ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

Оҳ, куруно…. Даргузашти боз як муҳоҷири тоҷик аз коронавирус

Рӯзи 8 декабр ҷанозаи Эмомалӣ, як муҳоҷири тоҷикро аз Русия ба Тоҷикистон фиристоданд. Бо чашмони пӯшида, бо манаҳи баста, даруни сандуқи чӯбин.

Эмомалӣ дар Смоленск кор мекард ва дар ҳамон ҷо аз олам гузашт. Олим Сафолов, журналисти тоҷик, ки ин муҳоҷири ҷавонмарг писархолааш будааст, менависад, ки ӯ аз бемории коронавирус даргузашт.

Ҳанӯз чанд рӯз қабл дигар тоқати дарди бемориро накарда, бо пои худ ба беморхона рафта буд ва ду рӯз баъд хабари маргаш паҳн шуд. Марги ӯ тамоми аҳли хешу ақраборо ҷигархуну шокӣ намуд. Ҳеҷ боварамон намеояд, ки ӯ дигар абадӣ рафт”, – навиштааст Олим Сафолов дар Фейсбук.

“Оҳ, чӣ қадар даҳшату ҷонсӯз аст, барои холаам, ки чанд сол қабл шавҳари худро аз даст дода буду имрӯз фарзанди калонии худро ба хонаи охират гусел мекунад. Бечора чанд рӯз боз мегуфт, ки “ҳама бачаҳо занг мезананд, чаро Ҳоҷӣ занг намезанад? Охир ӯ гуфта буд, ки грипп шудаасту халос, вай ҳар рӯз ба ман панҷ ё шаш бор занг мезад.” Бечора холаам аз куҷо медонад, ки ӯ дигар ба ту абадан занг намезанаду аз сухан гуфтан монда….” – менависад журналисти мотамзадаи тоҷик.

Аз Эмомалӣ 5 фарзанд ятим монд. Олим Сафолов менависад,

“Оҳ, чӣ қадар ҷонсӯзу дарднок аст, барои фарзанди калонии Эмомалӣ, ки пеш аз ба вазнинхона бурдани худ Эмомалӣ ба ӯ, ки дар дигар шаҳр кору зиндагӣ мекунад, занг зада, аз ӯ пузиш мепурсад ва мегуяд, ки “Раҳмоналӣ маро бубахш, ки ман дар тарбияву ба воярасонидани ту сахтгир будам ва гоҳо суханони пасту баланд мегуфтам”. Раҳмоналӣ ҳайрон буд, ки чаро падари сиҳат ва саломати ӯ, ки як умр бо ӯ ҷиддӣ гап мезад, ин лаҳзаҳо аз вай пузиш мепурсад. Аммо як шабонарӯз баъди ин тамоси телефонӣ, хабари марги падарро шунида, баъд дарк намуд, ки падар бо ӯ хайрбод гуфта будаасту ӯ бехабар….”

Олим Сафолов меафзояд, ки Эмомалӣ барои зану 5 фарзандаш хонаву ҳавлии хуберо дар наздикии модар бо маблағи калон харидорӣ намуду ҳанӯз ба ин хона қадам ранҷа накарда, дунёро падруд гуфт.

“Ният дошт, ки 2000 доллари боқимондаи қарзи ин хонаро кор карда пардохт менамояду баъд ба ватан сафар мекунад….

Ноларо ҳарчанд мехоҳам, ки пинҳон даркашам,

Сина мегӯяд, ки ман танг омадам, фарёд кун.

Оҳ, куруно, чӣ қадар инсонҳоеро, ки ба коми марг бурдӣ.

Худованд ин писархолаи моро раҳмату махфират кунаду макони охираташро ҷаннат гардонад ва ин мусибатро ба сари ягон оила набиёрад»- навиштааст ӯ.

Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои мухталиф беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик вафот мекунанд. Интизор меравад, ки имсол шумораи тоҷикони фавтида дар Русия боз ҳам бештар шавад, чунки даҳҳо муҳоҷири тоҷик имсол дар ин мулки мусофирӣ қурбони коронавирус шуданд.

Olim Safolov 

Ин субҳ (8.12.2020) писархолаи ширинзабону ҳамдамамон – Эмомалиро аз Русия ба ватан гусел намудем. Бо чашмони пушида, бо манаҳи баста, даруни сандуқи чубин.

Ҳанӯз чанд рӯз қабл дигар тоқати дарди бемориро накарда, бо пои худ ба беморхона рафта буд ва ду рӯз баъд хабари маргаш паҳн шуд. Марги ӯ тамоми аҳли хешу ақраборо ҷигархуну шокӣ намуд. Ҳеҷ боварамон намеояд, ки ӯ дигар абадӣ рафт.

Оҳ, чӣ қадар даҳшату ҷонсӯз аст, барои холаам, ки чанд сол қабл шавҳари худро аз даст дода буду имрӯз фарзанди калонии худро ба хонаи охират гусел мекунад. Бечора чанд рӯз боз мегуфт, ки “ҳама бачаҳо занг мезананд, чаро Ҳоҷӣ занг намезанад? Охир ӯ гуфта буд, ки грипп шудаасту халос, вай ҳар рӯз ба ман панҷ ё шаш бор занг мезад.” Бечора холаам аз куҷо медонад, ки ӯ дигар ба ту абадан занг намезанаду аз сухан гуфтан монда….

Оҳ, чӣ қадар ҷонсӯзу дарднок аст, барои фарзанди калонии Эмомалӣ, ки пеш аз ба вазнинхона бурдани худ Эмомалӣ ба ӯ, ки дар дигар шаҳр кору зиндагӣ мекунад, занг зада, аз ӯ пузиш мепурсад ва мегуяд, ки “Раҳмоналӣ маро бубахш, ки ман дар тарбияву ба воярасонидани ту сахтгир будам ва гоҳо суханони пасту баланд мегуфтам”. Раҳмоналӣ ҳайрон буд, ки чаро падари сиҳат ва саломати ӯ, ки як умр бо ӯ ҷиддӣ гап мезад, ин лаҳзаҳо аз вай пузиш мепурсад. Аммо як шабонарӯз баъди ин тамоси телефонӣ, хабари марги падарро шунида, баъд дарк намуд, ки падар бо ӯ хайрбод гуфта будаасту ӯ бехабар….

Оҳ, чи қадар ҷонсӯзу дарднок аст, барои ҳамсару панҷ фарзанди ӯ, ки Эмомалӣ барои эшон хонаву ҳавлии хуберо дар наздикии модар бо маблағи калон харидорӣ намуду ҳанӯз ба ин хона қадам ранҷа накарда, дунёро падруд гуфт. Ният дошт, ки 2000 доллари боқимондаи қарзи ин хонаро кор карда пардохт менамояду баъд ба ватан сафар мекунад….

Ноларо ҳарчанд мехоҳам, ки пинҳон даркашам,

Сина мегӯяд, ки ман танг омадам, фарёд кун.

Оҳ, куруно, чӣ қадар инсонҳоеро, ки ба коми марг бурдӣ.

Худованд ин писархолаи моро раҳмату махфират кунаду макони охираташро ҷаннат гардонад ва ин мусибатро ба сари ягон оила набиёрад.

О.С.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button