Коррупсия

Замини Боғи фарҳангро фурӯхтанӣ буд…

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки  парвандаи Ҳурматов Р.Ш., собиқ раиси ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониёнро ба додгоҳ фиристодааст. Бино ба гуфтаи тафтишот, Ҳурматов “бо истифодаи мақоми хизматӣ, моҳи марти соли 2019 ба боварии шаҳрванд Толибов А.Р. даромада, аз охирин барои ҷудо намудани 0,03 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои боғи фарҳанги фароғатии ноҳияи Кушониён маблағи 25000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст.” Аммо ба зидди раиси собиқи ҷамоат на бо иттиҳоми гирифтани пора, балки бо моддаи ҷазояш хеле сабуктари қаллобӣ парванда кушодаанд. Вақтҳои охир аксари парвандаҳои порахӯрии мансабдоронро дар Тоҷикистон ҳамчун қаллобӣ корбаст мекунанд ва дар натиҷа мансабдорони порахӯр бо пардохти ҷаримаи ночизе аз ҷавобгарии ҷиноӣ халос мешаванд.

Замин манбаи ба даст овардани фоидаи муфт

Ҳурматов Р.Ш. дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён кор карда истода, бо истифодаи мақоми хизматӣ, моҳи марти соли 2019 ба боварии шаҳрванд Толибов А.Р. даромада, аз охирин барои ҷудо намудани 0,03 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои боғи фарҳанги фароғатии ноҳияи Кушониён маблағи 25000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст.

Дар ин асос нисбати Ҳурматов Р.Ш. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди итмоми тафиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

        Маркази матбуоти Агентӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button