Роҳзании ноболиғ дар таҳхонаи як бино дар Душанбе
Як навраси 16-солаи сокини Душанбе ба он айбдор мешавад, ки як ноболиғи 15-соларо ба таҳхонаи як бино дар кӯчаи Фирдавсӣ дар пайи латтукӯб бо таҳдид бо корд телефони “Самсунг”-и ӯро бо зӯрӣ кашида гирифтааст.
Ду сокини ҷамоати Меҳроби ноҳияи Ашт шаби 6 декабр аз бинои маркази букмекерӣ дар ҷамоати Шодоба 4 телевизори “Самсунг”-ро дуздидаанд.
Як сокини 23-солаи Кӯлоб бо иттиҳоми “ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан”-и мошини ВАЗ-2107-и сокини Душанбе дастгир шудааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 10 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Тасарруфи телефони мобилӣ бо роҳи зӯроварӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ноболиғи 15-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи августи соли 2020, ҳангоми дар назди яке аз биноҳои истиқоматии кӯчаи Фирдавсӣ қарор доштанаш, ноболиғ 16-солаи сокини ҳамин ноҳия ӯро ба таҳхонаи бинои мазкур бурда, бо корд таҳдид карда, лату кӯб намуда, аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Галакси А-8»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 2 ҳазору 800-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Боздошти ду нафар бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 28 ва 32-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Меҳроби ноҳияи Ашт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, санаи 5 ба 6-уми декабри соли 2020, бо роҳи пинҳонӣ вориди бинои “Букмекерӣ”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Шодобаи ҳамин ноҳия шуда, аз он ҷо 4-адад телевизори тамғаи “Самсунг”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт бидуни мақсади тасарруф
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 6-уми декабри соли 2020, тахминан соати 02:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматиаш автомашинаи шахсиаш тамғаи «ВАЗ 21-07»-ро ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани якчанд кирдори қаллобӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2020, марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ.Раҳмони ҳамин шаҳр, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 70 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аз моҳи ноябри соли 2018 то охирҳои соли 2019, дар назди бозори «Меҳргон» марди 53-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 300 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки то охирҳои соли 2019 маблағҳои гирифтаашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон ба ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2017 марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, манзили истиқоматии ӯро, ки дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ мебошад, ба ному насаби модараш ҳуҷҷатгузорӣ намуда, сипас манзили истиқоматии мазкурро ба марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ фӯрухта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.