Маросими зебои “Шаҳбарон” дар билоди Фалғар (ВИДЕО)

ТАЪРИХЧАИ ЯК АНЪАНА
Маросими шаҳбарон яке аз анъанаҳоест, ки дар рустоҳои билоди Фалғар ба сурати гуногун баргузор мегардад. Дар рустои Каздон бошад, он як маросими вижа ва бошукӯҳ дар тӯйи домодӣ маҳсуб меёбад. Ин маросим тибқи анъана то нисфирӯзӣ ё баъди нисфирӯзӣ бо ҷамъи мардуми русто доир мегардад. Аспи шаҳбар, ки қаблан зинаш бо як порча матоъ ва суфи сафед ороста мешавад, дар интизори домод дар дасти соҳиби асп қарор дорад. Баъд аз он ки мардум дар манзили наздиҳавлигии домод на камтар аз 1 ё ним соат базм меороянд ва тамоми онҳо бо рақсҳо ва байтгӯйиҳо (чанд нафар ҷамъ шуда бо садои баланд дар мавриди домод ё шахси дигар ду мисраъ аз шеърҳои халқӣ мегӯянд ва баъд аз ҳар мисраъ “уҳҳе”-ро такрор мекунанд) шодишарики тӯйдорон мешаванд, баъдан маросими “Саллабандон” бо ҳузури имоми деҳа баргузор мегардад. Дар он имом тоқии тоҷиконаи домодро ба сар карда, аз сӯф ба он салла мебандад. Сипас, бо дасти рост ҷониби қибла гашта, шаҳ ҷомаи домодиашро ба бар ва тоқиашро бо кӯмаки имом мепӯшад. Баъд аз ин, аз ҷониби яке аз пирони куҳансол ба ду китфи домод ҳамчун рамзи бахти сафед каме орд пошида мешавад. Ҳамин тариқ, домодро ба асп савор карда, ҷавонону пирон дар атрофи асп ҷамъ мешаванд ва бо овозу савти вижа сурудҳои “Аввал зи Худо”, “На чаман, на гул” ва “Шаби ошиқони бедил…”-ро замзамакунон шаҳро ба хонаи арӯс мебаранд…