ВидеоДин ва боварҳо

5 сол ҳукми зиндони сокини Рашт “ААА” бо лақаби “Ҷулайбӣ” бо ҷурми таблиғи ДОИШ

Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Рашт шаҳрванд “ААА”-ро бо ҷурми таблиғи созмони мамнӯи ДОИШ (“Давлати исломӣ” ба 5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Ба гуфтаи додситонӣ, “ААА” соли 2015 аз Ютуб бо мақсаду ғояҳои ДОИШ бохабар шуда, минбаъд бо мақсади таблиғи ин созмони террористӣ дар шабакаҳои интернетии “Зелло”, “Телеграм” ва “Имо” бо номи “Ҷулайбӣ” саҳифа кушодааст ва то замони боздошташ дар санаи 24 апрели соли 2020 “дидаву дониста қасдан бо истифода аз шабакаи интернетӣ ба паҳн намудани маводҳои динни хусусияти экстремисти дошта ва ташвиқу тарғиби ғояҳои ташкилоти “Давлати исломӣ” машғул шудааст.”

Додситонӣ мегӯяд, “шаҳрванд “ААА” баҳри ноил гаштан ба мақсадҳои худ “Расму наворҳои силоҳбадастони ТЭТ ДИ”, “Акси роҳбари ТЭТ ДИ Абубакр-ал-Бағдодӣ”, “Акси парчами сиёҳ, бо навиштаҷоти “Ло илоҳа иллалоҳу Муҳаммаду-р- Расулуллоҳ”, ки ба ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” мансубият дорад, “Маҷалаи наб”, “Маҷалаи ҳарҳафтаинаи ташкилоти террористии Давлати исломӣ” (ИГИЛ), ки аз соли 2015 нашр шуда, дар он хабарҳои гуногуни ТЭТ “ДИ” аз қабили “Таркишҳо”, “Қатлу куштор” ва дигар амалҳои террористие, ки аз ҷониби аъзоёни “ДИ” анҷом дода мешаванд, хабарҳои дигар аз он ҷумла “Муҳорибаҳо, амалҳои террористии аъзоёни Давлати исломӣ дар Хуросон, Шом, Тунис, Яман, Покистан, Сомалӣ, Ғарби Африко, Шарқи Осиё” ҳамчунин, навиштаҷотҳои “Ҷиҳод то қиёми қиёмат идома дорад, ки имому халифа вуҷуд дошда бошад ё вуҷуд надошта бошад, хилофату имоматро барои кофир супорида намешавад”, “Тафриқа ва ихтилофҳоро канор гузошта даъват медиҳам ба сӯи якпорчагӣ, иттиҳодӣ ва барои барпо намудани хилофати исломӣ фарз киоя аст барои тамоми мусалмонон”, китоб аз “Китобхонаи Химматӣ давлати исломӣ” ва ғайраҳоро тариқи шабакаи интернетии худ ба шумораи номахдуди одамон то санаи 24 апрели соли 2020 паҳн ва таблиғу ташвиқ намудааст.”

Бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Рашт аз 16 июли соли 2020 шаҳрванд “ААА” бар асоси моддаи 3071 қисми 2 -и КҶ Ҷумхурии Тоҷикистон ба тарғиб ва ташвиқи марому мақсадҳои ташкилотҳои экстремистӣ бо истифода аз шабакаи интернетӣ, даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ),  ҷонибдорӣ (сафед) кардани экстремизм ва фаъолияти экстремистӣ, дидаву дониста қасдан бо истифода аз шабакаи интернетӣ ба паҳн намудани маводҳои динии хусусияти экстремистӣ дошта ва ташвиқу тарғиби ғояҳои ташкилоти “Давлати исломӣ” гунаҳкор дониста шудааст.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар солҳои охир ба Сурияву Ироқ рафта, ба саффи созмонҳои ифротӣ, асосан ба ДОИШ пайвастаанд. Даҳҳо нафари дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар худи ин кишвар ва Русия ва ҳамин тавр, дар чанд кишвари дигар, аз ҷумла дар Албания, Олмон ва Полша бо иттиҳоми пайравӣ ба ДОИШ дастгир ва зиндонӣ шудаанд.

Оқибати ифротгароӣ

 Шаҳрванд “ААА” соли 2015 ба воситаи шабакаи интернетии “Ютуб” аз мақсаду маром ва ғоияҳои ТЭТ “ Давлати исломӣ” бохабар шуда, минбаъд бо мақсади таблиғу ташвиқи ғояҳои ТЭТ “ДИ” дар саҳифаҳои интернетии “Зелло”, “Телеграм” ва “Имо” худашро бо номи “Ҷулайбӣ” ба қайд гузоштааст. Сипас, “ААА” бо мақсади тарғиб ва ташвиқ намудани марому мақсадҳои ташкилотҳои экстремистӣ бо истифода аз шабакаи интернетӣ ба даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгарой) машғул шуда, экстремизм ва фаъолияти экстремистиро ҷонибдорӣ(сафед) ва паҳн намуда, дидаву дониста қасдан бо истифода аз шабакаи интернетӣ ба паҳн намудани маводҳои динни хусусияти экстремистӣ дошта ва ташвиқу тарғиби ғояҳои ташкилоти “Давлати исломӣ” машғул шудааст.

 Шаҳрванд “ААА” баҳри ноил гаштан ба мақсадҳои худ “Расму наворҳои силоҳбадастони ТЭТ ДИ”, “Акси роҳбари ТЭТ ДИ Абубакр-ал-Бағдодӣ”, “Акси парчами сиёҳ, бо навиштаҷоти “Ло илоҳа иллалоҳу Муҳаммаду-р- Расулуллоҳ”, ки ба ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” мансубият дорад, “Маҷалаи наб”, “Маҷалаи ҳарҳафтаинаи ташкилоти террористии Давлати исломӣ” (ИГИЛ), ки аз соли 2015 нашр шуда, дар он хабарҳои гуногуни ТЭТ “ДИ” аз қабили “Таркишҳо”, “Қатлу куштор” ва дигар амалҳои террористие, ки аз ҷониби аъзоёни “ДИ” анҷом дода мешаванд, хабарҳои дигар аз он ҷумла “Муҳорибаҳо, амалҳои террористии аъзоёни Давлати исломӣ дар Хуросон, Шом, Тунис, Яман, Покистан, Сомалӣ, Ғарби Африко, Шарқи Осиё” ҳамчунин, навиштаҷотҳои “Ҷиҳод то қиёми қиёмат идома дорад, ки имому халифа вуҷуд дошда бошад ё вуҷуд надошта бошад, хилофату имоматро барои кофир супорида намешавад”, “Тафриқа ва ихтилофҳоро канор гузошта даъват медиҳам ба сӯи якпорчагӣ, иттиҳодӣ ва барои барпо намудани хилофати исломӣ фарз киоя аст барои тамоми мусалмонон”, китоб аз “Китобхонаи Химматӣ давлати исломӣ” ва ғайраҳоро тариқи шабакаи интернетии худ ба шумораи номахдуди одамон то санаи 24 апрели соли 2020 паҳн ва таблиғу ташвиқ намудааст.

  Бо ҳукми суди нох,ияи Рашт аз 16 июли соли 2020 судшаванда “ААА” бо моддаи 3071 қисми 2 -и КҶ Ҷумхурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ бо ин кисми модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯхдати 5 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ             

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button