ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Шарҳи расмии ВКД дар бораи сӯхтори толори зебоӣ дар Панҷакент (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон гуфт, бар асари сӯхтори субҳи 6 декабр дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази Панҷакент 118 метри мураббаъ манзили шаҳрванд Мислоҳов Исматулло ва толори занонаи “Заррин” сӯхта, ҳаҷми зарар 20 270 сомониро ташкил медиҳад. ВКД беназорат гузоштани гармкунаки барқии равғанӣ (масляной радиатор)-ро сабаби сӯхторва иҷорагири манзил Сайфиев Фазлиддинро гунаҳкори ин ҳодиса номидааст. Видеои сӯхтор дар толори зебоӣ дар Панҷакент таваҷҷуҳи зиёдро ба бор овард, чунки дар видео дида мешуд, ки оташ портрети бақади президент Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар даромадгоҳи бино овехта шуда буд, низ ба коми худ кашидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 8 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳодисаи сӯхтор дар шаҳри Панҷакент

6 декабри соли 2020, тахминан соати 08:00, дар манзили истиқоматии шаҳрванд Миспоҳов Исматулло Муҳамадович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ-161, хабар расид. 

Дар баробари гирифтани хабар фавран ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор 3 нақлиёти оташнишонӣ ва 21 нафар ҳайати шахсӣ сафарбар карда шуда, сӯхтор соати 08:27-дақиқа иҳота гардида, соати 10:34-дақиқа, дар масоҳати аввалааш пурра хомӯш гардид ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар натиҷаи сӯхтор дар масоҳати 118 метри мураббаъ ҳуҷраи истиқоматии шаҳрванд Миспоҳов И.М. ва толори занонаи «Заррин» сӯхта зарар дидааст.
Сабаби сар задани сӯхтор беназорат гузоштани гармкунаки барқии равғанӣ (масляной радиатор) буда, гунаҳгори сӯхтор иҷорагири манзили истиқоматӣ Сайфиев Фазлиддин Савриддинович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Фароб мебошад.

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Баҳористони ноҳияи Шаҳринав муроҷиат намудааст, ки санаи 3-юми декабри соли 2020, тахминан соати 10:45-дақиқа, дар кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи мазкур шахсони номаълум бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 20 ва ноболиғи 17-солаи сокинони ноҳияи Восеъ, шаҳри Душанбе ва шахси ба тафтишот номаълум содир намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Содир гардидани кирдорҳои авбошӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 24-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 17:00, дар дохили мағозааш, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви ҳамин ноҳия шахси номаълум, аз ҳисиёти авбошӣ бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо корд таҳдиди куштан кардааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки санаи 6-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:00, ҷавони 21 ва ноболиғи 15-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи боғи фароғатии “Ғалаба”, воқеъ дар маҳаллаи 18-уми шаҳри мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ду ҷавони 24-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол намуда, якдигаро лату кӯб намудаанд. Сипас, ноболиғи 15-сола бо корд 1-маротиба ба шиками ҷавони 24-сола задааст. Баъдан, шахси ба тафтишот номаълум ба ҷанҷоли онҳо ҳамроҳ шуда, бо корд ба бадани ҷавони дигари 24-сола зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, номбурдагон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 3 ва қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button