ТаърихФарҳанг

Таронаи дар дунё машҳури El Bimbo римейки таронаи Аҳмад Зоҳир будааст (4 ВИДЕО)

Тарона машҳури солҳои 70 – El Bimbo – дар иҷрои диско-гуруҳи фаронсавии Bimbo Jet, ки баъдан дар филми машҳури мазҳакавии «Академияи пулис» дар як саҳна дар бари «The Blue Oyster” низ истифода шуда буд, дар асл римейки таронаҳои овозхони шаҳири афғон Аҳмад Зоҳир бо номи «Танҳо шудам, танҳо»  будааст.

Аҳмад Зоҳир ин таронаро дар албоми таронаҳои соли 1971-аш бо номи «Лайлӣ» нашр карда буд. Диско-гуруҳи фаронсавии «Bimbo Jet» бошад бори аввал таронаи «El Bimbo»-ро соли 1974 суруд, вале ҳамчун муаллифи оҳанг на Аҳмад Зоҳир, балки Клод Морганро навишт.

Таронаи «El Bimbo» дар иҷрои гуруҳи фаронсавӣ нафаси дубора пайдо кард ва дар саросари ҷаҳон шуҳрат ёфт. Танҳо дар Фаронса беш аз миллион нусха ва дар саросари ҷаҳон беш аз 3 миллион нусхаи ин тарона ба фурӯш рафт. «El Bimbo»  дар даҳҳо кишвар, аз ҷумла дар Испания, Италия, Дания, Туркия, Лубнон, Аргентина, Белгия, Швейтсария, Мексика, Амрико таронаи рақами яки соли 1974 шуд.

Нафаси сеюмро ба ин тарона иҷрои он дар бастубанди оҳансоз Жана-Марк Домперр мазҳакаи машҳури «Академияи пулис» бахшид. Ин оҳанг дар қисми сеюм ва чоруми он филми мазҳакавӣ садо медиҳад.

Jafar Jalol

Шоҳкории нодири мусиқии ҷаҳон, “El Bimbo”-и гӯё фаронсави,ба асли хеш баргашт.

Шеър ва оҳанги “Танҳо шудам танҳо” Аҳмад Зоҳир,ҳунармади тоърихии Хуросон, 50 сол пеш дунёи мусиқии аврупову амрикоро ба ларза овард, ва бо эҷоди як оҳанги бебаҳо,дар девори булурини мусиқии ҷаҳон,бо ҳарфҳои заррин сабти ном кард!

Аҳмад Зоҳир 14 июни соли 1946 дар Кобул дар хонаводаи Абдул Зоҳир, табиб ва сиёсатмадори маъруфи афғон ба дунё омадааст. Падари ӯ дар додгоҳи шоҳӣ кор мекард ва дар даврони Зоҳиршоҳ  чандин сол вазири тандурустӣ ва як муддат ҳатто сарвазир ва раиси парлумони Афғонистон буд. Мегӯянд, матни Қонуни асосии Афғонистонро баъди баргаштанаш аз таҳсил дар Донишгоҳи Колумбия, яке аз донишгоҳҳои муътабари Амрико ва дунё, маҳз падари Аҳмад Зоҳир навиштааст.

Табъан Абдул Зоҳир мехост, ки писараш Аҳмад Зоҳир касби ӯро пеша кунад ва аз овозхониаш розӣ набуд. Вале Аҳмад Зоҳир ҳанӯз дар овони таҳсилаш дар литсейи «Ҳабибия»-и шаҳри Кобул ишқи зиёде ба мусиқӣ дошт ва ҳамроҳи ҳамсабақонаш гуруҳи «The Amateur Band of Habibia»-ро ташкил дода буд, ки ба гуруҳҳои маъруфи ғарбӣ, аз ҷумла «Beatles» пайравӣ мекард.

Падари Аҳмад Зоҳир ӯро ҳатто барои таҳсил ба Ҳиндустон фиристод, то дунболи касби табибӣ биравад ва суруду мусиқиро аз сар дур биандозад. Вале нашуд: Нашри албоми аввали Аҳмад Зоҳир дар як они воҳид ӯро дар раддаи аввали ситораҳои афғон қарор дод.

Аҳмад Зоҳир дар солҳои 70 ба овозхони рақами яки кишвар табдил ёфт ва дар муддати кӯтоҳе 22 албомашро ба боҳор баровард. Дар поёни солҳои 70 аз ӯ ба унвони як қаҳрамони Афғонистон ном мебурданд, вале ин шуҳрати Аҳмад Зоҳир ҳокими вақти кишвар Ҳафизулло Аминро сахт нороҳат мекард.

Аҳмад Зоҳирро 14 июни соли 1979, дар рӯзи зодрӯзи 33-юмаш куштанд. Ибтидо гуфтанд, ки мошини вай дар ағбаи Соланг дучори садама шудааст. Вале табибон ташхис карданд, ки ӯро аз сараш тир задаанд. Таҳқиқи ин парванда то ба охир бурда нашуд ва то ҳол ин гумон дар зеҳнҳо боқист, ки ӯро бо фармони Амин куштаанд.

Ahmad Zahir – Tanha shodam

Bimbo Jet – El bimbo 1974

POLICE ACADEMY (1984) THE BLUE OYSTER “SALAD” BAR

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button