Хабарҳои кӯтоҳ

ВИДЕО: Мусодираи беш аз 350 ҳазор дона маводи тарфгарӣ (хлопушка) дар пойтахт

РВКД Душанбе хабар дод, ки дар давоми чанд рӯзи охир дар пойтахти Тоҷикистон дар 12 ҳолат беш аз 350 ҳазор дона маводи тарфгарӣ (хлопушка) дарёфт ва мусодира шудааст.

Аз ҷумла аз шаҳрвандон Абубакр Мирзоев ва Муҳаммади Ҷунайдзода, соли таваллудашон 2000-ум, беш аз 17 ҳазор дона маводи пиротехникӣ ва аз Авазбек Эргашев, соли таваллудаш 2002, беш аз 3500 дона маводи тарфгарии навъи “Трения” мусодира кардаанд.

Нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ба онҳо ҳамчун муҷозот ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.

Воридот ва фурӯши маводи тарфгарӣ (пиротехника), аз ҷумла “хлопушка” дар Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози солҳои 2000-ум манъ карда шуда, ҳам барои фурӯш ва ҳам барои истифодаи чунин мавод муҷозот таъйин шудааст. Вале бо ин вуҷуд ҳар сол дар арафаи Соли нав асосан аз Хитой ба Тоҷикистон миллионҳо дона маводи тарфгарӣ ворид мекунанд. РВКД Душанбе мегӯяд, “гарчанде дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории кишвар хариду фуруш ва истеҳсолу паҳн намудани маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) манъ гардида бошад, ҳам бо омад омади Соли нави мелодӣ садои гӯшхароши он дар кӯчаву дигар маконҳо шунида мешавад.   Мутаассифона, баъзе аз тоҷирону савдогароне ҳастанд, ки манфиатҳои молиявии шахсии худро аз талаботи қонунгузорӣ боло гирифта, ба хотири ба даст овардани маблағ ба таври ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои тарфгариро ворид намуда, ба фурӯшу паҳнсозии он машғул мешаванд.”

Боздошт: Милитсияи пойтахт зиёда аз 350 000 дона маводҳои тарфгарӣ (хлопушка) мусодира намуд!

Гарчанде дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории кишвар хариду фуруш ва истеҳсолу паҳн намудани маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) манъ гардида бошад, ҳам бо омад омади Соли нави мелодӣ садои гӯшхароши он дар кӯчаву дигар маконҳо шунида мешавад.
  Мутаассифона, баъзе аз тоҷирону савдогароне ҳастанд, ки манфиатҳои молиявии шахсии худро аз талаботи қонунгузорӣ боло гирифта, ба хотири ба даст овардани маблағ ба таври ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои тарфгариро ворид намуда, ба фурӯшу паҳнсозии он машғул мешаванд.
  Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар шахри Душанбе тамоми чораҳоро меандешад, то пеши роҳи онро гирифта, осоиштагии сокинону меҳмонони пойтахт таъмин гардад.
  Аз ҷумла давоми чанд рӯзи охир милитсияи пойтахт дар 12-ҳолат зиёда аз 350 000 дона маводҳои тарфгариро дарёфту мусодира намуд.

Чунончӣ дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрвандон Мирзоев Абубакр Султонович, Ҷунайдзода Муҳаммади Мирзораҳим солҳои таваллудашон 2000-ум, истикоматкунандагони шахри Душанбе дастгир карда шуданд, ки ба фурӯши маводҳи пиратехникӣ машғул будаанд.
  Зимни кофтуков аз номбурдагон зиёда аз 17-ҳазор маводҳои перотехникӣ дарёфту мусодира карда шуд.

Ҳамзамон дар ҷараёни як амалиёти дигар аз чониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Эргашев Авазбек Икромович соли таваллудаш 2002 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд, ки номбурда низ ба фуруши маводҳои тарфгарӣ машғул будааст.
  Зимни корҳои оперативӣ санҷишӣ аз номбурда зиёда аз 3500 дона маводҳои тарфгарӣ бо номи «Трения» дарёфту мусодира карда шуд.

Мутаассифона баъзе аз ноболиғон низ даст ба хариду фурӯш ва истифода маводҳои пиратехникӣ мезананд, ки истифодаи чунин воситаҳои тарканда, дар баробари халалдор сохтани осоиштагӣ ҳамзамон ба саломатии худи онҳо ва атрофиён низ метавонад хатарнок бошад.
  Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кули шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки амалу рафтори фарзандони худро зери назорат гирифта нагузоранд то бо истифода аз маводҳои пиратехникӣ фазои осоиштаро дар рӯзҳои ҷашни Соли нави мелодӣ халалдор созанд.
Мутаассифона чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд баъзе аз ноболиғон аз фориғболӣ ва беаҳамиятии водидони худ истифода бурда, ба харидану истифодабарии маводҳои пиратехникӣ дар қучаву назди биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе машғуланд, ки чунин рафтори ғайриқонунии онҳо боиси халалдор сохтани оромӣ ва шикояти шаҳрвандон ба мақомоти милитсия гардидааст. Бояд таъкид намуд, ки барои истифодабарии воситаҳои тарфгарӣ аз ҷониби ноболиғон нисбати волидайни онҳо тибқи талаботи моддаи 90-Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои бемасъулиятӣ тартиб дода шуда, чораҳои дахлдори таъсиррасони қонунӣ андешида мешаванд.

Айни замон нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот ҷараён дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button