Ҷомеа

Зане, ки 4 фарзанди хурдсолашро кушт, ба 25 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Хатлон сокини 30-солаи ноҳияи Кушониён Назокатхон Тоироваро ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ӯро дар қатли бераҳмонаи 4 фарзанди хурдсолаш гунаҳкор шинохт. Бино ба хулосаи тафтишот ва додгоҳ, Назокатхон Тоирова рӯзи 9 сентябр дасту пои 4 фарзанди 9,8, 6 ва 1-солаашро баста, ба сарашон селофан кашидааст. Кӯдакон дар натиҷаи нафасгир шудан ҷон бохтаанд. Тоирова баъди қатли кӯдакон хонаро бо санадҳояш оташ зада, сипас 10 ҳаб(таблетка)-и димедрол (доруи хоб) хӯрдааст, вале хона тасодуфан дар нагирифт ва Тоирова низ баъди чанде ба ҳуш омада, ба шуъбаи милиса рафтааст ва худро таслим кардааст.

Адвокати ӯ аз додгоҳ тақозо кард, то Назокатхон Тоироваро дубора аз ташхиси равонӣ гузаронд, вале додрас гуфт, чунин ташхис дар марҳалаи тафтишот анҷом шуда буд ва Тоироваро солим баровард.

Шавҳари Тоирова дар додгоҳ гуфт, ки ӯ нисбат ба кӯдакон муносибати хуб дошт ва оилаашон аз ягон чиз камбудӣ надошт. «Ҳама чиз мерасид…»- гуфт ӯ.

Дар парвандаи Тоирова омадааст, ки Назокатхон Тоирова нимрӯзии 9сентябр бо мақсади аз байни бурдани фарзандонаш бо баҳонаи бозии «баҷошавак» аввал писари калонӣ ва сипас ду фарзанди дигарашро ба ҳуҷрае даъват карда, бо як бераҳмии гӯшношунид мекушад.  Назокатхон Тоирова фарзанди хурдияшро дар гаҳвора нафасгир мекунад ва баъдан ҷасадашро бо дигар фарзандонаш якҷо мегузорад.

Баъди ин ба хотири худкушӣ кардан Назокатхон Тоирова даҳ дона ҳаби димедрол хӯрда, санадҳои хонаводагияшро оташ мезанад. Бино ба сабаби истеъмоли димедрол аз ҳуш меравад, аммо оташ сарфи назар аз иродаи ӯ хомӯш мешавад.

Баъдан, Тоирова ба ҳуш омада, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар рафта ба ҷинояти содиркардааш иқрор мешавад. Тавре дар ҷаласаи додгоҳӣ гуфта шуд, дар рафти тафтишоти пешакӣ гуноҳи номбурда пурра исботи худро ёфтааст. Худи гумонбар ҳам баъди қироъати айбнома  ба ҷинояти содиркардааш иқрор шуд.

Маҳмадҷон Тоиров, шавҳари Назокатхон Тоирова дар ҷаласаи додгоҳии қаблӣ зикр кард, ки рӯзи 8-уми сентябр ду фарзанди калониаш дар хонаи хушдоманаш буданд. Занаш ҳангоми ба кор рафтанаш гуфтааст, ки рафта фарзандонашро аз хонаи модараш меорад. Ҳамин тариқ рӯзи 8 -сентябр Назокатхон хонаи модараш меравад, вале бегоҳ барнамегардад.

«Рӯзи 9-уми сентябр вақте ба кор рафтам онҳо ҳоло наомада буданд. Баъди нисфирӯзӣ дар як сохтмон кор мекардам, ки омада ба ман гуфтанд писарат нотоб шудаасту тез ба хонаат рав. Вақте хона омадам, чор фарзандамро дар рӯи ҳавлӣ беҷон дидам. Ман намедонам, ки чаро Назокатхон чунин кард”- гуфт Маҳмадҷон Тоиров.

Расонаҳои маҳаллӣ баъди куштори бераҳмонаи 4 фарзанд бо дасти модарашон дар Кушониён ёдовар шуда буданд, ки дар соли 2005 модари Назокатхон Тоирова низ бо ҷурми куштани шавҳараш ва як марди дигар маҳкум ба зиндон шуда буд.

Модаре, ки 4 фарзандашро кушт, 25 сол зиндон шуд

Муаллиф: Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Ҳафтаи гузашта дар мурофиаи додгоҳӣ додситон ҳам 25 сол дархост карда буд.

Додгоҳи вилояти Хатлон Назокатхон Тоироваро дар куштани 4 фарзандаш муҷирим шинохт ва ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Дар ҷаласаи рӯзи сеюми декабр додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ ҳам барои Назокатхон Тоирова 25 соли зиндон дархост карда буд. 

Мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии Назокатхон Тоирова, ки дар куштори чор фарзанди ноболиғи худ айбдор дониста мешуд, имрӯз ниҳоӣ шуд. 

Неъмат Мирзозода додраси парванда  Назокатхон Тоироваро дар қатли чаҳор фарзанди ноболиғи худ муҷрим шинохт ва ӯро ба 25 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. 

Зарина Нурова, вакили дифои Тоирова ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳукми додгоҳро шарҳ намедиҳад ва пас аз дастрас кардани нусхаи ҳукм тасмим мегиранд, ки аз он шикоят бибаранд ё не.

