Хабарҳои кӯтоҳ

Ассалому алейкум! Роҳбари нави USAID дар Тоҷикистон паёми нахустинашро ба тоҷикӣ шурӯъ кард (ВИДЕО)

Кит Симмонс ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи Директори нави намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон дар сафорати ИМА дар Душанбе ба фаъолият оғоз намуд. Таъсиси миссияи алоҳидаи USAID дар Тоҷикистонро сафорат баёнгари таҳкими шарикии Амрико бо мардуми тоҷик ва дастгирии рушд дар саросари кишвар хондааст. USAID қаблан кумакҳояш ба Тоҷикистонро тавассути дафтари минтақавии қароргоҳаш дар Алма-Ато мерасонд, вале имсол тасмим гирифта шуд, ки дар Тоҷикистон дафтари алоҳидаи ин созмони имдодӣ таъсис дода шавад. Сафорат гуфт, “омадани ҷаноби Симмонс бо оғози чанд лоиҳаҳои нави USAID ба маблағи умумии тақрибан 100 миллион доллар дар соҳаҳои кишоварзӣ ва идоракунии замин, обтаъминкунӣ, маориф, тандурустӣ ва ғизо дар Тоҷикистон рост меояд.”

Иҷрокунандаи вазифаи директори нави USAID ба Тоҷикистон омад

Душанбе, Тоҷикистон, 11 декабри соли 2020 — Рӯзи 28-уми сентябр Кит Симмонс ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи Директори нави намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон дар сафорати ИМА дар Душанбе ба фаъолият оғоз намуд. Таъсиси миссияи алоҳидаи USAID дар Тоҷикистон аз таҳкими шарикии Иёлоти Муттаҳида бо мардуми тоҷик ва дастгирии рушд дар саросари кишвар шаҳодат медиҳад.

Омадани ҷаноби Симмонс бо оғози якчанд лоиҳаҳои нави USAID ба маблағи умумии тақрибан 100 миллион доллари ИМА дар соҳаҳои кишоварзӣ ва идоракунии замин, обтаъминкунӣ, маориф, тандурустӣ ва ғизо дар Тоҷикистон рост меояд.

Дар Тоҷикистон USAID фаъолияти минтақавӣ ва дутарафаи рушдро дар соҳаҳои кишоварзӣ, савдо, энергетика, идоракунии об, ғизо, тандурустӣ, маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва идоракунӣ амалӣ менамояд. Буҷаи умумии барнома тақрибан 40 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҷаноби Симмонс дар соҳаи рушди байналмиллӣ бо USAID, Департаменти давлатии ИМА ва Корпуси Сулҳи ИМА таҷрибаи беш аз 40-солаи корӣ дорад. Ӯ дар давлатҳои Аврупо, Авросиё, Африқо ва Осиё кор кардааст. Охиран ӯ дар намояндагии USAID дар Ҳиндустон дар вазифаи директори намояндагӣ фаъолият мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button