аз рӯи ҳодиса бо моддаи 249 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва баъди як рӯзи ҳодиса гумонбаршуда дастгир шуда бошад ҳам, аллакай қисме аз маблағи пулии тасарруфшударо ба манфиати шахсӣ истифода бурдааст. Аниқтараш аз 2930 доллар предмети ҷиноят танҳо 1700 доллар аз гумонбаршуда рӯёнида шуд, ки ҳамчун далели шайъӣ каҷрафтории Хуршеди Зафархонро тасдиқ менамояд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Ошкор гардидани амалҳои мардумфиребӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 31-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 12-уми декабри соли 2019, дар кӯчаи Айнии пойтахт, марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 200 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки моҳи октябри соли 2020 дар кӯчаи Назаршоеви шаҳри Душанбе зани 53-солаи сокини шаҳри мазкур, бо роҳи фиреб ба боварии зани 54-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ барои фурӯш маҳсулоти хӯрокаро ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ гирифта, 113 ҳазор сомониро баргардонида, боқимонда 43 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Боздошти ду ҷавони 22-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 10-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо 1-адад сумкаи варзишӣ, ки дар дохили он 1 ҳазору 325-сомонӣ, 1-адад таҷҳизоти газсанҷӣ, мӯҳри корхона, шиноснома ва дафтарҳои ҳисобот буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 6 ҳазору 250-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, аввалҳои моҳи августи соли 2020, якчанд маротиба бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии марди 68-солаи сокини ҳамон ҷо, 40 ҳазору 800-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дузди кисабур дастгир карда шуд

Боиси таассуф аст, ки нафароне, ки пеш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаву адои ҷазо кардаанду ба озодӣ баромадаанд, ба ҷои он, ки бо истифода аз озодиҳои хеш ва шароити мусоиди кору фаъолияти қонунӣ, даст ба корҳои манфиатбори шахсиву ҷамъиятӣ зананд, боз такроран роҳ сӯи ҷиноятро пеша менамоянд.
Шаҳрванд Шарипов Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Вахш, ки пеш ду маротиба бо гуноҳи дуздӣ суд шудааст, дар бозор ва дигар ҷойҳои серодам ба дуздии маблағҳои пулии мардум аз ҷайби онҳо машғул гаштаву мехоҳад бо ин кирдори ҷинояткоронааш соҳиби даромади муфт гардад.
Кормандони шуъбачаи 6-уми ШКҶ Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, дар асоси аризаи шаҳрвандон Холзода Фирӯза ва Розиқова Матлуба, сокинони шаҳри Бохтар, оиди дар бозори «Фаровон»-и шаҳри мазкур аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани ҳамён бо маблағхои пулияшон, корҳои фавриву ҷустуҷӯи анҷом дода, гумонбари ин ҷиноятро, ки Шарипов Раҳмоналӣ мебошад, дастгир намуданд, ки зарари расонидааш ба шаҳрвандон 3000 сомониро ташкил медиҳад.
Хушбахтона, ҳеҷ амали хилофи қонун бе ҷазо намонда, парда аз рӯи ҳама гуна ҷиноят бардошта мешавад.
Дар шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон нисбати Шарипов Р. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Чорводуздон дар ноҳияи Балҷувон дастгир шуданд

Дуздӣ амали пасту нангин буда, шахсоне, ки даст ба ин кирдор мезананд, андеша аз он надоранд, ки шояд ин охирин моли нафари ҷабрдида баҳри пешбурди рӯзгораш бошад, ки онҳо ба яғмо мебаранд.

Таи чанд моҳи охири соли равон аз ҷониби сокинони ноҳияҳои Данғара, Темурмалик ва Балҷувон оиди аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани чорвоҳояшон аз манзилҳои истиқоматӣ ва чарогоҳҳо ба ШВКД дар ноҳияҳои мазкур аризаҳои пай дар пай ворид мегашт.
Дар асоси аризаҳои шаҳрвандон аз чониби кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Балҷувон гурӯҳи оперативӣ- ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуда, се нафар пешсудшудагон, сокинони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзобро бо гумони дуздии молҳои майдаи мардум, аз қабили бузу гусфандон, дастгир намуданд.
Инҳо Муфтаков Маҳмадҷон, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, Раҳмонов Дилшод, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Рудакӣ ва Ятимов Суҳроб, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Варзоб мебошанд.
Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки ин се нафар шахсони ҷиноятпеша аз ширкатҳои мусофиркашонии шаҳри Душанбе автомашинаҳои гаронарзишро ба муҳлати даҳ шабонарӯз ба иҷора гирифта, барои содир намудани ҷиноят истифода мебаранд.
Гумонбарон дар 23-ҳолати дуздии чорвоҳои сокинони ноҳияҳои Данғара, Темурмалик ва Балҷувон даст дошта, чорвоҳои дуздидаашонро ба бозори ноҳияи Рӯдакӣ бурда фурӯхта, маблағи ба дастовардаашонро баҳри хушгузаронӣ дар тарабхонаҳо сарф кардаанд, ки бо ин кирдори ноҷавонмардонаашон ба сокинони ноҳияҳои зикршуда, зарари зиёди молӣ расонидаанд.

Нисбати ин се нафар гумонбар дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Балҷувон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button