Қазияи қатли чаҳор фарзанди ноболиғ аз сӯйи модарашон дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ҳодисаи пурсарусадое буд, ки вокунишҳои иҷтимоиро дар пай дошт.

Ҳафтаи гузашта дар мурофиаи додгоҳӣ Зарина Нурова ҳимоятгари Назокатхон Тоирова аз суд дархост карда буд, ки нисбати судшаванда озмоиши такрории комиссионӣ таъин карда шавад. Номбурда зимни қироъати дархосташ гуфт, ки дар ташхиси равоншиносии қаблие, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ гузаронда шудааст, баъзе ихтилофҳо ҷой дорад. Аз ин хотир аз суд хоҳиш карда мешавад, ки ташхиси равоншиносии комиссионӣ таъин кунад.

Аммо Неъмат Мирзозода додраси парванда дархости  ҳимоятгарро бо далели он ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ташхиси равоншиносӣ гузаронда шудааст, рад кард.

Айбдоркунандаи давлатӣ Аминҷон Зайнуллозода дар мурофиа гуфта буд, ки гуноҳи Назокатхон Тоирова бо модаи 104 қисми 2 бандҳои “а, в, е”,  яъне куштори чор фарзанди ноболиғаш бо бераҳмии махсус, чӣ дар рафти тафтишоти пешакӣ ва чи дар рафти тафтишоти додгоҳӣ пурра исботи худро ёфтааст. “Аз ин хотир аз суд мепурсам, ки нисбати ӯ ҷазо дар шакли 25 сол аз озодӣ маҳрум кардан, таъин карда шавад”.

Талаби 25 сол барои Назокатхон Тоирова дар ҳоле буд, ки Зарина Нурова ҳимоятгари ӯ  дар мурофиа хоҳиш кард, ки зерҳимояаш аз толори додгоҳ озод карда шавад ва ба табобати иҷборӣ фиристода шавад.

Ба гуфтаи ҳимоятгар на дар рафти тафтишоти пешакӣ ва на дар рафти тафтишоти додгоҳӣ мақсади ҷиноят ошкор карда нашудааст”.

Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта Додгоҳи вилояти Хатлон ба баррасии парвандаи Назокатхон Тоирова, зане, ки рӯзи 9-сентябр дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон чор фарзандашро дар манизили зисташ бо роҳи нафасгир кардан кушта буд, оғоз кард.

Бино ба ҷузъиёти тафтишоти пешакии қазия,  муайян шудааст, ки Назокатхон Тоирова нимаи рӯзи 9-сентябр бо мақсади аз байни бурдани фарзандонаш бо баҳонаи бозии пинҳоншавак аввал писари калонӣ ва сипас ду фарзанди дигарашро ба ҳуҷрае даъват карда, бо як бераҳмии гӯшношунид мекушад (ҷузъиёти қазия дар дасти “Азия-плюс” ҳаст, вале бино ба назокатҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ аз нашри онҳо худдорӣ мешавад).  Назокатхон Тоирова фарзанди хурдияшро дар гаҳвора нафасгир мекунад ва баъдан ҷасадашро бо дигар фарзандонаш якҷо мегузорад.

Баъди ин ба хотири худкушӣ кардан Назокатхон Тоирова даҳ дона ҳаби димедрол хӯрда, санадҳои хонаводагияшро оташ мезанад. Бино ба сабаби истеъмоли димедрол аз ҳуш меравад, аммо оташ сарфи назар аз иродаи ӯ хомӯш мешавад.

Баъдан, Тоирова ба ҳуш омада, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар рафта ба ҷинояти содиркардааш иқрор мешавад. Тавре дар ҷаласаи додгоҳӣ гуфта шуд, дар рафти тафтишоти пешакӣ гуноҳи номбурда пурра исботи худро ёфтааст. Худи гумонбар ҳам баъди қироъати айбнома  ба ҷинояти содиркардааш иқрор шуд.

Маҳмадҷон Тоиров, шавҳари Назокатхон Тоирова дар ҷаласаи додгоҳии қаблӣ зикр кард, ки рӯзи 8-уми сентябр ду фарзанди калониаш дар хонаи хушдоманаш буданд. Занаш ҳангоми ба кор рафтанаш гуфтааст, ки рафта фарзандонашро аз хонаи модараш меорад. Ҳамин тариқ рӯзи 8 -сентябр Назокатхон хонаи модараш меравад, вале бегоҳ барнамегардад.

Рӯзи 9-уми сентябр вақте ба кор рафтам онҳо ҳоло наомада буданд. Баъди нисфирӯзӣ дар як сохтмон кор мекардам, ки омада ба ман гуфтанд писарат нотоб шудаасту тез ба хонаат рав. Вақте хона омадам, чор фарзандамро дар рӯи ҳавлӣ беҷон дидам. Ман намедонам, ки чаро Назокатхон чунин кард”- гуфт Маҳмадҷон Тоиров.

Ҳодисаи кушта шудани 4 фарзанди ноболиғ аз сӯйи модари худ дар Тоҷикистон як ҳодисаи камназир буда, қазияи Назокатхон Тоирова сару садоҳои зиёде дар ҷомеа барпо кард. Баъди сар задани ин ҳодиса Назокатхон Тоироваро ба Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ равон карданд, то ҳолати равонияш дақиқ карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button