Хабарҳои кӯтоҳ

Фирори ронанда баъди пахш кардани як марди солхӯрда дар Қаротоғ

Шоми 9 декабр, соати 20, як мошин лар ҷамоати Қаротоғ дар канори шаҳри Турсунзода сокини 61-солаи ин ҷамоатро пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Ҷабрдидаро дар бемористон бистарӣ кардаанд. ВКД гуфт, бо гумони даст доштан дар ин садама ва фирор ба ҷои кумак ба ҷабрдида сокини 22-солаи Қаротоғ, ронандаи “Дэу Нексия” дастгир шудааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 11 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Пахши пиёдагард дар натиҷаи ноуҳдабароии ронанда

Рӯзи 9-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи номаълум, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Элмуродов Зиёдулло Мусулмонович, соли таваллудаш 1959, сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Элмуродов З.М. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Нексия”, ки ба Нозимов Тоштемур Шамсиддинович, соли таваллудаш 1998, сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи ҳамин шаҳр тааллуқ дорад, дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2020, дар кӯчаи Қутби Киром, назди терминали КВД «Роҳи Оҳан»-и шаҳри Душанбе марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 36 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи гирифтаашро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2020, марди 49-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёни ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 179 ҳазор сомонӣ гушти мурғ барои фурӯш гирифта, онҳоро фурӯхта, маблағҳояшро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button