Муҳоҷирон

Дуздии аср: Як зодаи Тоҷикистон дар Петербург ба дуздии 114 миллион рубл айбдор мешавад

Пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия як марди 43-солаи зодаи Тоҷикистон ва сокини 23-солаи Архангелскро бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи бузург дастгир кардааст. Хабаргузории ФАН (Федеральное агентство новостей) бо истинод ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Петербург хабар дод, ки ин ду нафар ба дуздии 114 миллион рубл ( ҳудуди 1 миллиону 550 ҳазор доллар) аз ҳисоби бонкии як ҷабрдида гумонбар мешаванд. Бино ба ин манбаъ, гумонбарон то анҷоми тафтишот ба ҳабси пешакӣ андохта шудаанд.

Манбаи ФАН тафсилоти дигар дар бораи ин дуздии аср надодааст, вале қаблан нашрияи   «Комсомольская правда – Санкт-Петербург» бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки рӯзи 25 сентябр як нафақахӯри 76-сола, саҳмдори собиқи яке аз корхонаҳои пивосозии Петербург, хабардор шуд, ки аз ҳисоби бонкиаш пули зиёд гум шудааст.

«Албатта, ин маблағро ҳатто «бузург» гуфтан кам аст: қаллобон дар умум аз ҳисоби бонкии ин нафақахӯр 114 миллиону 781 ҳазору 120 рублро ба яғмо бурдаанд. Ба гуфтаи ин мард, дуздии пулҳо ҳудудан аз 26 август то 9 сентябр сурат гирифтааст», – хабар дода буд манбеи «КП».

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми чоруми моддаи 159-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи бузург парванда кушода буданд. Ба гумонбарон бар асоси ин банди қонун то 10 соли зиндон ваё ҷарима ба маблағи … то 1 миллион рубл, яъне қариб 115 маротиба камтар аз пули дуздидаашон, таҳдид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гузориши дигари ФАН, мақомоти тафтишотӣ дар Петербург куштори як шаҳрванди Тоҷикистонро баъди 4 сол ошкор кардаанд. Ҷасади ҷавони 31-солаи тоҷикрио рӯзи 21 декабри соли 2016 дар назди як бино дар хиёбони Обуховская Обороныа пайдо карда буданд. Танҳо баъди 4 сол ба муфаттишон муяссар шуд, ки гумонбарро пайдо кунанд. Ин як марди 30-солаи зодаи Доғистон буда, соли  2018 бо як ҷурми дигар маҳкум ба зиндон шудааст ва дар як маҳбас дар вилояти Ростов адои ҳукм мекард. Гумонбарро аз Ростов ба Петербург оварда, рӯзи 9 декабр расман ба даст доштан дар қатли шаҳрванди Тоҷикистон айбдораш кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button